Главная / Илм / МАЙВИЗАҶ

МАЙВИЗАҶ

mayvizachМАЙВИЗАҶ (Delphinium oreophilum), гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 70 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш думчадароз, 3 – 5 – парра, гулаш кабуд, мевааш дарфшмонанди нӯгкаҷ, пашмакдор. Июн – июл гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар дашту арчазор, марғзор, чимзамин, нишебиҳо ва санглох мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Шарқӣ, Помири Ғарбию Шарқӣ (дар баландии 2000 – 4000 м аз с.б.) паҳн шудааст.
Хосияти заҳрнокӣ ва табобатии М. аз қадим маълум аст. Ба гуфтаи Абӯалии Сино М. хосияти сӯзонандагӣ, хӯрандагӣ, тамъи тез дорад. М.-ро дар сирко ҷӯшонда, ҳангоми дарди дандон ва илтиҳоби вораҳо даҳонро мечайқонанд. Нӯшидани он хавфнок аст, чунки масонаро захмдор мекунад.
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби М.-ро дар мавриди омосҳои гуногун, чурра, сифилис, зардпарвин, илтиҳоби ғадуди зери меъда, бемориҳои узвҳои ҷинсӣ ва ҷигар истифода мебурданд. Гули онро чой карда, чун воситаи киҷҷарон, арақрон, пешоброн, зидди илтиҳоб истеъмол менамоянд. Шираи баргу пояи М. ҳангоми бемории роҳҳои болоии нафас тарбандӣ (барои гарм кардани гулӯ) карда мешавад. Бо ҷӯшоби он дар мавриди фалаҷ, тарбод, радикулит ва касалиҳои пӯст оббозӣ мекунанд. М. растании хеле заҳрнок аст. Бинобар ин, дар шароити хона истифода бурдани он маслиҳат дода намешавад.
Алкалоидҳои таркиби М. (делсамин, конделфин, метилликаконитин) дар тибби илмӣ маълум буда, ҳангоми баландии тонуси мушакҳо ва баъзе иллатҳои марбут ба ихтилоли фаъолияти ҳаракат (паркинсонизм, склероз, фалаҷ ва ғ.), ки бинобар амрози силсилаи асабҳои марказӣ рух менамоянд, фаровон истифода мегарданд.
Ад.: Ковалёва Н. Г. Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …