Главная / Илм / МАКРОФАГҲО

МАКРОФАГҲО

makrofagМАКРОФАГҲО (аз юн. макро… ва фаgos – хӯранда), полибластҳо, ҳуҷайраҳои табиаташон мезенхимавии организмҳои зинда, ки бактерияҳо, боқимондаи ҳуҷайраҳои фавтида ва диг. зарраҳои барои организм бегона ва заҳрнокро дошта ҳазм менамоянд. Истилоҳи «М.»-ро с. 1982 И. И. Мечников ба илм дохил кардааст. Ба М. моноситҳои хун, гистиосити бофтаҳои пайвандӣ, ҳуҷайраҳои эндотелияи мӯрагҳо (синусоидҳо)-и узвҳои хунофар, баъзе ҳуҷайраҳои ҷигар, ҳуҷайраҳои девораи алвеолаҳои шуш ва девораи шикампарда мансубанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …