Главная / Илм / МАКТАБ

МАКТАБ

maktabМАКТАБ (талаботи беҳдоштӣ), муассисаи таълиму тарбия. Сохтмони М.- ҳо аз рӯи лоиҳаи махсус сурат мегирад, ки дар он тамоми талаботи беҳдоштӣ нисбати бинои мактаб пешбинӣ шудаанд. Замини М. (на камтар аз 0,3 га; 40 – 50%-и он бояд барои боғча ва сабзкорӣ истифода гардад) ба чанд қитъа ҷудо карда мешавад: варзишгоҳ (майдонча барои тӯббозӣ, гимнастика, варзиши сабук); таълимию тарбиявӣ (барои корҳои кишоварзӣ, зироат); майдончаи бозиҳои серҳаракат ва истироҳат; қитъаи хоҷагидорӣ бо даромадгоҳи ҷудогона. Баландии мувофиқи бинои М. – 3 ошёна аст; он бояд чанд ҷои баромад дошта бошад, ки барои андешидани тадбирҳои зиддиэпидемӣ мувофиқат намоянд. Талаботи беҳдоштӣ нисбати М. алоҳида будани чанд гурӯҳ синфхонаҳоро барои кӯдакони ҳамсинну сол ва робитаи мувофиқ байни қитъаи таълимиро пешбинӣ мекунад.
Синфи I бояд аз 30 наф., синфҳои II – IX аз 40 наф., синфҳои Х – ХI аз 36 наф. зиёд хонанда надошта бошанд. Дар деҳот сохтани М.-ҳои синфхонаҳояшон барои хонандагони ададашон камтар иҷозат аст.
Масоҳати синфхонаҳо бояд на камтар аз 64 м2, кабинетҳои лабораторӣ – 66 м2 бошад. Масофа аз тахтаи синф то қатори охири мизҳо ё партаҳо 8 – 9 м аст. Сатҳи тахтаи синф бояд сӯфтар ва беҷило, барои ба фарш нарехтани гарди бӯр, гузоштани латта, бӯр новача дошта бошад. Масолеҳи беҳтарин барои тахтаи синф ленолеум аст. Тахтаҳои синфии рангашон сабз тавсия мешаванд. Онҳо нури рушноиро нисбатан кам фурӯ бурда, барои дидани навиштаҷот хеле мувофиқ мебошанд. Шифти синфхона бояд на камтар аз 3 м баландӣ дошта бошад. Масоҳати толори варзиш: 144м2 – 3м; 162 м2 – 5,4м; 288 м2 ва зиёда аз он – 6 м. барои таълими меҳнати хонандагони синфҳои V – X кабинети омӯзиши касб ва асосҳои истеҳсолот, устохонаи истеҳсолот, устохонаи универсалӣ оид ба шаклҳои меҳнати техникӣ фаъолият менамоянд. Инчунин барои ҳамаи кабинетҳои таълимӣ хонаҳои лабораторӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар М.-ҳои замонавӣ кабинетҳои таълимии информатика ва компютерӣ вуҷуд доранд.
Дар М. бояд барои ҳифзи тандурустии кӯдакон ҳама гуна шароит фароҳам сохта шавад. Дар ин бобат низоми таълим (ниг. Синни мактабӣ) ва мебели мактаб аҳамияти калон дорад.
Барои китобу дафтар ва диг. ашёи хониш хонандагон, хусусан хонандагони синфҳои поёнӣ, бояд аз сумкаи китфӣ истифода кунанд; хонанда онро ба тахтапушт меовезад ва ҳамин тавр, вазн баробар тақсим мешавад, ки барои пешгирии хамидагии қомат ва сколиоз дар кӯдакон аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …