Хабарҳои охирин

ГИПОФИЗ

gipofiz

ГИПОФИЗ (Glandula pituitaria), ғадуди тарашшӯҳи дохилии одам ва ҳайвоноти мӯҳрадор. Гормонҳои Г. ба сабзишу инкишоф, муболидаи моддаҳо ва фаъолияти насловарӣ таъсир мерасонанд. Бисёр гормонҳои Г. (гормонҳои хостгор) фаъолияти дигар ғадудҳои канории тарашшӯҳи дохилиро танзим мекунанд. Ҳамин тавр, Г. ба равандҳои мухталифи фаъолияти ҳаётии организм таъсир мерасонад. Г. ташкилаи начандон калон …

Муфассал »

ГИПОХЛОРГИДРИЯ

gipokhlorigidriya

ГИПОХЛОРГИДРИЯ (Hypochlorhydria), кам шудани миқдори кислотаи хлориди озод дар шираи меъда. Г., одатан, аломати осеби узвӣ (гастрити музмин, полипоз, саратони меъда) ё ихтилоли фаъолияти меъда мебошад. Г. метавонад бидуни ягон аломат сурат гирад ё бо андаке нишонаҳои ихтилоли тағзия (камиштиҳоӣ, оруғ, исҳол), нофорамии шир ва ғ. падид ояд. Ниг. низ …

Муфассал »

ГИРСУТИЗМ

girsutizm

ГИРСУТИЗМ (Hyrsutismus; аз лот. hirsutus – мӯйдор), аз ҳад зиёд мӯй баровардани занҳо. Ҳангоми Г. дар занҳо бурут ва риш мебарояд; дар дасту по ва тан мӯйҳои сершумор месабзанд. Сабаби Г. асосан афзудани тарашшӯҳи усораи ғадудҳои таносули мардон – андрогенҳо ё зиёд шудани ҳассосияти бофтаҳо нисбат ба он аст. Г. …

Муфассал »

ГИРУДИНОЗ

gurudinoz

ГИРУДИНОЗ (Hirudiniasis; аз лот. hirudo, hirudinis – шуллук), беморие, ки бинобар ба пӯст ё ҷавфи гуногуни организм (мас., роҳи нафас, роҳи меъдаю рӯдаҳо) часпидани шуллук ба вуҷуд меояд. Шуллук ба организми одам ҳангоми ошомидани оби ҳавзу кӯлҳо, ҷӯйбор, оббозӣ кардан ё пои бараҳна гаштан дар шибарзаминҳо роҳ меёбад. Шуллук гирудин …

Муфассал »

ГИРУДОТЕРАПИЯ

girudoterapiya

ГИРУДОТЕРАПИЯ (Hirudotherapia), шуллукшифоӣ, муолиҷа ба тавассути шуллук. Г. таърихи хеле қадима дорад. Асосгузори он Никандр аз Колофон мебошад (с. 100 – 130 то м.). Асарҳои аввалинро оид ба шуллукшифоӣ Буқрот, Ҷолинус ва Абӯалӣ ибни Сино навиштаанд. Олими машҳури рус Н.И. Пирогов ба Г. эътибори хос медод. Г. ҳамчун усули иловагии …

Муфассал »