Главная / Илм / КОБУЛОВА София Мирзотошевна

КОБУЛОВА София Мирзотошевна

nophotoКОБУЛОВА София Мирзотошевна (30. 03. 1932, ш. Хуҷанд – 30. 04. 2002, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1982), проф. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1956). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои кӯдакони факултаи муолиҷавии ДДТТ (1956 – 58), мудири шӯъбаи Беморхонаи клиникии кӯдакони № 2 (1959), сардухтури ошхонаи таомҳои ширии кӯдакони ш. Душанбе (1959 – 60), ассистенти кафедраи таълими бемориҳои кӯдакон бо курси педиатрияи госпиталӣ (1960 – 69), мудири кафедраи таълими бемориҳои кӯдакон (1969 – 74), мудири кафедраи педиатрии госпиталӣ (аз 1974) ва ҳамзамон мудири кафедраи бемориҳои кӯдакони № 1-и факултаи муолиҷавии ДДТТ (1995 – 2002). Доир ба хусусиятҳои ҷараёни гломерулонефрит дар кӯдакон дар шароити Тоҷикистон тадқиқот бурдааст. Муаллифи 217 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 14 дастурамали методӣ, 7 тавсияи методӣ, 6 тавсияи навоварӣ, 25 кашфиёт. Таҳти роҳбарии ӯ дар кафедра 8 маҷмӯа оид ба «Бемориҳои стафилококкӣ дар кӯдакон» ба табъ расонида шудаанд, 6 наф. рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Иштирокчии конфронсҳои илмии умумииттифоқӣ. Бо ташаббуси К. соли 1988 Съезди 3-юми духтурони кӯдакони Тоҷикистон баргузор гашт. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Здравоохранение Таджикистана» ва «Педиатрия», раиси Ҷамъияти духтурони атфоли ҶТ буд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …