Хабарҳои охирин

АБӮМАНСУРИ МУВАФФАҚ

images

АБӮМАНСУРИ МУВАФФАҚ ибни Алии Ҳиравӣ, табиб ва дорушиноси а. 11 точик. Ном ва таълифоти А. М.-ро ҳеч як аз соҳибони осори асримиёнагӣ зикр накардаанд. Ягона маъхазе, ки аз он метавон лаҳзаҳои ҳаёти А. М.-ро арзёбӣ кард, асари ӯ «Ал-Абния ан ҳақоиқи-л-адвия» аст, ки аз хусуси адвияи муфрада ва хавосси онҳо …

Муфассал »

АБӮСАҲЛИ МАСЕҲИ

images

АБӮСАҲЛИ МАСЕҲИ, Абӯсаҳл Исо ибни Яҳёи Масеҳии Ҷурҷонӣ (с. тав. номаълум – ваф. дар ҳудуди 1011), табиб, аз муосирони Абӯалӣ ибни Сино. То с. 403 ҳ. дар дарбори оли Маъмун дар Хоразм зиндагӣ ва фаъолият дошт. А. М. устод ва дӯсти наздики Абӯалии Сино буд. Онҳо дар Хоразм ҳамроҳ кор …

Муфассал »

АБХАРВ

abkharv

АБХАРВ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 10 км дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2800 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз се мавзеъ фаввора мезанад, ки ҳарорат ва дебити онҳо гуногун мебошад. Чашмаи якум тақр. 1 км дуртар аз резишгоҳи сои Дараи Намак воқеъ …

Муфассал »

АВЕСТО

avesta

АВЕСТО, Авасто, Абасто, қадимтарин асари адабиёти мардуми ориёӣ (эронинажод), китоби муқаддаси зардуштия – оини халқҳои эронинажод. Матни ибтидоии А., ки дар байни аҳли мазҳаб шифоҳӣ нақл меёфт (забони А. дар а. 4 то м. матрук буд), баъдтар китобат шуда (алифбои «авестоӣ» аз а. 3 болотар нест), дар аҳди Сосониён (а-ҳои …

Муфассал »

АВИАТСИЯИ САНИТАРИ

sanitar-aviatsiya

АВИАТСИЯИ САНИТАРИ, навъе аз хадамоти тиббист, ки ба аҳолӣ, хусусан ба сокинони мавзеъҳои дурдаст мадади фаврӣ (ҷарроҳии фаврӣ, кӯмаки акушерӣ ва ғ.) мерасонад. Ҷустуҷӯи осебдидагон, интиқоли таҷҳизоти тиббӣ ва духтурон ба объектҳои муайян низ аз вазифаҳои А. с. мебошад. А. с. дар Тоҷикистон аз янв. с. 1937 фаъолият дорад. Сараввал …

Муфассал »