Главная / Илм / ГАЗНАИ САГАК

ГАЗНАИ САГАК

gaznai-sagakГАЗНАИ САГАК (Leonurus turkestanicus), пӯстирник, гиёҳест бисёрсола. Аз 70 то 200 см қад мекашад. Пояи сершох, барги мудаввар ё байзашакли чокдор, гули гулобии паст дорад; июл – сент. гул мекунад. Дар минтақаҳои бешазори паҳнбарг, арчазор, алафзори нимсаванна, дашт, шибоғзор ва ғ. мерӯяд. Дар воҳаи д. Сир, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Шарқӣ (дар баландии 1100 – 3500 м аз с.б.) вомехӯрад.
Бо мақсади табобат фақат навдаҳои гулдори растаниро меғундоранд (дарозиашон 30 – 40 см); дар ҷои соя ва шамолрас хушкондан лозим. Онро метавон то 3 сол нигоҳ дошт.
Табибони халқӣ Г. с.-ро барои муолиҷаи бисёр бемориҳо тавсия медиҳанд. Чой ё нақеъи баргу пояи он ҳангоми заъфи системаи асаб, ғалаёни хун, ҷунун, саръ (эпилепсия), бемориҳои меъдаву рӯда, амрози занона ва чун воситаи хобовар, рафъи илтиҳоб, арақовар, исҳоловар истифода мегардад. Бо ин мақсад 1 чумча баргу пояи майда резакардаи онро дар як истакон оби ҷӯшомада 20 дақиқа нигоҳ медоранд; баъд онро полида, ҳар рӯз 2 маротиба пеш аз хӯрок як чумча истеъмол менамоянд.
Доруҳое, ки аз алафи Г. с. таҳия карда шудаанд, дар бисёр мамлакатҳо истифода мегарданд. Табибони руминӣ бо онҳо саръ, бемории Базедов ва амрози дилу рагҳоро муолиҷа мекунанд. Он дар Англия барои табобати ғашён (истерия), невралгия, заъфи дил ва дамкӯтоҳӣ кор фармуда мешавад. Духтурони ҷумҳурии мо нақеъи Г. с. (2 қошуқча алафи он дар як истакон об)-ро чун давои таскинбахш ҳангоми ангезишпазирии асабҳо, невроз, бемории гипертония таъин мекунанд; онро рӯзе 3 маротиба якқошуқӣ ошомидан лозим аст. Чойи алаф ва решаи Г. с. давои хуби оромсозандаи асабҳост.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …