Главная / Илм / МАЙДОНИ МАГНИТӣ

МАЙДОНИ МАГНИТӣ

magnitМАЙДОНИ МАГНИТӣ, майдони қуввагиест, ки ба зарядҳои электрии мутаҳаррик ва ҷисмҳои дорои моменти магнитӣ новобаста ба ҳолати ҳаракати онҳо таъсир мекунад. Ноқили ҷараёндор, ҷисмҳои зарядноки мутаҳаррик ё магнитнок кардашуда манбаъҳои М. м. мебошанд. Дар ҳама маврид сабаби умумии пайдоиши М. м. ҳаракати зарядҳои электрӣ аст. М. м. ба ҳамаи объектҳои биологие, ки дар он қарор доранд, таъсир мерасонад. Таъсири М. м. ба рушду инкишофи микроорганзимҳо, наботот ва ҳайвонот низ муқаррар шудааст. Бисёр системаҳои организмҳои олиташаккул ба дарки М. м. қодир мебошанд. Ба таъсири он хусусан системаҳои асаб, усораи дохилӣ (эндокринӣ), дилу рагҳо ва хунофар ҳассосияти бештар зоҳир менамоянд.
М. м. метавонад таъсироти бедардгардонӣ ва зиддиилтиҳобӣ дошта бошад. Истифодаи он баҳри муолиҷа низ маҳз ба ҳамин хусусият вобаста аст (ниг. Магнитотерапия). Хосияти магнитӣ доштани бофтаҳои биологии гуногун барои ихтироъи асбобҳои махсус, ки дар амалияи клиникӣ истифода мешаванд, мусоидат кард. М. м.-ро дар ташхиси ноҷуриҳои дил низ кор мефармоянд (мас., магнитокардиография).

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

mavjudot

МЕЪЁРҲОИ МАВҶУДОТИ ЗИНДА

То солҳои наздик олимон ақида доштанд, ки мавҷудоти зинда аз ғайризинда бо мубодилаи моддаҳо, ҳаракат, …