Главная / Илм / БЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА

БЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА

talhaБЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА (Cholelithiasis), холелитиаз, холесистити калкулёзӣ, бемориест, ки дар натиҷаи инъиқоди талха ё ихтилоли мубодилаи моддаҳо дар талхадон ё талхароҳа санг ҳосил мешавад. Бештар дар занҳо ба мушоҳида мерасад.
Б. тадриҷан инкишоф меёбад. Бемор чандин сол дар зери қабурғаи тарафи рост вазнинӣ ҳис мекунад, ки баъд аз истеъмоли хӯрок (хусусан гӯштбирён, равғани гӯсфанд ё гов, хӯрокии дуддода, шӯр, очор, шароб) ба вуҷуд омада, даҳон ва оруғ талх мешавад. Ин аломатҳо кофист, ки одам бояд ба духтур муроҷиат кунад. Дар ин давраи инкишофи беморӣ духтур метавонад ба мариз ёрии босамар расонад. Парҳез ва низоми тағзия (мувофиқи тавсияи духтур) ҳолати беморро беҳтар намуда, ӯро аз хуруҷи беморӣ раҳо медиҳад. Аммо, аксаран, фақат ҳангоми дар зери қабурғаи тарафи рост сар задани хуруҷи дарди сахт (ба ном халаи ҷигар), ки ба зери шона ва чанбар паҳн мешавад, ба духтур муроҷиат мекунанд. Чунин хуруҷи дард бештар мавриди дар талхадон вуҷуд доштани санг авҷ мегирад. Дар ин гуна ҳолатҳо ҷарроҳӣ ногузир аст.
Пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ боиси инъиқоди талха гардида, ба пайдоиши Б. таъсири калон мерасонад. Бенизом хӯрок хӯрдан, пурхурӣ, дам кардани шикам ва қабзият боиси илтиҳоб ва носозии ҳаракати талха ва роҳи талха шуда, дар натиҷа аввал тағйироти анатомӣ, сипас инъиқод ба вуҷуд меояд. Барои пайдоиши Б. тамоюли ирсӣ низ мавқеи хос дорад. Дар натиҷаи инъиқоди талха ё ихтилоли мубодилаи моддаҳо миқдори кислотаи талха кам гашта, аз таҳшини холестерин ва билирубин (моддаи рангбахши талха)-и таркиби он санг ҳосил мешавад. Миқдори кислотаҳои талха то андозае ба миқдор ва сифати равғани истеъмолӣ вобаста аст. Ба ҳосил шудани санг чӣ барзиёдӣ ва чӣ норасоии равған (дар вояи хӯрок) мусоидат мекунад.
Барои беморон риояи тавсияи духтур оид ба низоми истеъмоли хӯрок шарти ҳатмист. Ҳангоми Б. рӯзе камаш 1 соат дар ҳавои тоза сайругашт кардан зарур аст. Хӯрокро ба миқдори кам (рӯзе 4 – 5 маротиба) бояд хӯрд. Одам ҳар қадар дер-дер хӯрок хӯрад, талха дар талхадон ҳамон қадар дертар манъ мешавад. Таркиби ғизо бояд аз равғани зард, равғани растанӣ, гӯшт, моҳӣ ва ғ. иборат бошад. Шакидаи сабзавот (лаблабу, шалғамча, турб ва ғ.) барои рондани талха хеле муфид аст. Истеъмоли таоми тунду тез, пиёз,шилха, испанох, нӯшокиҳои спиртдор манъ мебошад. Обҳои минералии ишқориро фақат аз рӯи таъиноти духтур нӯшидан лозим.
Ад.: Мансурова Ф.Х., Желчнокаменная болезнь в Таджикистане, Д., 2004; Мансуров Х.Х. (ва диг.), Метаболический синдром с проявлением желчнокаменной болезни, Д., 2007.

Ф. Х. Мансурова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …