Главная / Илм / КОВТУНОВИЧ Гавриил Парфентович

КОВТУНОВИЧ Гавриил Парфентович

nophotoКОВТУНОВИЧ Гавриил Парфентович (18. 12. 1892, ш. Кислевка, Украина – 1978, ш. Лвов), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1936), проф. (1940). Фориғуттаҳсили Донишкадаи тиббии ш. Киев (1922). Дар беморхонаҳои ш.-ҳои Минск ва Курск ба ҳайси духтур кор кардааст. Ассистент, дотсент ва мудири кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи тиббии ш. Ленинград (1930 – 40). Соли 1940 ба Тоҷикистон омада, дар Донишкадаи давлатии тиббӣ кафедраи ҷарроҳии умумиро таъсис дод ва то с. 1946 мудирии онро ба ӯҳда дошт. Фаъолияти минбаъдаи К. дар Донишкадаи тиббии ш. Лвов гузаштааст. Оид ба пешгирии заҳролудӣ, зиқи дил, гангрена ва диг. бемориҳо зиёда аз 60 таълифот аз даст баровардааст.
Ос.: Газовая инфекция. Экспериментальные данные к её этимологии, Л., 1936; Хирургическое лечение грудной жабы, Л., 1939; Диагностика газовой инфекции, Сталинабад, 1945.
Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …