Саге аз ҳар тўъма бебаҳра бар дари дарвозаи шаҳр истода буд. Дид, ки қурси ноне гардон-гардон аз шаҳр берун омад ва рўй ба саҳро ниҳод. Саг дар дунболи вай давон шуд ва овоз дод, ки:
— Ай қуввати тан ва Ай қути равон 22 ва орзуи дилу ороми ҷон, азимати куҷо кардаӣ ва рўй ба куҷо овардайӣ?
Гуфт:
— Дар ин биёбон бо ҷамъе аз сарҳангон аз гургону палангон ошнойӣ дорам, эҳтироми зиёрати эшон бастаам.
Саг гуфт:
— Маро матарсон, ки агар ба коми наҳанг ва даҳани шер равӣ ҳам, ман дар қафойи туам.
Қ и т ъ а
Онам, ки ба умри хеш ҳаргиз
Холӣ нашудам зи орзуят.
Гар гирди ҳама ҷаҳон бигардӣ,
Сокин нашавам зи ҷустуҷўят.
Қ и т ъ а и д и г а р
Онон, ки ҷуз ба нон набувад зинда ҷонашон,
Доранд рў ба хидмати дунон барои нон.
Гар филмасал зи дасти касон сад қафо хўранд,
Ҳамчун саги гурусна даванд аз қафойи нон.