Главная / Илм / АНДРОГЕН

АНДРОГЕН

androgenАНДРОГЕН, гормони ҷинсии мардҳо, ки дар нутфадон ҳосил мешавад; А. хосияти тестостеронро дорост. А.-ро дар шакли кристаллӣ аз нутфадони буққа, нарён, харгӯш, инчунин одам ба даст овардаанд. Он дар ғадуди болои гурда низ ҳосил мешавад.
А. ба инкишофи аломатҳои ҷинсии дуюмини мардҳо таъсири интихобӣ мерасонад (мас., ба овоз, устухонбандӣ, мушакҳо, риш, мӯи зиҳор ва ғ.). Дар организм ҳосил шудану ба хун гузоштани А.-ро гипофиз идора мекунад. Ҳамаи А.-ҳо вобаста ба сохтори химиявӣ стероидҳо мебошанд. А.-ро дар тиб ҳангоми ихтилоли фаъолияти ҷинсӣ ва дар давраи климакс истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …