Главная / Илм / ГИПОФИЗ

ГИПОФИЗ

gipofizГИПОФИЗ (Glandula pituitaria), ғадуди тарашшӯҳи дохилии одам ва ҳайвоноти мӯҳрадор. Гормонҳои Г. ба сабзишу инкишоф, муболидаи моддаҳо ва фаъолияти насловарӣ таъсир мерасонанд. Бисёр гормонҳои Г. (гормонҳои хостгор) фаъолияти дигар ғадудҳои канории тарашшӯҳи дохилиро танзим мекунанд. Ҳамин тавр, Г. ба равандҳои мухталифи фаъолияти ҳаётии организм таъсир мерасонад.
Г. ташкилаи начандон калон буда, дар асоси мағзи сар ҷой гирифтааст; массаи он 0,5 – 0,6 г (дар занҳо каме калонтар) мебошад. Г. аз ду ҳисса таркиб ёфтааст: ҳиссаи пеш ё аденогипофиз (lobus anterior, pars distalis, adenohupophysis) ва ҳиссаи қафо ё нейрогипофиз (lobus posterior, neurohypophysis). Аденогипофиз, ки аз се ду ҳиссаи массаи Г.-ро ташкил медиҳад, ба пеш, даҳана ва васатӣ ҷудо карда мешавад; нейрогипофиз аз қисм (ҳисса)-ҳои охир (интиҳо) ва поячаи Г. иборат аст. Г. дар чуқурчаи зини туркии устухони фонашакли асоси косахонаи сар ҷой гирифтааст. Зини туркӣ аз боло бо диафрагма (қисми дурушти майнапарда) фаро гирифта шудааст; аз сӯрохи диафрагма поячаи Г. мегузарад, ки он Г.-ро бо мағзи сар пайваст менамояд.
Дар ҳуҷайраҳои аденогипофиз гормонҳои сафедавию пептидӣ (гормонҳои хостгор) ҳосил мешаванд. Онҳо фаъолияти дигар ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ, мас., гормони аденокортикотропӣ, гормони тиреотропӣ ва гормонҳои гонадотропиро танзим менамоянд; гормонҳои мазкур ҳамчунин дар танзими фаъолияти гормонҳое, ки бевосита ба тамоми организм таъсир мерасонанд, мас., гормони сабзиш (гормони соматотропӣ), пролактин (дар занҳо шир ҳосил мекунад) ва ғ. ширкат меварзанд. Дар аденогипофиз липотропинҳо низ ҳосил мешаванд. Ин гуна гормонҳо ба чарбу таъсири ангезишпазир расонда, барои дар ҷараёни мубодилаи энергия иштирок кардани он мусоидат менамоянд.
Ҳосил ва ихроҷ шудани гормонҳои Г.-ро гипоталамус назорат мекунад. Барзиёд ҳосил шудани гормонҳои Г. боиси пайдоиши бемориҳои гуногун, мас., акромегалия, аменорея, бемории Итсенко-Кушинг ва ғ. мешавад.
Дар нейрогипофиз асосан вазопрессин ва окситотсин (гормоне, ки ҷудо шудани шир ва кашиш хӯрдани бачадонро ҳангоми таваллуд танзим менамояд) мавҷуд мебошанд. Норасоии гормони зидди диурез бинобар иллати гипоталамус ё Г. боиси рух намудани диабети беқанд мешавад.
КЛ
Гипофиз: 1 – меъдачаи III; 2 – «поя»-чаи гипофиз; 3 – ҳиссаи пеши гипофиз (аденогипофиз); 4 – ҳиссаи васати (мобайни)-и гипофиз; 5 – ҳиссаи қафо (асаби)-и гипофиз.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …