Главная / Илм / БЕМОРИИ ШУОЪӣ

БЕМОРИИ ШУОЪӣ

radiationБЕМОРИИ ШУОЪӣ (Morbus radiationis), иллатест, ки дар натиҷаи ба организм таъсир расонидани афканишоти аз меъёр зиёди ионзо пайдо мешавад. Б. ш. ҳангоми шуоъхӯрии берунии тамоми организм ё қисми зиёди он, инчунин аз шуоъхӯрии дохилӣ (ба воситаи роҳҳои нафас ё бо обу хӯроки заҳролуд ба организм ворид гардидани моддаҳои радиоактив) авҷ мегирад. Моддаҳои радиоактив дар бофтаю узвҳои организм ғун шуда, ба манбаи доимии шуоъхӯрӣ табдил меёбанд.
Б. ш. шадид аз музмин мешавад. Б. ш.-и шадид аз таъсири афканишоти ионзои яккарата ё пай дар пайи вояаш аз ҳад зиёд, Б. ш-и музмин дар натиҷаи шуоъхӯрии вояаш ками дарозмуддат (дар давоми чандин моҳу солҳо) ба вуҷуд меояд. Б. ш.-и шадид дар давраи ҷанг ҳангоми аслиҳаи атоми (ядрои)-ро истифода бурдани душман, дар замони осоишта бошад, аз садама ва фалокати ногаҳонӣ дар корхонаҳои саноати атом, неругоҳҳои атомӣ ё муассисаҳои тадқиқоти илмӣ рӯй медиҳад. Б. ш.-и музмин бинобар вайрон кардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот, муасиссаҳои тиббӣ ва тадқиқоти илмӣ ба вуҷуд меояд.
Нишонаҳои клиникии Б. ш. ба хусусияти шуъохурӣ (умумӣ, ҷузъӣ, берунӣ, дарунӣ), воя ва муддати паҳн гаштани он вобаста аст. Барои ҳама намудҳои Б. ш. ихтилоли кори тамоми узвҳо хос аст. Дар аснои Б. ш. силсилаи асабҳои марказӣ, узвҳои хунофар ва хунгард, меъдаю рӯда иллат ёфта, организм пурра заҳролуд мегардад,аз ин сабаб беҳолӣ, дарди сар, бедорхобӣ, беҳузурии дил ва ғ. ба амал меояд.
Ҷараёни Б. ш.-и шадид аксар вақт чор давраро дарбар мегирад: таассури аввалин, давраи ниҳонӣ, авҷи беморӣ, давраи охирин ё офиятёбӣ. Дар давраи таассури аввалин, ки он баъди шуоъхӯрӣ фавран пайдо мешавад, бемор пурҳаяҷон ё баръакс, рӯҳафтода аст; беҳолӣ, бехобӣ, чарх задани сар, беҳузурии дил, дар ҳолатҳои вазнин қай ва исҳол ба амал меоянд; иштиҳо мебандад. Дар ҳолатҳои ниҳоят вазнин бемор муддате аз ҳуш меравад, набз ноустувор ва фишори шараён номӯътадил мегардад. Таҳлили хун тағйироти хоси лейкоситҳоро ошкор месозад. Ҳамаи ин аломатҳо баъди чанд соат бартараф шуда, давраи дуюми беморӣ (давраи ниҳонӣ) оғоз меёбад, ки ба он беҳтар шудани ҳолати умумии бемор хос аст. Вале ба беҳбудии зоҳирӣ нигоҳ накарда, беморӣ авҷ мегирад ва баъди чанд муддат (аз чанд рӯз то 2 – 3 ҳафта) ба давраи сеюм мегузарад. Б. ш. ҳар қадар вазнин бошад, давраи ниҳонӣ ҳамон қадар кӯтоҳ (чанд соат) мешавад. Дар давраи авҷи беморӣ аҳволи бемор якбора бад шуда, таб мекунад, қай ва исҳол (бештар исҳоли хунолуд) ба амал меояд; аз милки дандон ва диг. пардаҳои луобӣ хун меравад, захм пайдо мешавад; дар зери пӯст баъзе рагҳои хун мекафад; баъди 2 – 3 ҳафта мӯй мерезад. Камхунӣ ва ихтилоли асабҳо шиддат ёфта, муқобалати организм ба бемориҳои сироятӣ суст мегардад. Ҳангоми мӯътадил гузаштани Б. ш. ва саривақт табобат кардани он, давраи охирин – давраи шифо оғоз меёбад. Ҳолати бемор тадриҷан беҳтар гашта, аломатҳои ихтилоли фаъолияти асаб тадриҷан барҳам мехӯранд, таркиби хун мӯътадил мегардад. Баъзе одамоне, ки Б. ш.-и шадидро паси сар кардаанд, таъсири онро дар камқувватӣ, хастагӣ ва дарди сар ҳис мекунанд; онҳо ба анемия ва бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд.
Б. ш.-и музмин дар муддати солҳо ба вуҷуд меояд. Хотима ёфтани шуъохӯрӣ баъзан ҳолати беморро ҳатто бидуни табобати махсус хеле беҳ мегардонад. Шуоъхӯрии бардавом боиси авҷ ёфтани беморӣ мегардад. Бинобар ин ба муолиҷаи Б. ш.-и музмин ҳамон вақт шурӯъ мекунанд, ки бемор аз манбаи афканишоти ионзо дур карда шавад.
Бо мақсади пешгирии Б. ш. бояд одамоне, ки дар ҳудуди таъсири манбаи афканишоти ионзо кор мекунанд, муҳофизат карда шаванд; инчунин аз таъсири зарарнок ва барзиёди афканишот ҳифз намудани патсиентони кабинетҳои радиологӣ ва рентгенологӣ низ муҳим аст. Риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, муҳофизати меҳнат ва талаботи гигиенаи радиатсионӣ аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ қатъӣ назорат карда мешавад.
Шахсоне, ки ба манбаи афканишоти ионзо сарукор доранд, пеш аз ба кор даромадан ва минбаъд аз муоинаи махсус мегузаранд. Барои онҳо рӯзи кории кӯтоҳ, рухсатии дарозмуддат ва маоши иловагӣ муқаррар карда мешавад. Ҳангоми бо изотопҳои радиоактив кор кардан, пӯшидани либоси махсус (ниқоб, хилъат, корҷома, дастпӯшак ва ғ.) зарур аст.
Дар утоқҳои рентгенӣ таҷҳизоти махсуси муҳофиз мавҷуданд, ки кормандон ва беморонро аз таъсири зарарноки шуоъҳои рентгенӣ ҳифз намуда, имкон медиҳанд, ки онҳо дар ҳадди камтарини шуъохурӣ борҳо аз муоина гузашта, гирифтори Б. ш. нашаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …