Главная / Теги: Ҳикоя (страница 22)

Теги: Ҳикоя

ДАРАХТБУРРӢ

mine_img23

Он айём дар мавзее, ки ўро сари пешониаш тамғаи «душмани халқ» зада ин ҷо бадарға карданд, тухми одам ба мисли мўе қадру қиммат надошт. Заррае аз бинӣ боло ҳарфе бар нўги забон орад ё бемаврид нигоҳ афканад, гирифтори азобу шиканҷа мешуд, аз як бурда нони сип-сиёҳу чор-панҷ қулти оби бадбўи …

Муфассал »

ПУЛИ ҚАНДАК

мактаби 37

Пули Қандак, ки дар домани кўҳи Беоб воқеъ аст, ду соҳили дарёчаи обаш шўрро ба ҳам мепайвандад. Алҳол дар болои ин дарёча пули боҳашамату замонавие сохтаанд, ки ҳар рўз аз болои он садҳо мошинҳои гуногунтамғаи сабукраву  боркаш рафту о мекунанд. Аммо чанд сол пеш ба ҷои ин кўпруки азими пояҳояш …

Муфассал »

Ҳикояти Сурхзанбўр

zamburi-asal

Сурхзанбўре бар магаси асал зўр овард, то вайро тўъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки: — Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ? Занбўр гуфт: — Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва агар он асал аст, ту …

Муфассал »

Ҳикояи Кабутар (Афсона)

kabutar

Кабўтарро гуфтанд: — Чун аст, ки ту ду бача беш барнаёрӣ, чун мурғи хонагӣ бар бештар аз он қудрат надорӣ? Гуфт: — Бачаи кабўтар ғизо аз ҳавсалаи модару падар мехўрад ва чўжаи23 мурғи хонагӣ аз мазбала24 бар ҳар роҳгузар. Аз як ҳавсала ғизои ду бача беш натавон дод ва аз …

Муфассал »

ЧОВАНДОЗ

Гулҳои Душанбе (сурати лола – тюлпан)

Шиноснома, – гуфт лейтенант ба марди паҳлавонҷуссаи гандумгун рў оварда. Мард дар рўбарўи ў рост меистод. Вай яқин матлаби лейтенантро нафаҳмид, ки ҳаракате накард. – Шиносномаатро деҳ мегўям, такрор кард лейтенант, бо кароҳат сар то пои мардро аз назар гузаронда. Мард дар сар кулоҳи моҳутии нимдошт дар тан нимтанаи чармини …

Муфассал »

ТАЛХИВУ ШИРИНИҲОИ МАНСАБ

shamol

– Корхонаи хишт, – аз болои коғаз сар бардошта, ба толори пур аз одам рўй овард вазир. Ва баъд дар як лаҳза аз қатори аввал то ҳаштумро аз назар гузаронд. Ин вақт аз қатори чорум марди қадпасти тоссар вазнин аз ҷой хест. Аввал хост аққалан як тугмаи пиҷаки сиёҳашро гузаронад, …

Муфассал »

Ҳикояи Рўбоҳбача бо Модараш

ruboh

Рўбоҳбачае бо модари худ гуфт: — Маро ҳилае биёмўз, ки чун бар кашокаши саг дармонам, худро бираҳонам. Гуфт: — Он ҳила фаровон аст, аммо беҳтарини ҳама он аст, ки дар хонаи худ бинишинӣ: на ў туро бинад ва на ту ўро бинӣ. Қ и т ъ а Чу бо ту …

Муфассал »

Қабри танҳо

Мактаби 65

Қабристони деҳаи Сангоб, ки қариб дар даҳ гектар замин тўл кашидааст, дар он атроф назир надорад. Атрофаш бо панҷараҳо дарубанд, қад-қади он дарахтҳои арчаву тут, санҷиду бодом шинонида шудааст.. Дар даромадгоҳи қабристон ба хотири ҷавонмардони сангобӣ, ки дар майдони Ҷанги бузурги ватанӣ ҳалок ва беному нишон гаштаанд, аз мармари сиёҳ …

Муфассал »

РАҲ БА СЎИ ОҒЎШИ МОДАР

шеъри модар

Дар фазои хонае, ки рўи девори сафед он нурҳои моҳи сарди осмони зимистон аксандоз меёфт, овози шинос лаҳзае танинандоз гашт: – Пи-са-рам…м… Ва нопадид шуд. Ҳамин лаҳза кифоягӣ кард, ки ў соҳиби садоро бишнаваду зиёда аз он бишносад. Вале дили шаб буду ақлу ҳушашро хоб рабуд ва дигар имкони андешидан, …

Муфассал »

Лавҳи сангин (повест) Зимистон гузашт

im10

  Охирин песабарфҳои талу теппа ва доманаи кўҳҳо об шуданд. Табиат аз хоби дарози зимистон бедор шуда, дар канори пайраҳаю лаби ҷўйҳо қоқую пудина ва сабзаҳои гуногун рўиданд. Офтоб нурҳои роҳатбахши худро бедареғ ба сари замин рехта, ба ҷисму ҷони наботот нашъа медавонд. Аз хандаҳои сабзи дарахтон ва хониши гуногуноҳанги …

Муфассал »