Главная / Илм / ГАЙМОРИТ

ГАЙМОРИТ

gaimoritГАЙМОРИТ (Highmoritis), илтиҳоби луобпардаи ҷавфи Гаймор (ҷоғи боло). Г. шадид ва музмин мешавад.
Г.-и шадид бисёр вақт чун оризаи ринити шадид, грипп, сурхакон, махмалак ва диг. бемориҳои ирсӣ, ҳамчунин дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобии дандонҳо (Г.-и одонтогенӣ) падид меояд. Дард кардани ҷавфи осебёфта, ихтилоли нафаскашӣ бо бинӣ, аз бинӣ шоридани об, ҳис карда натавонистани бӯй, рӯшноитарсӣ, ашкшорӣ ва ғ. нишонаҳои Г. мебошанд. Дард, одатан, пароканда ва кунд буда, бештар дар пешона ва чаккаи сар (гиҷгоҳ) рух менамояд (он ҳамеша дар соатҳои муайян пайдо мешавад). Мумкин рухсора ва пилки чашмон варам кунанд. Ҳарорат баланд шуда, мариз табларза менамояд.
Бо мақсади гардондани варами луобпарда ба бинӣ доруҳои тангсозандаи раг мечаконанд. Ҳангоми баланд шудани ҳарорат бемор бояд бистарӣ гардад. Истифодаи давоҳои рафъи дард, антибиотикҳо, нуршифоӣ, барқшифоӣ, УВЧ-терапия нафъ меорад. Ҳамчунин ингалятсияи аэрозоли антибиотикҳо муфид аст.
Г.-и музмин, одатан, оқибати илтиҳоби шадид аст. Дар натиҷаи такрор ёфтани Г.-и шадид, хусусан баъди тӯлонӣ будани ҷараёни он, инчунин ҳангоми ринити музмин пайдо мешавад. Сабаби Г.-и музмин аденитҳо, каҷ будани девораи бинӣ, тангии модарзоди роҳи бинӣ, дандонҳои пӯсида ва ғ. мебошанд. Г.-и музмин ду навъ – рашҳӣ (экссудативӣ) ва нумуввӣ мешавад.
Дар мавриди Г.-и рашҳӣ беморон аз бисёр фаромадани обияти бинӣ шикоят мекунанд. Ҳангоми наомадани обият ё бо душворӣ хориҷ гаштани он, ҳалқ хушкида, пагоҳирӯзӣ аз димоғ балғами бисёр меояд; даҳон бӯи бад пайдо мекунад. Ҷавфи иллатӣ, одатан, дардманд нест (вале дард метавонад ҳангоми бо душворӣ хориҷ шудани обияти бинӣ аз худ дарак диҳад). Сар дард карда, мариз хаста мешавад, бисёр вақт пӯсти сӯрохиҳои бинӣ мекафад.
Табобати Г.-и музмин ба хориҷ сохтани обияти бинӣ ва рафъи омилҳое, ки боиси илтиҳоб мегарданд, равона карда шудааст. Саллюкс, диатермия, УВЧ, ингалятсия натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Дар бисёр мавридҳо бо доруҳои антисептикӣ шустани ҷавфи осебёфта ва ба он фиристодани ферментҳои протеолизӣ якҷоя бо антибиотикҳо муфид аст. Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани дорушифоӣ ба амалиёти ҷарроҳӣ дар ҷавфи бинӣ рӯ меоранд.
Ад.: Богомильский М.Р., Чистякова В.Р., Детская оториноларингология, М., 2002; Исхоки Ю.Б., Детская оториноларингология, Д., 2003; Булл Т.Р., Атлас ЛОР-заболеваний, М., 2005.

М.И. Маҳмудназаров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …