Главная / Илм / БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ

БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ

sangi-peshobБЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ (Urolithiasis), уролитиаз, бемории санги гурда, бемориест, ки ҳангоми он дар узвҳои пешоброн санг пайдо мешавад. Санги пешоб дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи обу намак ва кори ғадудҳои усораи дохилӣ (ғадуди сипаршакл ва ғадуди назди он, гипофиз), ки мубодилаи обу намакро танзим мекунанд, аз истеъмоли тӯлонии обу ғизое, ки миқдори намакҳои минералиаш зиёд аст, аз манъи пешоб дар гурда, найчаи пешоброн ва шошадон бинобар баъзе касалиҳо ба вуҷуд меояд. Омилҳои мазкур ба таҳшин шудани намакҳои таркиби пешоб мусоидат карда, аз онҳо санги пешоб ҳосил мешавад. Мас., аз намакҳои дар пешоб ҳалшуда уратҳо, оксалатҳо, фосфатҳо, карбонатҳо ва ғ. ба вуҷуд меоянд. Сангҳои хурд ба сангҳои калон табдил меёбанд; сангҳои калон шакли ҳавзаки гурдаро гирифта, марҷонмонанд мешаванд.
Б., одатан, дар давраи аз 20 то 50-солагӣ пайдо мешавад. Санг бештар дар гурда ҳосил шуда, аз он ба пешоброҳа ва масона мегузарад; санги масона гоҳ-гоҳ ба вуҷуд меояд.
Зуҳуроти Б. ба ҷои қароргирии санг вобаста аст.Чунончӣ, дар аснои дар гурда ҷойгир шудани санг, миёни одам сим-сим дард мекунад. Ҳангоми кори ҷисмонӣ ва хусусан такон хӯрдан, дард меафзояд. Беморон инро дарди миён пиндошта, ба духтур муроҷиат намекунанд ва ба худмуолиҷа машғул мешаванд. Санг дар ҳавзаки гурда муддати дароз мемонад ва тадриҷан ҳавзакро васеъ карда, боиси илтиҳоби бофтаи гурда мегардад. Санг роҳи пешобро баста, хуруҷи дарди сахт (халаи гурда)-ро ба амал меорад. Дар ин ҳолат беморро арақи сард зер карда, дилбеҳузӯрӣ ва қай ба вуҷуд меояд, шикам дамиш мекунад, ҳарорати бадан баланд мешавад. Санг аз гурда ба пешоброҳа бо хуруҷи дарди сахт мефарояд; дар бемор хоҳиши зуд-зуд пешоб кардан ба вуҷуд меояд.
Дар мавриди хуруҷи халаи гурда ҳатман духтурро ҷеғ задан лозим. Худмуолиҷа (обзани гарм, қабули доруҳои бедардгардон) манъ аст, зеро ҳангоми баъзе амрози шадиди узвҳои шикам низ чунин хуруҷ мушоҳида мешавад. Танҳо духтур метавонад бемориро муайян карда, табобати мувофиқ таъин кунад.
Санги масона ангезиш ва газаки луобпардаи онро ба амал меорад (зуд-зуд ва бо дард пешоб рондан зуҳуроти газак аст). Дар аснои кори ҷисмонӣ ё роҳгардӣ санг луобпардаро захмдор карда, боиси хунравӣ ва хунолудии пешоб мешавад (гематурия). Дар сурати пешоброҳаро бастани санг, бемор ба паҳлӯ дароз кашида пешоб мекунад. Санги ҳарду гурда ё пешоброҳа ихроҷи пешобро метавонад пурра қатъ намояд (анурия). Ин оқибати хатарноки беморӣ аст, зеро дар натиҷаи нарафтани пешоб, маҳсули заҳрноки мубодилаи моддаҳо дар организм ҷамъ шуда, боиси инкишофи уремия мегардад. Дар ин ҳол бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кард.
Ба мақсади табобат сангро дур карда, сабабҳоеро, ки боиси ҳосил шудани он ва газаки узвҳои пешоб гардидаанд, бартараф месозанд. Тарзи табобат ба мавқеъ ва андозаи санг вобаста аст. Сангҳои хурди гурда ва пешоброҳаро бо ёрии дору, тадбирҳои физиотерапевтӣ ва фаровон истеъмол кардани моеъот (зери назорати духтур) меафтонанд. Санги қисми пеши пешоброҳаро баъзан бо ҳалқаи махсус мегиранд. Агар ин имконнопазир бошад, пас ҷарроҳӣ мекунанд.
Ғизои мураттаб яке аз муҳимтарин омилҳои табобат аст. Духтур вобаста ба хусусияти ихтилоли мубодила парҳез таъин мекунад. Мас., дар мавриди ҳосил шудани уратҳо истеъмоли ғизои ширию растанигӣ тавсия шуда, истеъмоли гӯшти бирён, дампухт, дудхӯрда, панири тунду тез, чои талх, растаниҳои лӯбиёӣ, шалғамча, испанох, занҷабил, хардал ва ғ манъ аст. Баръакс, дар аснои ҳосил гаштани фосфатҳо ғизои гӯштӣ тавсия шуда, истеъмоли маҳсулоти ширию растанигӣ манъ мебошад.
Газаки узвҳои пешобронро қатъӣ ва тӯлонӣ муолиҷа мекунанд. Дар пешгирии Б. сари вақт табобат кардани илтиҳоби узвҳои пешоброн, (мас., пиелонефрит) аҳамияти калон дорад.
Ад.: Қодирӣ Т.Р., Санги гурда ва роҳҳои пешоб, Д., 1975; Ҳамон муаллиф, Бемории санги бавл, Д., 1993; Ҳамон муаллиф, Метафилактикаи бемории санги пешоб, Д., 2008.

Т. Р. Қодирӣ.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …