Главная / Илм (страница 22)

Илм

МАГНИЙ

magniy

МАГНИЙ (Magnesium), Mg, элементи химиявии гурӯҳи II системаи даврии Менделеев, рақами ат. 12, массаи ат. 24,305. М.-и табиӣ аз 3 изотопи собит – 24 Mg (78,60%), 25 Mg (10,11%) ва 26 Mg (11,29%) иборат аст. 3 изотопи радиоактивии сунъиаш – 23 Mg, 27 Mg, 28 Mg низ ҳосил карда шудааст. …

Муфассал »

МАГНИТИ ЧАШМ

magniti-chashm

МАГНИТИ ЧАШМ, асбоби махсус, ки дар амалияи офталмологӣ барои аз ғӯзаи чашм ва бофтаҳои он берун овардани ҷисмҳои бегона (зарраҳои оҳан, пӯлод ва ғ.) кор мефармоянд. М. ч. электрӣ ва доимӣ мешавад. Дар М.ч. майдони магнитиро ба тавассути ҷараёни барқ ҳосил мекунанд. М.ч. – и доимиро аз хӯлаҳои махсус месозанд; …

Муфассал »

МАГНИТОТЕРАПИЯ

magnitoterapiya

МАГНИТОТЕРАПИЯ (Magnetotherapia), яке аз усулҳои физиотерапия. Бо мақсади табобат майдони магнитии баланд ё пастбасомад, импулсӣ ё ғайримуттасил кор фармуда мешавад. Майдони магнитӣ ба фаъолияти силсилаи асабҳои вегетативӣ таъсири мусоид дорад. Он ҳассосияти дастгоҳи ретсепторӣ ва асабҳои канориро кам карда, ҳамин тавр таъсири бедардгардонӣ мерасонад; вай ҳамчунин танзими нейрорефлексии фаъолияти узву …

Муфассал »

МАГНОЛИЯ

magnoliya

МАГНОЛИЯ (Magnolia grandiflora), дарахтест ҳамешасабз. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти ҷилодор (дарозиаш 12 – 25 см, бараш 4 – 12 см), гули сафеди калони хушбӯй (диаметраш 10 – 22 см), баргмеваи чалғӯзашакл (дарозиаш то 12 см, бараш то 6 см), тухми лӯбиёмонанд дорад. М. аз набототи Америкаи Шимолӣ …

Муфассал »

МАҒЗИ ДАРОЗРӯЯ

magzi-darozruya

МАҒЗИ ДАРОЗРӯЯ (Medulla oblongata), давоми ҳароммағз дар косахонаи сар; дар байни майнаи қафо ва ҳароммағз ҷойгир аст. Аз ядрои М. д. асабҳои ҷумҷумаю мағзии забону ҳалқ, гумроҳ, изофагӣ ва зери забон ибтидо меёбанд. Ба тавасути М. д. рагҳое мегузаранд, ки импулсҳоро аз ҳароммағз ба мағзи сар ва аз мағзи сар …

Муфассал »

МАҒЗИ САР

magzi-sar

МАҒЗИ САР (Encephalon), қисми пеши силсилаи асабҳои марказӣ, ки дар ҷавфи косахонаи сар (ҷумҷума) ҷой гирифтааст. Он аз нимкураҳо, тана ва майнача иборат аст. Вазни М. с.-и одами калонсол 1200 – 1400 г мебошад. М.с.-и кӯдаки навзод ба ҳисоби миёна 350 г вазн дорад, ки ҳаштяк ё даҳяки вазни умумии …

Муфассал »

МАҒЗИ УСТУХОН

magzi-ustugon

МАҒЗИ УСТУХОН (Medulla ossium), узви хуну устухонофар ва ҳифзи биологии организм; дар ҷавфи моддаи исфанҷии устухон ҷой гирифтааст. Ташаккули М. у. дар тифли батн дар охири моҳи сеюми рушди он хотима ёфта, дар моҳҳои 4 – 5 ба фаъолият (ҳосил кардани хун) оғоз мекунад. Дар навзодон массаи М. у. тақр. …

Муфассал »

МАҒЗЧА

magzcha

МАҒЗЧА (Cerebellum), майнача, як қисми мағзи сар. М. дар координатсияи ҳаракат, ҳифзи ҳолату вазъи тан, тонус ва мувозанати бадан ширкат меварзад. Дар чуқураки қафои ҷумҷума дар болои мағзи дарозрӯя ва пули Варолио мавқеъ гирифтааст. Дар болои М. ҳиссаҳои пасисарии майна мавқеъ ёфтаанд; дар байни онҳо ва М. шохаи сахти майнапарда …

Муфассал »

МАҒОР

magor

МАҒОР, пӯпанак, карра, гарди тибит ё махмалинест дар растанӣ, хӯрокворӣ, баъзан ҳайвонот ва ғ., ки аз спора гузоштани пӯпанак – аскомисетҳо, фикомисетҳо ва занбӯруғҳои дараҷаи паст ҳосил мешавад. Риштаҳои занбӯруғӣ (митселияҳо) субстратро сӯрох ва ферментҳои махсус ҷудо намуда, онро вайрон месозанд. М. ба хоҷагии халқ зарари калони иқтисодӣ мерасонад, маҳсулоти …

Муфассал »

МАДАЛИЕВ Исматулло Неъматуллоевич

nophoto

МАДАЛИЕВ Исматулло Неъматуллоевич ( 30. 09. 1950, ш. Душанбе – 10. 03. 2010, ҳамон ҷо), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1997), проф. (1997). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1973). Ординатори Беморхонаи марказии ноҳ. Ленинград (1973 – 75), ординатори Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 (1975 – 85), аспирант (1985 – 88), ассистент (1988 – …

Муфассал »