Главная / Илм / МАЙЗАДАГИИ МУЗМИН

МАЙЗАДАГИИ МУЗМИН

mayzadagii-muzminМАЙЗАДАГИИ МУЗМИН, бемориест, ки аз сабаби мунтазам ва беэътидол истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртдор инкишоф меёбад. Нишонаҳои аввалини он: одам миқдори муайяни машруботи спиртдорро менӯшад, вале заҳролуд намешавад, шароб ба дили ӯ намезанад ва қай намекунад. Дар айни замон нисбати машрубот шавқи носолиме пайдо хоҳад шуд (доимо дар бораи он фикр мекунад, аз фикри шаробнӯшӣ хушҳол мешавад ва ғ.). Фақат дар ҳолати мастӣ алоқамандӣ ва хушҳолӣ эҳсос мегардад. Агар шароб набошад, дар вазъияти беҳтарин низ парешонҳолию асабоният рух менамояд, қобилияти корӣ паст мешавад. Баъди нӯшидани миқдори одатии шароб авзоъ беҳтар мегардад, фаъолияти рӯҳӣ барқарор ва хотир ҷамъ мешавад.
Бо мурури замон ин иштиёқи носолим дар шакли кӯшиши пайгирона барои ба даст овардани шароб зоҳир гашта, ба ҳама рафтору кирдори бемор раҳнамоӣ мекунад. Иштиёқ ба дараҷаи гуруснагӣ ва ташнагии сахт мерасад, дар ин ҳол гавҳараки чашм калон мешавад, одамро арақ зер мекунад. Мастигарӣ мунтазам ва доимӣ мегардад, таъсири оромбахши шароб кам ва баръакс, таъсири ангезишовари он меафзояд. Майзада дар ҳушёрӣ ланҷ, парешонхотир ва рӯҳафтода аст; дар мастӣ фаъолу серҳаракат мебошад. Аммо чунин болидарӯҳӣ зуд ба ошуфтагӣ, бадхашмӣ ё афсурдарӯҳӣ иваз мешавад. Рашк ва ҳисси ранҷиши беасос, ҷангҷӯӣ, интиқом ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми мастӣ ҳофиза халал меёбад, ҷузъиёти воқеаҳои аз сар гузашта фаромӯш мешаванд ё майзада баъди ҳушёр шуданаш, ҳеҷ чизро ба ёд оварда наметавонад.
Алоими хумор тадриҷан, одатан, баъди 4 – 10 соли беморӣ инкишоф меёбад. Аввалҳо эҳсоси нороҳатӣ ва беҳолӣ пайдо мешавад, нишонаҳои сабуки вегетативӣ – хамёзакашӣ, вараҷа, исҳол рӯй медиҳанд. Вақте ки аломати хумор ба авҷи аъло мерасад, зуҳуроти он гуногун мешавад (васеъ шудани гавҳараки чашм, серарақӣ, вараҷа, хамёза, тарангии мушакҳо, ларзиши дастон, ихтилоли ҳаракат, баланд гаштани фишори хун, дилзанӣ, бехобӣ, гум шудани иштиҳо). Баробари авҷ гирифтани иштиёқи пайгирона ба шароб хумори пагоҳӣ (сабӯҳӣ) ба мастии рӯзона мегузарад. Тадриҷан ба он ноҷӯриҳои ҷиддии рӯҳӣ илова мешаванд. Илова ба нишонаҳои муқаррарӣ (бехобӣ, ошуфтагӣ, авзои мушаддад) ваҳми номуайян, изтироб, рӯҳафтодагӣ, ҳисси гунаҳгорӣ ба вуҷуд меоянд. Баъзан ташаннуҷ ва психози шадид, ки шакли маъмултарини он доулхамр («васвоси майзадагӣ») мебошад, мушоҳида мегардад. Психози шадид ва ташаннуҷ қобилияти зеҳнии беморро коҳиш медиҳанд.
Бо мурури тӯл кашидани беморӣ зуҳуроти майзадагӣ низ тағйир меёбад. Майзада аз миқдори хеле ками шароб маст мегардад, дар сурати андаке маст шудан ҳам, заъфи ҳофиза рӯй медиҳад. Баъзан мастигарӣ даврӣ мешавад, яъне майхорагии ҳақиқӣ ба амал омада, бемор рӯз аз рӯз камтар менӯшад, майхорагӣ бо заъфи вазнини рӯҳиву ҷисмонӣ ва дигар истеъмоли карда натавонистани шароб хотима меёбад. Тадриҷан алоими хумор ҳам дигаргун мешавад, хавфи он барои ҳаёти бемор меафзояд. Дар ҳолати хумор майзадаҳо ба душворӣ қадам мезананд, ланҷ, беҳавсала ё рӯҳафтода буда, баъзан худкушӣ мекунанд. Гоҳо дар давраи аз ҳад гузаштани майзадагӣ психозҳои музмин (васвоси рашк, галлютсиноз, камақлии алкуҳулӣ), ихтилоли шуур, фалаҷ ва ғ. рӯй медиҳанд.
Оқибати биологию иҷтимоии М. м. барои бемор ва ҷамъият вазнин аст. Оқибатҳои биологии он ихтилоли рӯҳу тан мебошад. Дар аввал нишонаҳои астениявӣ (хастагӣ, сустӣ, номувозинати инфиолӣ) ба амал омада, бо бехобӣ, беиштиҳоӣ, ихтилоли гуногуни вазифавӣ ҷараён мегиранд. Майзадагӣ тадриҷан боиси заъфи интеллект (парешонхотирӣ, паст гаштани қобилияти эҷодӣ ва ҳатто камақлӣ), ноустуворӣ, дағалӣ, тундмизоҷӣ, беинтизомӣ, бетоқатӣ, парешонӣ, тағйироти шахсият (маҳдуд шудани доираи муошират ва машғулият, барҳам хӯрдани шавқу ҳавас, нест шудани талабот ба инкишофи маънавӣ, дониш, такмили ихтисос, ихтилоли ақидаҳои ахлоқӣ, бепарвоӣ нисбат ба қарордодҳои муҳими пешина, гум кардани ҳисси эҳтиром нисбат ба обрӯву эътибор ва шахсияти инсон) мегардад. Ихтилоли тан гуногун аст. Бештар силсилаи дилу рагҳо ва дастгоҳи гувориш осеб мебинанд. Хусусан, ҷигар сахт осеб меёбад. М. м. сабаби асосии сиррози ҷигар мебошад. Ихтилоли гуногуни системаи асаб низ аз оқибатҳои ногувори М. м. аст: танзими асаби кулли организм халал меёбад, ҳаракат ва рафтор бесомон мегарданд, невритҳои гуногун пайдо мешаванд. Хусусан неврити асаби чашм хавфнок буда, оқибат боиси заъфи босира, танг гаштани доираи биниш, рангкӯрӣ мегардад. Ҳангоми нӯшидани шароби суррогат билкул нобино шудан мумкин аст.
Умри беморони М. м. кӯтоҳ буда, онҳо бисёр вақт дар синни 30-солагӣ ҳалок мешаванд. Сабабҳои бевоситаи марг иллати дилу рагҳо, ҳодисаҳои нохуш, нотавонии ҷигар, панкреатити шадид, сармо задан, худкушӣ, психози шадид ва ғ. мебошанд.
Мухолифати майзада бо ҷамъият тағйироти шахсият (пастравии маънавию ахлоқии ӯ) – ро метезонад. Вай маҷбур мешавад дурӯғ гӯяд, худро сафед кунад. Ин ҳолатро заъфи рӯзафзуни интеллекти ӯ вазнинтар менамояд. Тадриҷан мавқеи иҷтимоии ӯ таназзул меёбад: ихтисос, кор ва оилаи худро гум мекунад. Майзадагӣ расман ба оилавайронӣ наоварад ҳам, ба ҳаёт ва саломатии камаш ду насл зарари калон ворид месозад. Дар насли майзадаҳо бемориҳои саръ, олигофрения, нуқсонҳои гуногуни инкишоф нисбатан бештар вомехӯранд. Шароити вазнине, ки дар оилаи майзада мавҷуд аст, сабаби тарбия ва инкишофи нодурусти кӯдак мешавад. Густариши М. м. ахлоқро бад карда, ба инкишофи ҷинояткорӣ оварда мерасонад.
Муолиҷаи майзадагии музмин. Натиҷаи солҳои зиёд аз шароб заҳролуд шудани организм ин аст, ки дар қатори дигар ноҷӯриҳо фаъолияти биологӣ низ сахт тағийр меёбад ва парҳез аз шароб дер давом кунад ҳам, ҳангоми дубора ба майнӯшӣ шурӯъ кардан, бемайлон боз ба мастигарӣ мебарад. Мӯҳлати парҳез ҳар қадар кам бошад, хоҳиши мастӣ ҳамон қадар зудтар ва сахттар пайдо мешавад. Бинобар ин, дар сурати риоя накардан ба парҳез ҳамеша хавфи он аст, ки беморон ихтиёри худро аз даст диҳанд. Мақсади табобат қатъ кардани майнӯшӣ, бартараф сохтани алоими хумор, барқарор намудани вазифаи узв, мағлуб сохтани рағбат ба шароб, тамоили устувор ба зиндагии ҳушёрона аст.
Худи бемор бе мадади духтур рафти маризиро боздошта наметавонад. Фақат дар давраҳои аввали беморӣ мастигариро бошуурона қатъ кардан мумкин аст. Беморе, ки шахсияти ӯ тағйир наёфтааст, агар хатари вазъияти ба вуҷуд омада (ихтилофҳо дар оила, дар кор ва ғ.)-ро бифаҳмад, рағбати ба шароб доштаи худро бартараф карда метавонад. Худ ба худ қатъ гардидани мастигарӣ, одатан, баъди психози сахти алкуҳулӣ ба вуқуъ пайваста, баъзан зиёда аз ним сол давом мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо ба табобати беруна дахолат бояд кард. Дар ин маврид махсусан роли оила калон аст. Шакли беморӣ гирифтани мастигариро одамони наздик нисбатан зудтар пай мебаранд, бо оқибати вазнини М. м. аввалин шуда онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Муолиҷа ҳар қадар бештар ба таъхир андохта шавад, оқибатҳои хавфноки бемориро бартараф кардан ҳамон қадар мушкилтар мегардад. Дер муроҷиат кардан ба духтур бисёр вақт натиҷаи надонистани нишонаҳои ибтидоии беморӣ аст. Муддати мадид, ҳатто вақте ки кайҳо рағбати носолим ба шароб пайдо шудаасту шахс барои нӯшидан ҳар гуна баҳона меҷӯяд ва барои ин ҳамфикрон ҳам дорад, М. м.-ро ҳамчун мастигарии муқаррарӣ ва таъсири дӯстон мепиндоранд. Майзада ва наздикони ӯ таҳти ғубори тахаюлот монда умед ба он мебанданд, ки дар мавриди зарурат «ақлро ба кор андохтан» ва мастигариро қатъ кардан мумкин аст.
Муддати зиёд наздикон ба ваъдаҳои майзада дар бораи қатъи майнӯшӣ ё баэътидол нӯшидан бовар мекунанд. Ин савгандҳо ҷиддианд ва худи бемор низ ба иҷрои онҳо бовар дорад, вале рағбати носолим боз ва боз аз ниятҳои ӯ зӯртар мебарояд. Барои исботи қудрати иродаи худ майзада чанд вақт парҳез кардани худро мисол меоварад. Вале моҳияти далелҳои ӯ ин аст, ки аз ҳад зиёд нӯшидан ҳодисаи доимӣ буда, парҳез муваққатист. Илова бо нодуруст баҳо додан ба вазъи майзада, наздикони бемор боз саҳви дигаре мекунанд: онҳо умед мебанданд, ки бо иродаи худ мастигариро ба тартиб меандозанд ва ба ин мақсад майнӯширо дар хона ташкил мекунанд («то ки дар кӯча нанӯшад»), дар рӯзҳои истироҳат бисёр нӯшиданро иҷозат медиҳанд («то ки дар рӯзҳои корӣ нанӯшад»). Вале махсусияти беморӣ, яъне ғайриимкон будани назорат ва пешгирӣ карда натавонистани истеъмоли шароб, ин тадбирҳоро беманфиат мегардонанд. Ҳатто баъди он ки тамоми чораҳо андешида шуданд, наздикон ба духтур муроҷиат карданро кашол медиҳанд, аз тарси нарезондани обрӯи арақхӯр ба инкишофи беморӣ мусоидат мекунанд. Ягона роҳи имконпазиру дуруст дар мавриди ба бемории майзадагӣ гирифтор шудани яке аз аҳли оила пайгирона талаб кардани қатъи мастигарӣ ва ҳангоми натиҷаи дилхоҳ надодани парҳез муроҷиат ба духтури нарколог аст. Бисёр вақт беморон ба ғазаб эътироз мекунанд, аз муолиҷа рӯ метобанд. Дар ин мавридҳо дар хотир бояд дошт, ки ҳар қадар беморӣ инкишоф ёбаду ихтилоли рӯҳӣ ва тағийроти шахсият амиқтар гардад, қаҳру ғазаб ва эътирози майзадаҳо хавфноктар мешавад.
Агар бемор зери таъсири атрофиён «акнун ман ба шароб рағбат надорам, мисли дигарон солим ҳастам ва нӯшида метавонам…» гуфта, боз нӯшад, беморӣ мумкин аст аз нав хурӯҷ кунад. Баъди ин дар оила ба бемор ҳамчун ба шахси аз бемории вазнин шифоёбанда муомила бояд кард. Вай бояд реҷаи қатъии кор ва истироҳат дошта бошад, саривақт ғизо хӯрад, чунки гуруснагӣ иштиёқро ба нӯшокии спиртӣ бедор месозад. Эҳсоси тезу тунд ва андӯҳ ба авҷ гирифтани беморӣ мусоидат мекунанд. Муолиҷа ҳар қадар дер сар шуда бошад, ҳамон қадар эҳтимоли зиёд меравад, ки иштиёқи носолим бе сабаби аниқе аз нав рӯй медиҳад. Бисёр вақт бемор ин рағбатро ҳис намекунад ё онро бешуурона рафъ месозад, вале худ асабонӣ мешавад. Нишонаҳои шиддат гирифтани беморӣ тақозо мекунанд, ки зуд ёрии тиббӣ расонда шавад. Беморро бисёр вақт дар беморхона хобондан лозим меояд. Ба ташкили истироҳат ва фароғати майзадаҳое, ки муолиҷа карда шудаанд, кӯмак расондан зарур аст.
Ад.: Болотова З. Н., Алкоголизм – общественное зло, Киев, 1982; Гудвин Д. У., Алкоголизм, М., 2002; Лапин И. П., Стресс. Тревога. Депрессия. Алкоголизм. Эпилепсия, СПб., 2004.

Ғ. Қ. Мироҷов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

mavjudot

МЕЪЁРҲОИ МАВҶУДОТИ ЗИНДА

То солҳои наздик олимон ақида доштанд, ки мавҷудоти зинда аз ғайризинда бо мубодилаи моддаҳо, ҳаракат, …