Хабарҳои охирин

АФКАНИШОТИ ИОНЗО

ionizing-radiation-400x200

АФКАНИШОТИ ИОНЗО (Radiatio ionisans) афканишоте, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи он бо муҳит зарядҳои электрии гуногун ҳосил мешаванд. Ҳангоми таъсири мутақобилаи А. и. бо ягон модда атомҳои электрии нейтрал ба атомҳои заряднок (ионҳо) табдил меёбанд, зеро А. и. ба коҳиш ё бо электронҳо пайваст шудани атомҳо ёрӣ мерасонад. Дар аснои …

Муфассал »

АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ

480px-farnearfields-usp-4998112-1

АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ, афканишоти электромагнитии дарозии мавҷашон аз 10 то 400 нм. А. у. таъсири сахти химиявӣ ва биологӣ доранд. Манбаи А. у. табиӣ ва сунъӣ мешавад. Манбаи табии нисбатан пуриқтидори А. у. Офтоб аст. А. у.-и Офтоб ба Замин дар шакли нурҳои рост ва пароканда омада мерасад. А. у.-и дарозии …

Муфассал »

АФЛЕСУН

apelsin7

АФЛЕСУН (Citrus sinensis), пуртахол, дарахтест ҳамешасабзи субтропикӣ. То 4 – 12 м қад мекашад; сершоху барг, навдаҳояш рост, танаву шохааш хорҳои борик доранд. Баргаш миёнаҳаҷм ё калони ҷилодор, чармгун, гирдаи нӯгтез, баъзан андак дандонадор, сабзи тира; навда ва баргҳои наврустааш сабзи кушод. Гулаш дуҷинса, сафед ва хушбӯй. Мевааш лӯнда, нокмонанд …

Муфассал »

АФОНИЯ

aphonia-aspx

АФОНИЯ (Aphonia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва phone – овоз, садо), набудани овози ҷарангосии баланд. Ҳангоми А. овоз паст ва нимғурма мешавад. А. аломати бемориҳои гуногуни ханҷара, силсилаи асаб ва ғ. аст. А. фалаҷӣ, ташаннуҷӣ ва вазоифӣ (функсиявӣ) мешавад. Сабаби А.-и фалаҷӣ ихтилоли кори асаби поёни ханҷара ва амрози …

Муфассал »

АФСОНАК

222335_b00cf333

АФСОНАК (Thermopsis alpina), мастак, мия, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Аз 10 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сермӯяк, барги мураккаби думчадор (баргҳояш дарозрӯя ё байзашакли мӯякдор), гули калони зард, тӯдагули дарозрӯя дорад. Моҳи июн гул карда, тухмаш июл – авг. мепазад. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби баргу пояи А.-ро барои …

Муфассал »