Главная / Илм / АТЕРОСКЛЕРОЗ

АТЕРОСКЛЕРОЗ

aterosklerozАТЕРОСКЛЕРОЗ (Atherosclerosis; аз юн. athere – шӯла ва skleros – сахт), бемории музмини артерияҳо, ки боиси тадриҷан танг шудани сӯрох ва ихтилоли фаъолияти онҳо мегардад. Зимни пайдоиши А. ҷараёни хун дар шараён, ки узвҳоро бо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ таъмин мегардонад, ноқис ва фаъолияти он маҳдуд хоҳад шуд. Дар натиҷа узв аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои худ дуруст баромада наметавонад.
А. дар ҷавонӣ чун атероматоз ба вуҷуд омада, сол аз сол бештар мешавад. А. нисбат ба мардон дар занон 3 – 4 маротиба камтар ва ба ҳисоби миёна 10 сол баъдтар, одатан, баъди оғози давраи климакс вомехӯрад. Дар натиҷаи А. рагҳои ҳаётан муҳими дил ва майна осеб меёбанд. А. метавонад боиси корношоямӣ ва фавти беморон гардад.
Дар он қисми девораи артерия, ки аз А. осеб дидааст, ғайр аз ҳуҷайра ва торҳои бофтаи фиброзӣ ҳамеша холестерин низ гирд меояд. Аз ин рӯ духтурон онро сабаби ягонаи инкишофи А. мепиндоштанд. Вале дар раванди омӯзиши амиқи хусусиятҳои А. маълум шуд, ки ақидаи мазкур чандон асос надорад. Холестерин ба миқдори зиёд дар майна ва ғадудҳои болои гурда ҳосил ва ҷамъ мешавад; вай дар таркиби пардаи бисёр ҳуҷайраҳои организми зинда мавҷуд аст; бофтаҳои чарбӣ низ холестерини зиёд доранд. Дар организми одам холестерин дучори тағйироти гуногун мегардад. Дар натиҷа вобаста ба хусусиятҳои ҷараёни мубодила пайвастҳои холестериние ҳосил мешаванд, ки бидуни мамониат ба девораи раг мегузаранд (асосан моддаҳои табиаташон сафедавӣ). Дар ин ҳолат ғилзати холестерин дар зардоби хун меафзояд; аз ин лиҳоз ғилзати зиёди холестерин (гиперхолестеринемия) дар хуни маризони гирифтори А. омили номатлуб буда, ба инкишофи беморӣ мусоидат мекунад.
Дар пайдоиш ва инкишофи А. тағйироти ҳуҷайраҳои бофтаи девораи артерияҳо мавқеи муҳим ва ҳатто ҳалкунанда доранд. Ҷараёни А. ду тамоюлро дарбар мегирад: якум – афзудани осеби девораи раг ва дар он таҳшин шудани холестерин; дуюм – аз девораи артерия дур гаштани таҳшини холестерин ва дуруст шудани қисмҳои осебдидаи девора. Ба таври дигар гӯем, А. нафақат хусусияти инкишоф ёфтан, балки қобилияти бозгаштан низ дорад.
Азбаски А. суст (дар муддати даҳсолаҳо) инкишоф меёбад, он бояд аз синни ҷавонӣ то охири умр пешгирӣ карда шавад. Тадбирҳои ҷилавгирии А. иҷрои маслиҳат ва тавсияҳои духтурро оид ба тарзи ҳаёти солим дар назар доранд.
Дил ва силсилаи рагҳо амалан дар ҳама гуна таассури одам нисбат ба ангезандаҳои муҳит ширкат меварзанд. Бинобар ин табиист, ки изтироби системаи асаб боиси кори пуршиддати дил ва силсилаи рагҳо мегардад. Асабонӣ шудан ё азоби рӯҳӣ кашидан аз омилҳоест, ки ба силсилаи рагҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ хотима бахшидан ба рафторҳои номатлуб аз ҷумлаи муҳимтарин роҳҳои пешгирии А. маҳсуб меёбад.
Барои пешгирии А. қабл аз ҳама фаъолияти хуби танзими асабу гормонӣ зарур аст. Костагии фаъолияти мушакҳо (гиподинамия), истеъмоли зиёди хӯроки серчарб (боиси фарбеҳӣ мегардад), камии витаминҳо дар хӯрок ва тамокукашӣ ба пайдоиши А. мусоидат мекунанд. Азбаски ҷигар ҷараёни мураттаби табаддулоти биохимиявиро таъмин менамояд, барои кори мӯътадили он хӯрок бояд сервитамин бошад. Ғайр аз ин, дар баъзе мавридҳо парҳез лозим аст. Барои бартараф намудани таҳшинҳои атеросклерозӣ истеъмоли равғани растанӣ (офтобпараст, пахта, зайтун ва ғ.) нафъи зиёд дорад.
Инкишофи А. ба баланд шудани фишори хун низ вобаста аст. Бояд огоҳ кард, ки худмуолиҷа (бо мақсади паст кардани фишори хун) оқибати нохуш ба бор меорад, чунки якбора паст шудани фишори хуни одамони гирифтори А. кори мағзи сар, дил ва диг. узвҳоро халалдор месозад. Диабети қанд аз қабили он бемориҳоест, ки ба инкишофи А. такон медиҳад. Чунин беморон бояд ҳатман таҳти назорати доимии духтур бошанд.
А. бемории ирсӣ нест ва аз падару модар ба фарзанд намегузарад. Вале майл доштан ба он дар ҳақиқат ҳодисаи меросӣ аст. Бинобар ин шахсоне, ки падару модарашон дучори А. шудаанд, бояд ин бемориро ҳатман пешгирӣ кунанд.
А.-и умумӣ (ҳамаи рагҳо) нисбатан кам дучор меояд. Ҳангоми он, одатан, рагҳои мағзи сар, дил, гурда ва пой бештар осеб меёбанд. Дар мавриди бағоят афзудани тағйироти атеросклерозӣ ихтилоли шадиди гардиши хуни рагҳои майна рух намуда, эҳтимол дорад бо сактаи мағзи сар анҷом пазирад. Дар натиҷаи А.-и рагҳои иклилӣ ва камхунии мушакҳои дил ноқисии иклилӣ ном беморӣ ба вуҷуд меояд. Дар заминаи он зиқи дил ва сактаи дил барин ноҷуриҳо инкишоф меёбанд. Ҳангоми ба склероз гирифтор шудани артерияҳои пой мушакҳои соқи пой дард карда, пой бемадор ва роҳ рафтан мушкил мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …