Главная / Илм / БЕМОРИИ НАВАСОНӣ

БЕМОРИИ НАВАСОНӣ

vibrobolБЕМОРИИ НАВАСОНӣ (Morbus vibratorius), ангионеврози навасонӣ, бемории касбӣ, ки дар натиҷаи таъсири бардавоми навасон (вибратсия) ба вуҷуд меояд. Зарари навасон ба шиддату давомоти он, ҳамчунин ба ҳассосияти организм вобаста аст. Садои баланд, хунук хӯрдан ва таранҷиши мушакҳо таъсири навасонро ба организм афзун мегардонанд. Б. н. аломатҳои гуногун дорад. Б. н .-е, ки ҳангоми кор бо асбобҳои дастии басомадашон 35 гертс падид меояд, боиси спазми мӯрагҳо ва рагҳои панҷаи даст мешавад. Дар мавриди кор бо асбобҳои басомадашон то 35 гертс тағйирот асосан дар мушакҳо, устухонҳо, бандҳо ба мушоҳида мерасад (мас., дистрофияи мушакҳо, деформатсияи ангушту бандҳо, шикастани нохунҳо, тендовагинит ва ғ.).
Дар ҳолатҳои ба тамоми организм таъсир расонидани навасон сар дард карда, чарх мезанад, хастагӣ, бехобӣ дарди миён рух менамоянд; мумкин фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ низ халал ёбад.
Бо мақсади табобати Б. н. маризро ба кори дигар гузарондан лозим аст. Пешгирии Б. н . аз кам кардани таъсири навасон ба организми коргарон иборат мебошад. Барои кор бо асбобҳои ларзишдор одамони аз 18-сола боло роҳ дода мешаванд. Кор бо чунин асбобҳо дар маҷмӯъ бояд аз 2/3 басти корӣ зиёд набошад.
Коргароне, ки бо асбобу олоти навасонӣ сарукор доранд, бояд соле як маротиба аз назорати тиббӣ гузаранд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …