Хабарҳои охирин

ДИАТЕРМОКОАГУЛЯТСИЯ

diatermokoagulyatsiya

ДИАТЕРМОКОАГУЛЯТСИЯ (аз юн. dia – ба воситаи, therme – гармӣ, тасф ва коагулятсия), сӯзондани бофтаҳо ба тавассути ҷараёни барқи баландбасомад. Бо мақсади нигоҳ доштани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳӣ, дур сохтани озах, баъзе омосҳои пӯст ва гулӯ, муолиҷаи эрозияи гарданаи бачадон, кӯчидани шабакияи чашм, илтиҳоби дандон, инчунин ҳангоми намудҳои гуногуни эндоскопия кор …

Муфассал »

ДИАФРАГМА

diafragma

ДИАФРАГМА (юн. Diaphragma – монеа, девора), девораи пайу мушакии байни қафаси сина ва шикам. Д. аз мушаки нафисе иборат аст, ки шакли гунбазро дошта, бо баргаки наздидеворавии плевра (шушпарда) фаро гирифта шудааст. Сатҳи поёни Д. фурӯхамида буда, ҷониби ҷавфи шикам менигарад; онро баргакҳои наздидеворавии шикампарда иҳота мекунанд. Торҳои мушаки Д. …

Муфассал »

ДИБАЗОЛ

dibazol

ДИБАЗОЛ, як навъ дору. Д. тонуси мушакҳои суфтаи узвҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо, аъзои таносулу пешоб, рагҳои хунгард ва ғ.-ро суст мекунад. Д. барои рафъ сохтани хуруҷи ногаҳонии дарди сар (ҳангоми гипертония), шикам (дар вақти халаи рӯда ё ҷигар), сандуқи сина (дар вақти хуруҷи стенокардия) ё миён (ҳангоми дарди санги пешоб) …

Муфассал »

ДИВЕРТИКУЛ

divertikul

ДИВЕРТИКУЛ (лот. diverticulum – инхилоф, майл ба сӯе), модарзодӣ ё ғайримодарзодӣ ҷаста баромадани девораи узвҳои ковок (сурхрӯда, шошадон, рӯда ва ғ.). Д.-и модарзодӣ ба нуқси узв вобаста аст. Д.-и ғайримодарзодӣ ҳангоми тазъиқи сатҳи узв ба девора, ки дар натиҷаи осебҳо(мас., илтиҳоб ва ғ.) суст шудааст, ба вуҷуд меояд. Мӯҳтавои дар …

Муфассал »

ДИЕТА

dieta

ДИЕТА (юн. diaita – тарзи ҳаёт, низоми тағзия), воя ва тартиби хӯрду хӯрок; таносуби муайяни моддаҳои ғизоии хӯрокворӣ, тарзи таҳия ва фосилаи истеъмоли онҳо. Ниг. низ. Парҳез.

Муфассал »