АБӮСАҲЛИ МАСЕҲИ, Абӯсаҳл Исо ибни Яҳёи Масеҳии Ҷурҷонӣ (с. тав. номаълум – ваф. дар ҳудуди 1011), табиб, аз муосирони Абӯалӣ ибни Сино. То с. 403 ҳ. дар дарбори оли Маъмун дар Хоразм зиндагӣ ва фаъолият дошт. А. М. устод ва дӯсти наздики Абӯалии Сино буд. Онҳо дар Хоразм ҳамроҳ кор кардаанд. Ҳарду узви маҷлиси уламои Абулаббоси Маъмун буданд. Баъди истилои Хоразм аз ҷониби Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ба аъзои «Академияи Маъмун» амр шуд, ки ба пойтахт – ш. Ғазна гузаранд. Аммо А. М. ва Абӯалии Сино ин пешниҳодро рад карда, с. 1012 пинҳонӣ Хоразмро тарк намуданд. Онҳо аз тариқи биёбони Қароқум роҳи Эронро пеш гирифтанд. Душвории роҳ ба саломатии А. М. таъсири бад расонд ва ӯ дар он биёбон вафот кард. Мазҳабуддин Абдурраҳим ибни Алӣ гуфта, ки «. дар миёни мутақаддимон ва муттаахирин атиббои насоро надидаам аҳадеро, ки дар фасоҳати калому ҷавдати баён монанди Абӯсаҳл бошад». Бино ба гуфтаи Низомии Арӯзии Самарқандӣ, соли вафоти А. М. бо соли Хоразмро забт кардани Султон Маҳмуди Ғазнавӣ марбут будааст. Ва агар чунин аст, пас санаи фавти ӯ оғози асри панҷуми ҳиҷрӣ, яъне тақр. с. 1011 мебошад. Китоби машҳури А. М. «Ал-Миа фӣ – с-синоати-т-тиббия» аст. Китоб бо услуби қомус навишта шуда, аз се қисмат иборат мебошад. Қисмати якум ба беҳдошти ғизо ва тасвири хосияти давоҳо, қисмати дуюм ба масоили умумии тиб ва қисмати сеюм ба масъалаҳои табобат бахшида шудааст. Чанд рисолаи дигаре низ аз ӯ дар даст ҳаст. А. М. дар ҳандаса, нуҷум ва ҳикмат низ таълифот доштааст.
Ад.: Муҳаммад Мӯъин, Фарҳанги форсӣ, ҷ. 5, Теҳрон, 1379 ҳ. ш.
С. Шаҳобуддинов.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …