Главная / Илм / АТАКСИЯ

АТАКСИЯ

koordinaciyaАТАКСИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. taxis – сомон, тартиб), халал ёфтани созгорию низоми ҳаракат; ба ҳамдигар мувофиқат накардани фаъолияти мушакҳо. Барои дуруст ҳаракат кардан ва мувозинати ҷисм фаъолияти муштараки мушакҳо зарур аст. Ҷунба (импулс)-ҳое, ки аз мушакҳо, рагу пай ва банду буғум меоянд, тавассути ҳароммағз ба майна интиқол меёбанд. Баҳри ҳаракати борабт хусусан ҷунбаҳое, ки аз каналҳои гӯши дарунӣ меоянд, хеле муҳиманд. Ҳангоми ихтилоли яке аз қисматҳои он А. сар мезанад. А. статикӣ (носозии мувозинат дар вазъи рост истодан) ва динамикӣ (ноҷурии ҳаракатҳо) мешавад. Ҳангоми А. ҳаракати бадан носареҳ ва беробита мегардад. А. чор навъ мешавад: сенситивӣ (таҳсисӣ), пешонавӣ, майначавӣ ва лабиринтӣ. А.-и сенситивӣ ҳангоми ноҷурии силсилаи асабҳои канорӣ ба амал меояд. Аломати он нодуруст роҳ рафтан аст. Бемор пойҳояшро васеъ гузошта, калон-калон қадам мегузорад, бо зӯрӣ пой мениҳад. А.-и пешонавӣ дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти роҳҳои пешонаю майнача мушоҳида мешавад. Дар мавриди А.-и майначавӣ андозаи ҳаракати зарурӣ вайрон шуда, аз эътидол мебарояд (гиперметрия), иҷрои ҳаракатҳои тези пайдарпай (мас., тез-тез чаппаву роста кардани кафи даст) номумкин мегардад. Бемор пойҳояшро васеъ гузошта, калавида-калавида роҳ меравад, аъзои бадан кашиш хӯрда меларзад, чашмҳо беихтиёр парида меистанд, нутқ вайрон шуда, суст ва канда-канда ҳарф мезанад. Дар мавриди А.-и лабиринтӣ сарчархӣ, номураттабии мувозинати бадан ва ғ. ба назар мерасад.
Бо мақсади табобати А. бемории асосиеро, ки сабабгори он шудааст, дармон кардан лозим. Дар ин маврид аҳамияти варзиши шифоӣ низ кам нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …