Хабарҳои охирин

БЕМОРИИ НАВАСОНӣ

vibrobol

БЕМОРИИ НАВАСОНӣ (Morbus vibratorius), ангионеврози навасонӣ, бемории касбӣ, ки дар натиҷаи таъсири бардавоми навасон (вибратсия) ба вуҷуд меояд. Зарари навасон ба шиддату давомоти он, ҳамчунин ба ҳассосияти организм вобаста аст. Садои баланд, хунук хӯрдан ва таранҷиши мушакҳо таъсири навасонро ба организм афзун мегардонанд. Б. н. аломатҳои гуногун дорад. Б. н …

Муфассал »

БЕМОРИИ ПАСТФИШОРӣ

pastfishori

БЕМОРИИ ПАСТФИШОРӣ (Morbi decompressionales), бемории декомпрессиявӣ, ҳолати беморие, ки бинобар якбора ва ниҳоят паст шудани фишори муҳит ба вуҷуд меояд; бештар ғаввосон (ҳангоми ба қаъри баҳр фуруд омадан), лётчикҳо, кессончиён (одамоне, ки бо камераҳои обногузар сару кор доранд) гирифтор мешаванд. Сараввал дар аснои баланд будани фишори муҳит (мас., атмосфера) дар …

Муфассал »

БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ

sangi-peshob

БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ (Urolithiasis), уролитиаз, бемории санги гурда, бемориест, ки ҳангоми он дар узвҳои пешоброн санг пайдо мешавад. Санги пешоб дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи обу намак ва кори ғадудҳои усораи дохилӣ (ғадуди сипаршакл ва ғадуди назди он, гипофиз), ки мубодилаи обу намакро танзим мекунанд, аз истеъмоли тӯлонии обу ғизое, ки …

Муфассал »

БЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА

talha

БЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА (Cholelithiasis), холелитиаз, холесистити калкулёзӣ, бемориест, ки дар натиҷаи инъиқоди талха ё ихтилоли мубодилаи моддаҳо дар талхадон ё талхароҳа санг ҳосил мешавад. Бештар дар занҳо ба мушоҳида мерасад. Б. тадриҷан инкишоф меёбад. Бемор чандин сол дар зери қабурғаи тарафи рост вазнинӣ ҳис мекунад, ки баъд аз истеъмоли хӯрок …

Муфассал »

БЕМОРИИ ШУОЪӣ

radiation

БЕМОРИИ ШУОЪӣ (Morbus radiationis), иллатест, ки дар натиҷаи ба организм таъсир расонидани афканишоти аз меъёр зиёди ионзо пайдо мешавад. Б. ш. ҳангоми шуоъхӯрии берунии тамоми организм ё қисми зиёди он, инчунин аз шуоъхӯрии дохилӣ (ба воситаи роҳҳои нафас ё бо обу хӯроки заҳролуд ба организм ворид гардидани моддаҳои радиоактив) авҷ …

Муфассал »