КОДЕИН (Codeinum), як навъ дору. Асосан барои рафъи сурфа кор мефармоянд. Ба кӯдакони то 2-сола таъин карда намешавад. Дар шакли хока ва қурс истеҳсол мекунанд. Ба таркиби қурси муштараки «Кодтерпин», ки аз кодеин (0,015 г), гидрокарбонати натрий (0,25 г) ва терпингидрат (0,25 г) иборат аст, дохил мешавад. Дар таркиби қурсҳои «Пенталгин» ва «Седалгин» низ вуҷуд дорад. Ба рӯихати доруҳои гурӯҳи Б мансуб аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею
Савол: Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею маҳз Титан …