Главная / Илм / МАКАРЧЕНКО Александр Федерович

МАКАРЧЕНКО Александр Федерович

makarchenkoМАКАРЧЕНКО Александр Федерович (1903, ш. Мариуполи Украина – 1979, ҳамон ҷо), неврофизиолог ва невропатолог, профессор, узви пайвастаи АИ Украина, Арбоби шоистаи илми Украина. Донишкадаи тиббии Харковро хатм кардааст (1933). С-ҳои 1933 – 36 таҳсил дар аспирантура. То оғози ҶБВ дар дастгоҳи Вазорати тандурустии Украина кор кардаааст. Чанд муддат директори Донишкадаи тиббии Лвов буд. С. 1941 ба Тоҷикистон омада, то с. 1944 дар вазифаҳои сардухтури Беморхонаи физиотерапевтии Хуҷанд, мудири Шӯъбаи тандурустии вилоятӣ, директори Донишкадаи тиббии Сталинобод, ҷонишини якуми Комиссариати Халқии Тандурустӣ фаъолият намудааст. С-ҳои 1944 – 71 мудири Шӯъбаи тандурустии КМ ҲК Украина, ҷонишини якуми вазири тандурустии ИҶШС, директори Ин-ти физиологияи ба номи А.А. Богомолетс буд. Чанд сол ҳамчун ноиби Президенти АИ Украина ифои вазифа кардааст. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмист, ки ба масъалаҳои тибби амалӣ мансуб мебошанд. Усулҳои нави пешгирӣ ва табобати бемориҳои силсилаи асабро пешниҳод намудааст. М. дар пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …