Главная / Илм / АТЕЛЕКТАЗИ ШУШ

АТЕЛЕКТАЗИ ШУШ

atelectazАТЕЛЕКТАЗИ ШУШ (аз юн. ateles – нопурра, чалла ва ektasis – ёзондан), бемории шуш, ки бинобар нарасидани ҳаво алвеолаҳо пуч мегарданд. Сабаби А. ш. руст шудани бронх ё фишор ёфтани шуш аст. Вобаста ба сабаб ва тарзи инкишоф А. ш. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. А. ш.-и модарзодӣ хоси навзодҳо буда, дар натиҷаи аспиратсияи оби ҳамроҳак ё хун ба вуҷуд меояд. Сабаби А. ш.-и ғайримодарзодӣ, одатан, дар натиҷаи бо ҷисмҳои бегона, балғами часпак, хун, маводи қай, омос ва ғ. руст шудани бронхҳо мебошад.
Дар мавзеи иллатӣ илтиҳоб – пневмонияи ателектазӣ ба вуҷуд омада, фаъолияти ҳавогирии он суст мешавад. Агар ателектаз шадид ва дар муддати кӯтоҳ рух намояд, бронхҳо бо луоби ғафсу тоза пур мешаванд. Дар чунин мавридҳо баъди рафъ сохтани сабабҳои иллат бофтаҳои шуш метавонанд аз дигар ба фаъолият пардозанд.
Муолиҷаи А. ш. дар беморхона сурат мегирад. Бо мақсади барқарор сохтани қобилияти гузаронандагии бронхҳо аз бронхоскопия истифода мекунанд. Дар мавриди сабук будани раванди иллат балғам ва хунро ба воситаи катетер метавон берун овард (онро ба бронх аз роҳи бинӣ ё даҳон ворид месозанд).
Пешгирии А. ш. хусусан баъди аз сар гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ зарур аст. Бемор бояд чуқур нафас кашад; ба ӯ фаҳмондан лозим аст, ки барои озод будани роҳи нафас сурфида истад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …