Хабарҳои охирин

ДЕФЕКТОЛОГИЯ

%d0%b2%d1%83%d0%b0%d1%83%d0%bb%d0%b5%d1%89%d0%b4%d1%89%d0%bf%d1%88%d0%bd%d1%84

ДЕФЕКТОЛОГИЯ (лот. defectus – нуқс ва …логия), илме, ки қонуният ва хусусияти инкишофи бачагони аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ноқисро омӯхта, бо масъалаҳои таълиму тарбияи онҳо машғул аст. Д. сурдопедагогика, тифлопедагогика, олигофренопедагогика ва логопедияро дарбар мегирад. Д. бо неврология, патофизиология, патопсихология, психологияи умумӣ ва педагогӣ ва диг. фанҳо робита дорад. …

Муфассал »

ДИАБЕТИ БЕҚАНД

diabeti-bekand

ДИАБЕТИ БЕҚАНД (Diabetes insipidus), серпешобии беқанд, бемориест, ки ҳангоми он мариз бисёр ташна монда, аз ҳад зиёд пешоб мекунад. Дар хун коҳиш ёфтани миқдори гормони вазопрессин, ки ба ихроҷи барзиёди моеъ аз организм монеъ мешавад, боиси ба вуҷуд омадани Д. б. мегардад. Сабаби Д. б. бемориҳои сироятӣ (грипп махмалак сил, …

Муфассал »

ДИАБЕТИ ГУРДА

diabeti-gurda

ДИАБЕТИ ГУРДА (Diabetes renalis), ҳолати маризиест, ки ҳангоми он дар таркиби пешоб глюкоза пайдо мешавад (гликозурия), ҳол он ки миқдори он дар хун мӯътадил аст. Сабаби Д. г. халал ёфтани ҷаббиши баръакс (реабсорбсия) – и глюкоза аз пешоби аввалин дар найчаҳои канории гурда мебошад. Д. г. дар натиҷаи ихтилоли полоиши …

Муфассал »

ДИАБЕТИ ҚАНДӣ

diabetes-mellitus

ДИАБЕТИ ҚАНДӣ (Diabetes mellitus), касалии қанд, қандпешобӣ, бемории ғадудҳои дохилӣ, ки ҳангоми он аз сабаби дар организм нарасидани гормони ғадуди зери меъда – инсулин мубодилаи моддаҳо халал меёбад. Тибқи маълумоти омории Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ миқдори беморони гирифтори Д. қ. дар тамоми кураи замин 159 млн. нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондод …

Муфассал »

ДИАДИНАМОТЕРАПИЯ

diadinamoterapiya

ДИАДИНАМОТЕРАПИЯ, яке аз усулҳои физиотерапия. Д. ба истифодаи ҷараёни диадинамӣ асос ёфтааст. Асосгузори Д. духтури франсавӣ П. Д. Бернар мебошад. Ҷараёни диадинамӣ ба организм таъсири зиддиилтиҳобӣ, бедардгардонӣ, ангезишовар ва ғ. мерасонад. Ҷараёни диадинамӣ ретсепторҳои пӯст ва асабу мушакҳоро ба ангезиш оварда, ҳаракати хун ва тағзияи бофтаҳоро беҳтар месозад, маҳсули зарарноки …

Муфассал »