Главная / Гуногун / ПАС АЗ МУРОФИА

ПАС АЗ МУРОФИА

Дар қаҳвахонаи канори роҳ, ки мизу курсиҳояш ҷо-ҷо дар сояи дарахтони маҷнунбед гузошта шудаанд, одам зиёд буд. Дар саҳни қаҳвахона як фаввораи наонқадар баланд ва ҳавзаш кошинкоришуда сохта буданд, ки дар ин гармои тобистон андаке ҳаворо салқин нигоҳ медошт.

Марди қоматбалади хушлибос аз дарвозаи қаҳвахона (атрофи онро бо панҷара дарубанд карда буданд) ворид шуда, чанд сония ба умеди ёфтани мизи холӣ қаҳвахонаро аз назар гузаронд. Пешхизмат, зани фарбеҳи мўйҳои малааш ҷингила, ки то ин дам дар назди пештахтаи ҷавони оби ҷавфурўш рост меистод, зуд ба назди мард расида, ўро ба назди мизе ки дар сояи маҷнунбеди пир гузошта шуда буд, ҳидоят кард. Аз қафои мард зани ҳамсоли худаш ва писарбачаи тақрибан ҳафт-ҳаштсола низ омад. Дар атрофи мизи гирдаи пластикӣ чор курсии ҳамранги он, яъне сафед, гузошта шуда буд.

Пешхизмат аз кисаи пешдоманаш дафтарча ва қалам бароварда, ба мард рўй овард

– Чӣ мефармоед?

– Меню надорӣ?

– Ҳозир, – гуфт пешхизмат ва аз мизи ҳамсоя китоби рўйхати таомҳоро оварда, назди мард гузошту «шумо интихоб кунед, ман ҳозир меоям» гўён аз назди онҳо дур шуд.

– Чӣ мехўрем? – ба занаш рўй овард мард.

– Намедонам, – рўй турш кард зан, – барои Диловар яхмос фармо.

«Қошу қавоқи гирифтаат дар гўр, сўҳони умр, – аз дил гузаронд мард, – хайрият, ки аз ту ҷудо шудам, вагарна якумр бояд ин афту башараи баднамои туро тоқат мекардам»

Мард бо ибои даст пешхизматро даъват карда, гуфт:

– Ду яхмос, се порс сихкабоб, як шиша оби маъдан.

Пешхизмат фармудаи ўро ба дафтарчааш қайд карда, рафт.

Дар атрофи фаввора, ки ҳавзаш аз оби мисли шиша соф пур буд, чанд нафар кўдакон бозӣ доштанд. Писари марду зан низ ба онҳо пайваст.

Мард ва зан ҳарду банди хаёлҳои худ хап менишастанд. Ба назар чунин мерасид, ки гўё онҳо одамони тамоман аз якдигар бегона имрўз тасодуфан сари як миз нишастаанд ва намедонанд аз ин сукунати барои ҳарду ҳам тазъиқовар чӣ гуна раҳоӣ ёбанд. Дар асл онҳо ҳашт сол дар як болин сар монда, нўҳ моҳ пеш бо

ҳам занозану рўю мўйканӣ карданд ва зан қаҳр када ба хонаи падараш рафт. Мард тўли ин моҳҳо танҳо мезист ва имрўз онҳо бо қарори суд аз ҳам ҷудо шуданд. Баъд аз мурофаа маҳз бо хоҳиши мард ба ин қаҳвахонаи сари роҳ, ки чанд қадам дуртар аз бинои суд воқеъ гардидааст, даромаданд то бори охир ҳамроҳ  сари як миз нишаста, хўроки пешин хўранду ба қавли зан аз қафои худ ҳама кўпрукҳоро сўзонанд.

Пешхизмат фармудаи мардро овард.

– Диловар, – кўдакро, ки ҳамоно дар гирди фаввора саргарми бозӣ буд, садо кард зан – Биё, яхмос мехўрем.

Кўдак ба даъвати модар ҷавоб надод.

– Дастата ба об назан, рўсиёҳ! – аз ҷой хест зан ва назди фаввора рафта, аз дасти писарбача дошта, кашолакунон ўро сари миз овард ва дар бари худ шинонда, аз як сих кабобро ҷудо карда, ба тақсимча гирифт ва ба назди писарбача гузошт.

– Ман намехўрам, – тақсимчаро аз назди худ дур кард писарбача.

– Диловар, – теғ кашида нигоҳ кард модар ба ў, – инҷиқӣ накун, ки мезанам.

– Дилам намекашад, намехўрам.

– Мехўрӣ!

– Нахоҳад, маҷбур накун, – гуфт мард маслиҳатомезона.

– Ҳамин кўдака ту вайрон кардӣ, – гуфт зан, сихи дар дасташ бударо ба қаҳр даруни тақсимча гузошта. – Фарзандро тарбия карда, ки наметавонӣ, мон дигарон тарбия кунанд. Ба дилам зад ҳамин одати ба ҳар қошуқ нахўд шудани ту! Боз шон муаллими мактаби олӣ. Садқаи номи муаллимӣ шавӣ!

Ҳарчанд ин арбадаи беҷои занаш ба мард сахт расид, вай аз шарми одамон, ки аз мизҳои дигар дуздида-дуздида ба онҳо менигаристанд, идома додани ин мунозираро ба худ муносиб надонист. Аммо дар умқи дилаш туғёне бархоста, хунро ба майнаи сараш мезад.

«Ҳамааш айби худам, – худро маломат мекард ў, – аз рўзи аввал, ки ҳамин хел овоз баланд кард, аз тарси хешу табор наханданд, ҳамсояҳо нашунаванд, дам назадам. Гумон доштам, ки фарзанддор шавем ақлаш медарояд. Аммо не, оҳиста-оҳиста лаҷомамро ба даст гирифта, ба гарданам савор шуд. То ба худ омадам, ки аллакай дер шуда буд ва оқибаташ оилаам вайрон, бачаам зиндаятим … Эҳ худо, чаро ин балоро ба сари ман андохтӣ! Оё ҳамин занро ҳам ту бандаи ман гўён офаридӣ? Охир аз чунин банда на танҳо ту, балки номаш фарзанди инсон баракат намеёбад-ку! Магар шарт буд, ки дар рўи ин замини пургуноҳу пурғавғо боз як махлуқи дигареро дар сурати ин зани бадзабону дилсиёҳ афзудан»

– Дар ҷоят қарор истода метавонӣ, ё не?! Наҷунб! – ҳамоно бо қаҳру ғазаб ба тарбияи кўдак машғул буд зан.

– Ман бозӣ кардан мехоҳам, – якравӣ мекард писарбача.

– Намехўрӣ?

– Не.

– Хайр, хез, дафъ шав.

Занак, пас аз ба назди фаввора рафтани писарбача, як бурида кабобро ба даҳон андохта, ба мард гуфт:

– Хўр, охир, чаро даҳонат воз истодаӣ? Ҳушат ба куҷо рафт?

Мард бо кароҳат ба ў нигарист.

– Ин қадар сихкабобро фармудӣ… кӣ мехўрад онҳоро?

– Ягон кас пайдо мешудагист, – ҷавоб дод мард, ба зўр ғалаёни дилашро фурў нишонда.

Зан яқин аз авзои мард рамуз гирифт, ки хастаҳолона гуфт:

– Монда шудам.

Ҳарду лаҳзае хомўш монданд. Ҳар яке сари он меандешиданд, ки воқеан дар тўли ин ҳашт сол онҳо дар гирумони ҳаёти заношўӣ бо ҳам часпу талоши зиёд карда, инак дар ниҳояти кор аз якдигар дилгиру монда шудаанд.

Дере нагузашта Диловар ба назди падару модараш омад. Аз қафои ў писарбачаи жўлидаўе низ омада, паси мизи шафат нишаст. Вай дар тан либоси фақирона дошт, пояш луч буд.

Вақте ки нигоҳи мард ба он писарбача афтид, худ ба худ гуфт:

– Ҳамин сихкабобро ба ҳамон бача додан лозим.

Вай акнун даст ба табақ бурданӣ буд, ки овози зан баланд шуд:

– Мон дар ҷояш! Ҳаминаш кам буд…

– Охир, беҳуда исреф мешавад. Ё ту мехўрӣ?

– Исроф шавад,  шудан гирад… Чӣ, ту хўроки ҳар кўчагарду безориҳоро ба гардан гирифтаӣ?!

– Шояд гушна бошад.

– Очаашон мисли гурба дар як сол чор маротиба назояду будагиашро тарбия кунад. Куҷо наравӣ, як талбандаву гарданкаҷ тайёр. Безор шудем, э! О тарбия карда натавонад, чаро мезояд! Тавба! Як даҳон хўроката бемалол  аз гулўят гузаштан намемонанд. Хайр, дар бораи бозор ҳоҷати гап ҳам нест. Аммо дар ҳамин ҷо ҳам… Ин пешхизмати қанчиқ кадом гўр рафт.

Зан бо нигоҳ хеле пешхизматро ҷуст то омада ин бачаи хираро аз қаҳвахона берун кунад. Аммо пешхизмат наменамуд.

– Барои чӣ забони ту ин қадар заҳрогин? – гуфт мард ба зан.

– Кӣ? Ман? Ту ин қадар ғамхор бошӣ, фарзанди худатро соҳибӣ кун.

-То имрўз ман соҳибӣ накарда, ки шумоёнро хўронда мепўшонд?

– Падарам. Баъд аз ту ҷудо шудан зиндагиамон сад бор тинҷу осуда шуд. Падарам мемонад, ки азоб кашем? Падарҷонам зинда бошад.

– Набошад…

– Дар омади гап гуфтам, – сухани мардро бурид зан. – Аз ҳафт намуди худат ҳам безораму чизат ҳам. Ҳазорон бор шукр мегўям, ки аз ту ҷудо шудам. Ин корро бояд барвақт мекардам, ҳайфи ҳашт сол умри азизакам, ки бо ту дар зери як бом барабас рафт.

– Бас будагист, – гуфт мард бо овози базўр шунаво ва бо қираи чашм саҳни қаҳвахонаро аз назар гузаронида, илова кард, – одамон нигаҳ доранд.

– Ту якумр ҳамин хел будӣ, то ҳол тағйир наёфтаӣ, – гуфт зан бо ҳамон оҳанги пештарааш.

– Чӣ хел будам?

– Тарсончак. Аз сояи худат метарсидӣ. Одамон чӣ мегўянд, ҳамсояҳо нафаҳманд, хушу табор айб мекунанд, гўён ҳашт сол ҷонамро ба лаб овардӣ. Намондӣ, ки дар ҷавониям ҳавасҳои диламро бинам, табъи дилам зиндагӣ кунам. Сўхтӣ ҳаётама, илоҳо дар ду дунё ҳам рўз набинӣ! – ногаҳон инони гиряро сар дод зан ва зор-зор ба гиря даромад. Оби чашмонаш шашқатор рўи мисли пахта сафедашро мешуст. Ҷуссаи мавзунаш аз зарби гиря меларзид.

Мард аз якбора тағйир ёфтани авзои зан каме дасту по хўрда, гуфт:

– Ман аз мардум шарм медорам.

– Туф кардам ман ба мардум! – дод зад зан  гиряолуд. – Кори мардум ба ман чӣ?! Чи хеле ки форам, гап мезанам, чи хеле ки форам либос мепўшам… мегардам. Мардум даҳони бекор лаққидан мегирад.

– Оҳистатар.

– Э рав! – ба қаҳр аз ҷой хест зан. – Дигар ба ман занг назан! Бачаатро ҳам дигар намебинӣ. Ман намехоҳам, ки вай низ мисли ту ношуд ба воя расад. Фаҳмидӣ!

Зан сўмкачаашро, ки ба пушти курсӣ кашол карда буд, гирифту писарбачаро пеш-пеш андохта, аз қаҳвахона берун шуд.

Писарбачае, ки то ин дам паси мизи шафат менишаст, низ аз ҷой хеста, ба роҳ даромад.

– Эй бача, – садо кард ўро мард.

Писарбача истод.

– Ин ҷо биё.

Омад.

– Бишин, – гуфт мард, табақи сихкабобро тарафи ў тела дода. – Бихўр.

– Не, – гуфт писарбача. – Ман гушна нестам, амак. Ҳозир дар бозор шакароб хўрда омадам.

– Дар куҷо зиндагӣ мекунӣ? – пурсид мард.

– Дар ҳў ана ошёнаи дуюм, – ҷавоб дод писарбача, бо ишораи даст ба яке аз тирезаҳои бинои чорошёнаи шафат, ки ҳамагӣ панҷ қадам дуртар аз қаҳвахона воқеъ гардида буд, ишора карда.

– Падару модар дорӣ?

– Ҳа. Падарам дар турма.

– Чаро дар ин ҷо нишастаӣ?

– Калид надорам. Ҳозир аз бозор омадам, ки очаам дар хона нест. Намедонам куҷо рафтаст.

– Гир, хўр, – гуфт мард. – Чаро падаратро ҳабс карданд?

– Бо дору қапиданд, – сар ба зер афканд писарбача. – Даҳ сол шинонданд. Лекин вай айб надорад, ҷўраҳояш ўро фурўхтанд, айби худашонро ба гардани отаи ман бор карданд.

– Ҳеҷ гап не, мебарояд, хўр, – такрор кард мард.

– Шикамам сер, – гуфт писарбача.

– Дар синфи чандум мехонӣ? – пурсид мард.

– Сеюм.

– Нағз мехонӣ?

– Ҳа.

– Чанд баҳои се дорӣ?

– Надорам.

– Дурўғ.

– Худо занад, амак, ягон баҳои се надорам. Танҳо аз фанни тарбияи ҷисмонӣ чор гирифтаму халос.

– Дигар ҳамааш панҷ?

– Ҳа.

– Офарин!

Писарбача торафт ба мард маъқул мешуд. Гўё  онҳо солҳо боз бо ҳам шинос буданд.

– Гир, – гуфт мард ва як сих кабобро ба даст гирифту сихи дигарро бо тақсимчааш назди писарбача гузошт. – Агар нахўрӣ, хафа мешавам.

Онҳо бо иштиҳо сихкабоб хўрданд.

– Исто, ки имрўз дарс нест? – пурсид мард.

– Ҳозир таътил-ку, амак, – табассум кард писарбача.

– Ҳа, рост мегўӣ, ман фаромўш кардаам, – гуфт мард. – Дар бозор чӣ кор мекунӣ?

– Мошин мешўм.

Ҳарду лаҳзае хомўш монданд.

– Амак, бачае ки ҳозир ҳамроҳи очааш рафт, бачаи шумо буд?

– Ҳа, чӣ буд?

– Бачаатон киштичаи маро гирифта, надод.

-Чӣ хел киштичаро?

-Ҳамин рўз аз бозор харида будам. Ҳозир ҳамроҳи бачаатон дар назди фонтан бозӣ кардем… баъд киштиамро гирифту надод.

– Ман худам ба ту киштӣ харида медиҳам, – гуфт мард сигарета даргиронда. – Ғам нахўр. Пагоҳ ҳамин ҷо биё, ман ба ту киштии калон харида меорам. Агар дигар кабоб нахўрӣ, ба хонаатон рав. Модарат омада бошад, туро кофта нагардад. Дарсҳоятро тайёр кун.

Писарак итоаткорона аз ҷой хеста, чанд қадам монду ба қафо нигариста, гуфт:

– Амак, киштии ман майдаҳак буд, Киштии майдаяк харед.

– Хуб шудааст, – табассум кард мард. Ва баъд бо пешхизмат ҳисобӣ карда, аз қаҳвахона бадар рафт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …