Главная / Илм / АТЕТОЗ

АТЕТОЗ

atetoz-1АТЕТОЗ (аз юн. athetos – ноустувор), худ аз худ кашиш хӯрдани рагҳои ангуштон, дасту по, баъзан рӯ ва диг. қисмҳои бадан. Дараҷаи ташаннуҷ гуногун буда, он гоҳ дар як гурӯҳ ва гоҳ дар гурӯҳи дигари мушакҳо ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин ҳаракат «кирмшакл» аст ва он гӯё дар сатҳи мушакҳо «шино» мекунад. А. дар натиҷаи захм, сироят ва диг. иллатҳои уқдаҳои зери қишри майна ба вуҷуд меояд. Бисёр вақт он ҳангоми энсефалопатия ва энсефалитҳои кӯдакон низ сар мезанад. А. баъзан фақат дар як тарафи бадан мушоҳида мешавад (гемиатетоз). Дар мавриди оромии ҷисмонию равонӣ А. кам ва ҳангоми хоб нест мешавад. Ҳаяҷони зиёд, эҳсосот, ҳаракатҳои тез А.-ро тақвият медиҳанд. Бо мақсади табобати А. аз доруҳои зидди ташаннуҷ, баъзан аз амалиёти ҷарроҳӣ истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …