Главная / Илм (страница 196)

Илм

АРАҚ

320px-wodkaflaschen

АРАҚ, нӯшокии спиртдор; омехтаи спирт ва об. А.-ро аз ҷавдор, гандум ва ҷав мекашанд. Барои тайёр кардани А. омехтаи спирт ва об аз қабати ангишти фаъол гузаронида мешавад. А. метавонад аз 40, 50, 56 фоизи ҳаҷми спирт иборат бошад. Ба А. қиёмҳои гуногун низ ҳамроҳ менамоянд. Баъзе анвои А.-ро бо …

Муфассал »

АРАҚ

holodnij-pot-prichini-2

АРАҚ, моеъи берангест, ки ғадуди арақи баъзе ширмакҳо ва одам ихроҷ мекунад. Ғадудҳои А. дар рӯй, кафи дасту по ва зери бағал ҷой гирифтаанд. А.-и одам аз 98 – 99% об, тақр. 0,1% карбамид, кислотаи пешоб, креатинин, серин, чарб, кислотаҳои чарб, холестерин, намакҳои металлҳои ишқорӣ – хлоридҳо (аз ҳама зиёд …

Муфассал »

АРАҚИ ДАСТӣ

250px-hyper_schweisshand_sb

АРАҚИ ДАСТӣ, нӯшокии дастисохти спиртдор, ки заҳрогин аст. Ғайриқонунӣ дар хона бо роҳи полоиши масолеҳи гуногуни ғизоӣ тавассути дастгоҳҳо тайёр карда мешавад. Истифодаи А. д. аксар вақт боиси заҳролудии вазнини шадид ва музмин мегардад, чунки дар таркиби он омехтаҳои гуногуни зарарнок (равғанҳои сивуха, алдегидҳо, фурфуролҳо ва ғ.) мавҷуданд.

Муфассал »

АРАҚШОРӣ

1328547792

АРАҚШОРӣ, раванди физиологист, ки сардшавии организмро (аз ҳисоби ба буғ табдил ёфтани арақи рӯи пӯст ва нигоҳ доштани мувозинати обу намак) таъмин мекунад. Арақро ғадудҳои махсус, ки дар насҷи чарби зери пӯст ҷойгиранд, ҷудо менамоянд. Ғадудҳои арақ бештар дар зери бағал, кафи дасту пой ҷо гирифтаанд. Арақ аз 99% об, …

Муфассал »

АРАХНОДАКТИЛИЯ

arahnodaktiliya-pri-gomotsistinurii-300x227

АРАХНОДАКТИЛИЯ (Arachnodactylia; аз arachne – тортанак, анкабуд ва dactylo – ангушт), долихостеномалия, анкабутпанҷагӣ, нуқси инкишофи панҷаи дасту пойҳо. Дар мавриди А. панҷаҳо борику дароз шуда, пойҳои тортанакро мемонанд. А. аломати баъзе бемориҳои ирсии бофтаҳои пайвандӣ мебошад, мас., бемории Марфан.

Муфассал »

АРАХНОИДИТ

arahnoidit3

АРАХНОИДИТ (Arachnoiditis; юн. arachne – тортанак ва eidos – шакл), газаки анкабудпардаи мағзи сар ё ҳароммағз. Одатан, ҳамроҳи газаки пардаи нарми мағзи сар пайдо мешавад. А. баъд аз бемориҳои сироятии шадид ва музмин, мас, грипп, газаки римноки бинивораи иловагӣ (ниг. Бинӣ), гӯш (ниг. Отит), бодомак (ниг. Ангина, Тонзиллит), баъд аз …

Муфассал »

АРБОВИРУСҲО

12357

АРБОВИРУСҲО (Arbоviruses), вирусҳои ҳайвонот ва одам, ки ҷонварони бандпой (кана, хомӯшакҳо, кӯрпашша, харакҳо) интиқол медиҳанд. А. дар организми бандпойҳо инкишоф ёбанд ҳам, ба худи онҳо зарар намеоранд. А. ангезандаи энсефалитҳои гуногун, табларзаи хунрез ва диг. бемориҳо мебошанд. Зиёда аз 200 намуди А. маълум аст. Онҳо аз рӯи хусусияти подгунӣ (антигенӣ) …

Муфассал »

Карами тоҷикӣ ва канзи шифо

karami-tojiki

Карами тоҷикӣ — ин намудҳои гуногун: бӯстонӣ, даштӣ ва баҳрӣ низ дорад. Инчунин навъҳои бӯстониаш ҳам гуногун аст. Қисми аз бӯстониашро бехрешааш монанди лаблабу, пӯсташ шахшӯл, сабзранг, баргаш сербари ғафстар аз барги лаблабу, рангаш сабзи ғуборнок аст. Тухмаш резаи кулӯла ва сурхи тираранг, ки ин аз қисмҳои карами набатӣ мебошад. …

Муфассал »

Кашниз (Гашнич) ва хусусияти табобатии он

kashniz-gashnich

Кашниз (ба русс. Кинза) ва онро инчунин «Гашнич» меноманд.  Ин растании машҳур аст, ки онро дар боғҳо ва ҳавлиҳо зироат мекунанд, инчунин намуди саҳроӣ ҳам мерӯядаш, вале инаш барои давогӣ заифтар аст.   Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват аст, вале ба қавли Буқрот, сард ва хушк мебошад дар дараҷаи дувум, инчунин сард то …

Муфассал »

Шалғам ва фоидаи тибби он

shalgam

Шалғам (ба русс. Репа)  — ин растании зироатӣ ба ҳама маълум аст, ки баргҳояш монанди баргҳои турб мебошанд. Қисми зеризаминиаш, яъне бехрешаи онро пухта мехӯранд. Тухмаш сурхи тираранг аст. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва дар охири дараҷаи якум тар аст. Хислатҳои шифобахши он: бехрешаи он, яъне қисми зеризаминиашро пухта …

Муфассал »