Главная / Гуногун / ШИКАСТАБАНД

ШИКАСТАБАНД

– Биё, писарам, ҳамроҳ ба фотеҳахонӣ равем.

Ҳар гаҳ, ки писари калонӣ ба зодгоҳаш меомад, ин анъана ҷорӣ буд. Пиёда раҳ мерафтанд. Падар гуфт:

– Адҳам, дар хотират ҳаст, вақти бачагиат дастат аз оринҷ баромада буд?

– Ҳа, аз велосипед афтода ва се-чор рўз воқеаро аз шумо пинҳон дошта будам. Пас аз он ки оринҷам варамид ва сахт ба дард омад, маҷбуран аҳволро фош сохтам

gps

– Баъд чӣ?

– Назди духтури шинос рафта дастамро аз муоинаи ў гузаронидем. Аввал гаҷбандиро раво шуморид. Вале каме андешиду маслиҳат дод, ки беҳтараш аз марди табиб даво ҷўем…

– Сонӣ?

Адҳам ҷавоб гуфт:

– Сонӣ ба манзили табиб расидем, мўйсафеди ришаш мошубиринҷ, чашмонаш калон-калон ва тануманд моро истиқбол гирифт. Арзамонро гуфтем. Хоҳиш намуд, ки як лаҳза интизор шавем. Худаш аз таги дарвоза дарун рафт ва як тухму рўмоли чорхона берун овард. Сипас, ҳеҷ аз хотирам намебарояд, бо ангуштони дағалу боқувваташ оринҷи дасти баромадаамро камтар молид. Ва аз ман пурсид:

– Чӣ гуноҳе кардӣ?

Ман бо чашмони ҳайратомез сўи ў менигаристам. Вай ҳамон лаҳза ба рўям қарсаки обдоре фаровард. Ҳушам ба тарафе рафту ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки гап чиву кор чист. Табиб бошад, аллакай дасти баромадаамро ба ҷояш гузошта ва сафедию зардии тухми хомро молида латта мебаст. Тахмин ҳафтае пас дастам ту дидиву ман надидам – мисли пешин буд. Қариб бист сол мешавад, вале як бор ҳам иллати дасти баромадаамро эҳсос накардаам.

– Хотираат хуб будааст, – гуфт андешамандона падар.

– Воқеан…

– Воқеаи ману ту ҳоло ба хонаи ҳамон табиб равонем. Дирўз ўро ба хок супоридем…

– Аҷаб табиби дасташ сабук буд. Рўҳаш шод бод!..

– Вақтҳои охир бо сабаби бемории вазнин табибӣ намекард. Ва боз пеш аз вафоташ ба писараш, ки ҳама ҳунару таҷрибаи қиблагоҳашро аз худ намудааст, васият кардааст, ки дигар табибӣ накунад, дарди мардумро даво набахшад.

– Чаро? – пурсид Адҳам.

– Нимсол пештар тўли як моҳ бо амри кадом мансабдори курсинишин ўрову ҳунарашро чун боқимондаҳои замони кўҳна дониста, якбора дар рўзномаҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ тўҳмат заданд. Ва ҳунари авлодии табибиашро зарарнок маънидод кардаанд. Касе аз зиндагон пуштибонаш нашуда ва дили мўйсафед аз ин сахт ранҷида будааст.

– Акнун мардуми корафтода куҷо, назди кӣ мераванд, чӣ кор мекунанд?

– Гаҷ мебанданд…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …