Главная / Илм / ГАЗИ КАРБОН

ГАЗИ КАРБОН

gazi-carbonГАЗИ КАРБОН, ғубори ангишт (CO), маҳсули сӯзиши нопурраи ин ё он сӯзишворӣ. Г. к. рангу бӯй надорад; организмро заҳролуд мекунад. Омехтаҳои газии муҳаррикҳои дарунсӯз Г. к.-и зиёд доранд. Заҳролудӣ аз Г. к. ба ҳосил гаштани карбоксигемоглобин (моддае, ки оксигенро пайваст намекунад) вобаста аст (ниг. Хун). Дар натиҷа ба организм оксиген намерасад (ниг. Гипоксия) ва фаъолияти ҳама бофтаҳою узвҳо вайрон мешавад. Аз Г. к. дар хонае, ки печка ё сандалӣ дорад, заҳролуд шудан мумкин аст (хусусан вақти ангиштсанг сӯхтан). Ҳангоми хобидан дар автомобили тирезаҳояш маҳкам ва муҳаррикаш гирён низ метавон заҳролуд шуд. Бо мақсади рафъи заҳролудӣ миқдори Г. к. дар ҳавои ҷои кор (истеҳсолот) бояд аз 20 мг/м3 зиёд набошад.
Дараҷаи заҳролудӣ аз Г. к. ба миқдори он дар ҳаво, муддати таъсир ва ҳассосияти одам вобаста аст. Дар мавриди заҳролудии сабук сар вазнин шуда, чаккаю пешонӣ дард мекунад, гӯш садо медиҳад, дар пеши чашм «пашшача»-ҳо мепаранд; ларза, бемадорӣ, тез задани дил, дилбеҳузурӣ, қай рух менамояд. Ҳангоми заҳролудии сахт зарардида беҳуш, гавҳараки чашм васеъ, нафасгирӣ суст ва кори дил тез мешавад.
Ёрии аввалин: то омадани духтур зарардидаро ҳар чи зудтар ба ҳавои тоза бароварда, ба биниаш пахтаро дар спирти навшодир тар карда наздик меоранд, қафаси синаашро молида, бо кӯрпа мепӯшанд, чойи гарми талх ё қаҳва медиҳанд. Ниг. низ Заҳролудӣ.

М.Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …