Главная / Илм / МАЙНАПАРДА

МАЙНАПАРДА

maynapardaМАЙНАПАРДА (Meninges), ташкилаи иборат аз бофтаҳои пайвандӣ, ки мағзи сар ва ҳароммағзро фаро гирифтааст. М. вазифаи муҳофизию тағзиявӣ дошта, ҳаракати хунро дар майна танзим менамояд.
М. сахт (Dura mater), анкабутӣ (Arachnoidea mater) ва нарм ё рагӣ (Pia mater) мешавад.
Пардаи сахти мағзи сар аз ду варақ иборат аст, ки байни ҳамдигар ва сатҳи дохилии устухони косахонаи сар зич ҷой гирифтаанд. Он чанд шоха меронад (доси майнаи калон, чодари майнача ва ғ.), ки байни ҳиссаҳои майна ворид шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо мекунанд. Дар ҷойҳои баромади шохаҳо пардаи сахт қабат-қабат шуда, ҷайбҳои венавиро ба вуҷуд меорад. Ба ҷайбҳо аз венаҳои майна, пардаи сахт, устухонҳои ҷумҷума хун меояд ва дар системаи венаҳои юғии дохилӣ ҷамъ мегардад.
Пардаи анкабутӣ ба умқи ҷӯякҳои майна намеравад, бинобар ин дар байни он ва пардаи нарм фазои зерианкабутӣ ба вуҷуд меояд, ки аз моеъи майна ва ҳароммағз пур аст. Фазои зерианкабутӣ дар баъзе ҷойҳо фаррох гашта, зарфиятҳо (систерна)-ҳоро ташкил мекунад.
Пардаи нарм аз ду лавҳача иборат аст, ки дар байни онҳо артерия ва венаҳои мағзи сар ҷой гирифтаанд. Пардаи нарм бо бофтаи майна пайваст буда, дар ташаккули рагҳои чигили меъдачаҳои майна (онҳо моеъи майнаю ҳароммағзро ҳосил мекунанд) иштирок дорад.
Ба М. шохаҳои ҷуфти V, X ва XII-и асабҳои ҷумҷумаю майна, инчунин чигилҳои асаби симпатии артерияҳои суботии дохилӣ ва сутунмӯҳра хидмат мерасонанд. Пардаи сахт бар фарқи пардаи нарм дардро эҳсос мекунад; манбаи асосии иннерватсияи он асаби сетора аст. Иннерватсияи пардаи ҳароммағз ба тавассути шохаҳои асабҳои ҳароммағз ва танаи асабҳои симпатӣ сурат мегирад.
Пардаи сахтро артерияҳои ҷоғи боло, сутунмӯҳра, паси сар ва хонаи чашм бо хун таъмин месозанд. Анкабутпарда раг надорад. Пардаи нарм дорои шабакаи мӯрагҳост. Дар М. рагҳои лимфавӣ ба мушоҳида нарасидаанд.
КЛ
Пардаи сахти майна: 1 – доси майнаи калон; 2 – ҷайби рост; 3 – чодари мағзча; 4 – диафрагмаи зини туркӣ; 5 – асаби босира ва артерияҳои суботии дохилӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …