Главная / Илм (страница 23)

Илм

МАЗОХИЗМ

mazohizm

МАЗОХИЗМ (Masochismus), майл ба зӯроварӣ, эҳсоси қаноатмандӣ пайдо кардан аз таҳқиру машаққат расондани дигарон. Истилоҳи М. аз номи нависандаи австрӣ Захер Мазох, ки гирифтори ин беморӣ будааст, бармеояд. М.-и шаҳвонӣ яке аз намудҳои фосиқӣ буда, дар мавриди он агар яке аз ҳамхобаҳо аз ҷониби шарики худ ҳарчи зиёдтар азияту залолат …

Муфассал »

МАЙВИЗАҶ

mayvizach

МАЙВИЗАҶ (Delphinium oreophilum), гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 70 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш думчадароз, 3 – 5 – парра, гулаш кабуд, мевааш дарфшмонанди нӯгкаҷ, пашмакдор. Июн – июл гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар дашту арчазор, марғзор, чимзамин, нишебиҳо ва санглох мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, …

Муфассал »

МАЙДОНИ МАГНИТӣ

magnit

МАЙДОНИ МАГНИТӣ, майдони қуввагиест, ки ба зарядҳои электрии мутаҳаррик ва ҷисмҳои дорои моменти магнитӣ новобаста ба ҳолати ҳаракати онҳо таъсир мекунад. Ноқили ҷараёндор, ҷисмҳои зарядноки мутаҳаррик ё магнитнок кардашуда манбаъҳои М. м. мебошанд. Дар ҳама маврид сабаби умумии пайдоиши М. м. ҳаракати зарядҳои электрӣ аст. М. м. ба ҳамаи объектҳои …

Муфассал »

МАЙДОНЧАИ СПОРТИи

maydoni-sport

МАЙДОНЧАИ СПОРТИи рӯи ҳавлӣ барои бо тарбияи ҷисмонӣ мунтазам машғул шудан шароити зарурӣ ва мусоид фароҳам меоварад. Министадиони рӯи ҳавлиҳо ҷои нисбатан камро ишғол мекунад ва зеби ҳар як маҳалли истиқоматӣ мебошад. Ҷиҳози М. с.-ро асосан аз ғулбаҳои филизӣ ва чӯб месозанд. Ҷиҳози асосӣ – барабан – «давдавак», ходаҳо барои …

Муфассал »

МАЙЗАДАГИИ МУЗМИН

mayzadagii-muzmin

МАЙЗАДАГИИ МУЗМИН, бемориест, ки аз сабаби мунтазам ва беэътидол истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртдор инкишоф меёбад. Нишонаҳои аввалини он: одам миқдори муайяни машруботи спиртдорро менӯшад, вале заҳролуд намешавад, шароб ба дили ӯ намезанад ва қай намекунад. Дар айни замон нисбати машрубот шавқи носолиме пайдо хоҳад шуд (доимо дар бораи он фикр …

Муфассал »

МАЙЗАДАГӣ

mayzadagi

МАЙЗАДАГӣ (Alcoholismus), алкоголизм, истеъмоли аз ҳад зиёди машруботи спиртдор, ки ба саломатӣ ва қобилияти кории шахси майпараст, инчунин ба маишату осудагии ҷамъият зарар мерасонад. Доир ба нӯшокиҳои спиртдор дар маъхазҳои хаттии қадимтарин маълумот вуҷуд дорад. Тарзи майкашӣ ҳанӯз замонҳои пеш ба бисёр қабилаҳо маълум буд. Бино ба баъзе ақидаҳо дар …

Муфассал »

МАЙНАПАРДА

maynaparda

МАЙНАПАРДА (Meninges), ташкилаи иборат аз бофтаҳои пайвандӣ, ки мағзи сар ва ҳароммағзро фаро гирифтааст. М. вазифаи муҳофизию тағзиявӣ дошта, ҳаракати хунро дар майна танзим менамояд. М. сахт (Dura mater), анкабутӣ (Arachnoidea mater) ва нарм ё рагӣ (Pia mater) мешавад. Пардаи сахти мағзи сар аз ду варақ иборат аст, ки байни …

Муфассал »

МАКАРЧЕНКО Александр Федерович

makarchenko

МАКАРЧЕНКО Александр Федерович (1903, ш. Мариуполи Украина – 1979, ҳамон ҷо), неврофизиолог ва невропатолог, профессор, узви пайвастаи АИ Украина, Арбоби шоистаи илми Украина. Донишкадаи тиббии Харковро хатм кардааст (1933). С-ҳои 1933 – 36 таҳсил дар аспирантура. То оғози ҶБВ дар дастгоҳи Вазорати тандурустии Украина кор кардаааст. Чанд муддат директори Донишкадаи …

Муфассал »

МАКРОФАГҲО

makrofag

МАКРОФАГҲО (аз юн. макро… ва фаgos – хӯранда), полибластҳо, ҳуҷайраҳои табиаташон мезенхимавии организмҳои зинда, ки бактерияҳо, боқимондаи ҳуҷайраҳои фавтида ва диг. зарраҳои барои организм бегона ва заҳрнокро дошта ҳазм менамоянд. Истилоҳи «М.»-ро с. 1982 И. И. Мечников ба илм дохил кардааст. Ба М. моноситҳои хун, гистиосити бофтаҳои пайвандӣ, ҳуҷайраҳои эндотелияи …

Муфассал »

МАКТАБ

maktab

МАКТАБ (талаботи беҳдоштӣ), муассисаи таълиму тарбия. Сохтмони М.- ҳо аз рӯи лоиҳаи махсус сурат мегирад, ки дар он тамоми талаботи беҳдоштӣ нисбати бинои мактаб пешбинӣ шудаанд. Замини М. (на камтар аз 0,3 га; 40 – 50%-и он бояд барои боғча ва сабзкорӣ истифода гардад) ба чанд қитъа ҷудо карда мешавад: …

Муфассал »