Главная / Илм / ГАЗНА

ГАЗНА

gaznaГАЗНА (Urtica dioica), газандиёр, газангир, анҷура, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 150 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги байзашакли нӯгтез, меваи донашакл дорад. Поя ва баргҳояш бо мӯякҳои «газанда» (номаш аз ҳамин ҷост) пӯшида шудаанд. Моҳи май гул карда, июн тухм мебандад. Асосан чун алафи бегона дар боғу киштзор, инчунин бешазор, заминҳои нокорам, канори ҷӯй вомехӯрад.
Абӯалии Сино дар «Ал-Қонун» қайд кардааст, ки барги кӯфтаи анҷура хуни биниро бозмедорад. Агар барги анҷураро дар оби ҷав ҷӯшонда нӯшанд, сандуқи синаро тоза мекунад. Марҳами он пучакро сар меорад ва шифо мебахшад. Г. шаҳватро зиёд менамояд. Тухми он давои зиқи нафас ва илтиҳоби шуш буда, марҳамаш барои муолиҷаи саратон ва варами гӯш ёрӣ мерасонад. Хокистари Г. бо намак барои муолиҷаи захмҳои фасоднок нафъ дорад. Сино бо тухми Г. обхӯраро табобат менамуд.
Табибони халқӣ ҷӯшоби Г. («тавлангоба»)-ро чун давои балғамрон, хунбанд ва исҳоловар истифода мебаранд. Аз хокаи барги Г. ва орд атола («олиоба») тайёр карда, барои муолиҷаи газак ва захми меъда, хуншории узвҳои дарунӣ ва бачадон дар дили наҳор рӯзе якпиёлагӣ мехӯранд. Бо ҷӯшоби омехтаи Г. ва пудина сарро мешӯянд. Ҷӯшоби тухми он барои гулӯзиндонак нофеъ аст.
Агар онро кӯфта ба узве гузошта банданд, моддаро аз таг ба рӯи пӯст мекашад, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад. Баргашро дар об ҷӯшонида он обро бо оби ҷав даромехта бинӯшанд, бемориҳои узвҳои даруни синаро шифо мебахшад. Барги тари Г.-ро кӯфта ба пешонӣ гузошта банданд, хуни биниро мебанданд, агар ба пучакҳо гузошта банданд, онро мекафонад; ба озахҳо банданд, онҳоро хушк карда меафтонад. Хокистари Г.-ро бо намак даромехта ба решҳо гузошта банданд, онҳоро сиҳат мекунад. Тухмашро бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ, сурфа, иллати аъзои нафас ва обварам дору мешавад; сафро ва балғами часпакро аз бадан хориҷ месозад, барои иллатҳои сипурз ва гурда дармон мебошад, боҳро қавӣ мегардонад. Агар барги Г.-ро кӯфта гузошта банданд ё кӯфтаи онро бо асал хамир карда, ба закар ва каши рон бимоланд, боҳро ба ҳаракат меоварад. Оби Г.-и тарро дар даҳон ва ҳалқ гардонанд, варами забончаи ҳалқро таҳлил медиҳад. Равғани Г. барои муолиҷа қавитар аз тухми он аст: барои қувват бахшидани боҳ, рафъи дарди буғумҳо, дарди сурин, ниқрис бихӯранд ва бимоланд, шифо мебахшад.
Дар амалияи тибби муосир нақеъ ва ҷавҳари обии Г.-ро ҳангоми хуншории шуш, ҷигар, бачадон ва рӯда тавсия медиҳанд. Ҷавҳари хушки он ба таркиби доруи «Аллохол» дохил мешавад (онро дар мавриди гепатит, холангит, холесистид ва қабзияти музмин истифода мебаранд). Шираи барги тару тоза ё ҷавҳари Г. давои пешоброн, балғамовар, зидди илтиҳоб аст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …