Ришва

Агрономи ҷавон Толеъ Мадад барои овардани азот  ба маркази вилоят рафт. Вай дар даст коғаз дошт ва мебоист бар тибқи он барои заминҳои хоҷагиашон ду тонна азот меовард. Дилпур буд, ки то нисфирўзӣ кораш барор мегирад ва бегоҳ бояд ба деҳа баргардад. Аммо дар анбор ба вай фаҳмонданд, ки бе имзои раиси корхонаашон наметавонанд ҳоҷати ўро бароранд.

Толеъ Мадад ноилоҷ ба суроғи раис рафт. Дар ошёнаи дуюми бинои сеошёна дафтари кории ўро пайдо карда, пас аз интизории тўлонӣ ба наздаш даромад.

vzyatka_2
Ришва чист?

Раис марди қадпасти фарбеҳ дар даст гўшаки телефон бо касе сўҳбат дошт.

Вай баробари ворид шудани агрономи ҷавон бо ишораи даст ба ў ҷои нишаст – курсии холиро нишон дод. Толеъ Мадад анҷоми сўҳбатро мунтазир истод ва чун раис гўшаки телефонро ба ҷояш гузошт, аз ҷой хеста, бо ў вохўрдӣ кард.

– Хизмат? – пурсид раис.

Толеъ Мадад коғази дасташро ба ў дароз кард.

– Шумо аз куҷо? – пурсид раис, коғазро аз дасти вай гирифта.

– Дар ҳамон ҷо навиштагӣ, – ба коғаз ишора кард Толеъ. – Аз Сангоб.

– Колхози Сангоб… Ин ҳамон хоҷагии асалпарварӣ?

– Бале.

– Асал ҳаст?

– Ҳаст.

– Бист кило асали тоза лозим.

– Пулашро ба суратҳисоби колхоз гузаронед, бачаҳо оварда медиҳанд. Ман ба онҳо гап мезанам.

– Ба пули нақд намешавад? – табассум кард раис.

– Мешавад.

– Бепул чӣ?

– Чӣ хел бепул? Моли хоҷагира магар бепул дода мешавад?

– Қонундон менамоӣ, бача!

– Кўшиш мекунам, ки қонунро риоя кунам. Одат шудааст.

– Одати нағз… ба мартабаҳои баланд мерасӣ!

Раис боз ба коғази дар дасташбуда чашм давонда, кўтоҳакак гуфт:

– Нест азот.

– Ҳозир ман дар анбор будам, – илтиҷоомез ба гап даромад Толеъ Мадад. – Гуфтанд, ки бор ҳаст, танҳо имзои раис лозим.

– Дуруст, ҳаст, аммо онҳо соҳиб доранд. Шумо танҳо нестед… боз чандин хоҷагиҳо аз мо нурӣ мегиранд.

– Кай мешавад?

– Намедонам. Мумкин пагоҳ, ё фардо… Хулоса, мунтазир  шавед.

Толеъ Мадад аз идораи раис ба табъи хира берун шуд. Ва ронандаи мошини боркашро, ки ҳамроҳ оварда буду мехост сари қадам ба хонаи хоҳараш меҳмонӣ равад, то пагоҳ ҷавоб дода, ба меҳмонхона рафт.

Бегоҳӣ дар меҳмонхона бо ҳамсабақи собиқаш Раҳим, ки мисли ў дар колхози худашон агроном буд, вохўрд. Толеъ Мадад пагоҳӣ ўро дар назди анбор дида буд, аммо намедонист, ки вай низ дар ин меҳмонхона ҷой гирифтааст.

– Корат буд шуд? – пурсид Раҳим.

– Не.

– Чаро?

– Мегўянд, ки азот нест… интизор шавам.

– Чӣ хел нест? Ман баъд аз ту гирифтам-ку!

– Надонам, – китф бар ҳам кашид Толеъ.

– Нағзакак пурсида натавонистӣ.

– Дар дастам ҳуҷҷат доштам, боз чӣ хел пурсидан даркор буд?

– Э, ҳафтафаҳм! Магар ҳозир ба ҳуҷҷат кор буд мешавад. Камтар пора додан лозим буд. Худат медонӣ, ҳозир азот тухми анқо…

– О ман доруро барои замини шахсиам намебарам-ку! Вай замини давлат, маҳсулоташро ҳам ба давлат месупорем.

– Фарқ надорад.

– Чӣ хел фарқ надорад? Ман аз анбори падари раис азот наталбидаам…

– Ту намефаҳмӣ. Кадом раиси гаранг туро агроном таъин кардааст.

Толеъ Мадад чанд лахза ба дўсташ нигоҳи гунг дўхта, гуфт.

– Ман дар умрам ба касе пора надодаам. Умуман намедонам, ки чӣ хел пора медиҳанд.

– Ёд гирифтан даркор. Агар хоҳӣ, ки корат пешрав бошад, ин кор ниҳоят осон аст.

– Масалан?

– Ба ту чӣ хел мисол даркор?

– Пораро чӣ гуфта медиҳӣ? Чӣ хел ба роҳбарон, ки гоҳо ваҷоҳаташон ба тани кас рашъа медавонад, пул медиҳӣ. Охир ин ҷиноят аст. Рафту пораи додаатро баргардонда ба рўят зананд, чанд пула одам мешавӣ…

– Албатта, ин пора аст, гуфта намедиҳӣ. Мегўӣ, ки як чой хўред… ё ин савғо аз хоҷагии мо. Дар дунё чи бисёр – гап!

– Масалан, ту имрўз чӣ хел пора додӣ?

Раҳим табассуми фарохе кард ва баъд даст ба китфи Толеъ Мадад гузошта, гуфт.

– Аввал ба ман ҳам нест гуфт. Аммо ҳангоми даст дода хайрухуш кардан, ба дасташ қапондам. Дарҳол имзо кард.

– Шўхӣ накун.

– Дурўғ бошад, худо занад. Магар ту намедонистӣ, ки ин раис дар порахўрӣ устухон надорад. Инро ҳама медонанд.

– Аҷиб! Лекин ман пора додан наметавонам.

– Ёд гир!

 Бо ҳамин дар ин мавзўъ сўҳбати онҳо қатъ гашт. Ва ҳарду барои дар ягон тарабхона хўроки шом хўрдан аз меҳмонхона берун рафтанд.

Шаб Толеъ Мадад дар ҳуҷраи хурдакаки меҳмонхона нишаста, чандин воситахои пора доданро дар кўраи акли худ гудохта, дар тарозуи адлу инсоф баркашида, қарор дод, ки пагоҳ боз ба назди раис медарояд. Вай дар кисааш пул дошт ва онро барои ба бачаҳои мактабраваш сарулибос харидан оварда буд. “Бачахо тоқат мекунанд. – ба хулоса омад ў. – Нархаш каме гарон бошад ҳам, дар маркази ноҳия ёфт мешавад. Ҳозир муҳимаш кор буд шавад. Бе ин ҳам кишту кор ақиб мондааст. Ана-мана нагуфта тобистон ҳам медарояд.”

Пагоҳӣ Толеъ Мадад барвақт ба анбор омад. Ронанда аллакай ўро дар он ҷо мунтазир буд.

– Ту ҳамин ҷо бош, – гуфт Толеъ ба ронанда. – Ман ҳозир… боз як кўшиш карда мебинам.

Вай мисли дирўза акнун дар поғундаҳо боустувор қадам намегузошт, як кунчи дилаш торик буд. Гўё дуздӣ мерафта бошад, ҳаросон ба атроф чашм андохта, аз зинаҳо боло мешуд. Шояд ҳоло барвақт буд, ки дар қабулгоҳ ба ғайр аз котиба касе набуд.

Раис агрономи ҷ авонро сард пешвоз гирифт.

– Боз чӣ гап? – гуфт вай норозиёна. – Ман дина ба ту гуфтам-ку – нест!

Толеъ Мадад гапро аз чӣ оғоз карданашро надониста, мисли талабаи бадхон дар назди устоди сахтгир чанд лахза лол монд. Ва баъд оҳиста ба курсӣ нишаст.

– Медонед-чӣ, раис, – бо овози ларзон оғозид вай. – Ҳозир мавсими кишту кор… баъд дер мешавад.

– Хайр, айби ман чӣ?! Ман завод надорам, ки азот истеҳсол кунам.

– Ягон илоҷ кунед, – даст ба ҷайбаш бурд Толеъ Мадад.

– Ту аҷаб бачаи шилқин будаӣ! Ман ба забони тоҷикӣ фаҳмонам, боз мегўӣ, ки ягон илоҷ  кунед. Ё маро масхара мекунӣ?!

– Не, – гуфт Толеъ ва ҳама ҷасораташро ғун карда, аз кисааш як бандча пулро, ки пеш аз ин ҷо омадан дар меҳмонхона тайёр карда буд, рўи миз гузошт.

– Ин чӣ? – пурсид раис.

– Пул… чой мехўред.

– Гир пулатро! Маро ба ҷиноят тела медиҳӣ? Дина одатам қонунро вайрон намекунам гуфта, кӣ мушт сари синааш зада буд?!

– Не.. ин аз хоҷагии мо тўҳфа, – каме овазаш ларзида, гуфт Толеъ Мадад.

– Аҷаб хоҷагии сахие! Шумо ба ҳама идорахо чунин тўҳфа меоред.

– Муҳим кор буд шавад.

– Ин кор ба пул буд намешавад. Ба кисаат андоз пулатро. Дигар ин номақулиро накун. Ҳоло ҷавон ҳастӣ… одат мекунӣ.

“Шояд кам дода бошам?” – аз дил гузаронд Толеъ Мадад.

– Худатон медонед, ҳозир мавсими киштукор. Ҳар лаҳза ғанимат аст… нурӣ мисли обу ҳаво ба мо зарур. Агар кам бошад, боз меорам.

Раис чанд лаҳза хомўш нишаст. Ва ин хомўшӣ ба дили агрономи ҷавон андаке бошад ҳам, нури умед барафрўхт.

– Ҳой, бача, ман ба ту чӣ гуфтам? – овозашро баланд кард раис. – Ман аз ун одамони ту мегуфтагӣ не! Шумо ба пора додан одат карда бошед, мо гирифта одат накардаем.

Ин ҳама гуфтугузори дилбазан, ки воқиан агрономи ҷавонро азият медод, номаълум косаи сабрашро лабрез кард.

– Ман медонам, ки шумо пора мегиред, – гуфт вай оромона. Акнун барои ў фарқ надошт, ки раис пулро мегирад, ё не. Аз азот ҳам умедашро канда буд.

– Чӣ?! – аз ҷой нимхез шуд раис. – Як бори дигар такрор кун

– Шумо порахўред, – бо ҳамон оҳанги пештара гуфт Толеъ Мадад. – Одат кардаед.

– Ҳозир ман ба ту нишон медиҳам пораро! – даст ба гўшаки телефон бурд раис ва чанд рақамро чида, дод зад. – Алло! Алло! Милитсия!

Толеъ Мадад оромона аз ҷой хеста, пулҳояшро ба киса андохт ва аз утоқ берун шуд. Зинаҳоро тозон поин щуда, ба назди мошин расид.

– Рафтем! – гуфт вай дари кабинаро сахт пўшида.

Вақте ки мошин аз  кўчаҳои сермошину пурмағали шаҳр берун шуда, ба роҳи начандон калон ворид шуд, дар лабонаш андаке табассум дамида Толеъ Мадад ба ронанда рўй овард:

– Қудрат, ту пора дода метавонӣ?

– Чӣ хел пора? – нафаҳмид ронанда.

– А-а! – даст афшонд Толеъ Мадад. – Шўхӣ кардам.

Мошин роҳи пасту баландро гузашта, ҷониби деҳа медавид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …