Хабарҳои охирин

Каду дар Канзи Шифо (Китоб)

kadu-660x330

Каду самари растании биёрадор аст, ки хеле рангоранг ва гуногун мебошад. Беҳтарини он ширини берешаи он аст, ки бихӯранд. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум хунук ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ба мизоҷ сардӣ меоварад, бар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим …

Муфассал »

РЕВОҶ дар Канзи Шифо (Китоб)

revoj_chukri-660x330

Ревоҷ (Ревень ба русс.) тоҷикон чукрӣ ҳам меноманд, гиёҳи кӯҳии машҳур аст. Гулаш сурх ва чун гӯшвораи духтаракон зебанда мебошад. Таъмаш турш, мардум онро бо завқ мехӯранд. Мизоҷи банди барг ва пояаш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Ревоҷро: инро бихӯранд, моддаҳои ғафсгаштаи баданро тит ва пароканда мегардонад, …

Муфассал »

БОЛДИРҒОН дар Канзи Шифо (Китоб)

boldirgon-660x330

Болдирғон  (Борщевик ба русс.) — ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш низ меноманд. Гиёҳаш баланд — баробари қадди одам ва баландтар низ, пояаш миёнхолӣ. Ин ду навъ аст: яке хушбӯй, дигаре бадбӯй. Қисмеро баргаш монанди барги карам ва аз он кӯчактар, гулаш чатрӣ, монанди гули шибит, вале назар ба …

Муфассал »

МЕҲРГИЁҲ дар Канзи Шифо (Китоб)

mehrgiyoh

Меҳргиёҳ —  ин гиёҳи машҳур ва мӯътабар аст, ки ба забони руссӣ онро «Женщень» меноманд. Навъҳои гуногун дорад. Як навъи растании саҳроияш монанди мармиҷон аст, баландиаш то як газ мехезад, баргаш монанди барги анҷир, вале майдатар аз он, самараш дар вақти расидан сурх мегардад, ки ба андозаи самари тут аст. …

Муфассал »

ЗАҒИР дар Канзи Шифо (Китоб)

zagir-660x330

ЗАҒИР (Загер) — Ин растании зироатӣ ва маълум аст, қадаш то 50-70 сантиметр мехезад ва камтар аз он низ мешавад. Гулаш бунафш, тухмаш дар қуббае пур ва зич ҷой гирифтааст, қариб ба тухми кунҷид монанд аст. Аз пояи он нахҳо ҳосил карда, матоъ мебофанд. Либосаш дар гармои тобистон бисёр салқин медорад. …

Муфассал »