Главная / Илм / КЛИНИКА

КЛИНИКА

klinikaКЛИНИКА (юн. klinice – тиббӣ, аз kline – бистар), муассисаи табобатии статсионарӣ, ки дар он баробари табобати беморон ба духтурон ва донишҷӯёни соҳаи тиб таълим медиҳанд, тадқиқоти илмӣ мегузаронанд. Ҳамаи мактабҳои олии тиббӣ ва институтҳои такмили ихтисоси духтурон К. доранд. Агар К. дар заминаи беморхонаи шаҳрӣ, вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ кор кунад, чунин беморхонаро клиникӣ меноманд, мас., Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ.
Дар Тоҷикистон К. – и аввалин с. 1939 баъди ташкил шудани ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба вуҷуд омадааст. Феълан дар беморхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии ш. Душанбе К.-ҳои гуногунсоҳа фаъолият мекунанд. Ин-ти тадқиқоти илмии гастроэнтерологияи ҷумҳурӣ К. – и мустақил дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …