Главная / Илм / АРАҚ

АРАҚ

holodnij-pot-prichini-2АРАҚ, моеъи берангест, ки ғадуди арақи баъзе ширмакҳо ва одам ихроҷ мекунад. Ғадудҳои А. дар рӯй, кафи дасту по ва зери бағал ҷой гирифтаанд. А.-и одам аз 98 – 99% об, тақр. 0,1% карбамид, кислотаи пешоб, креатинин, серин, чарб, кислотаҳои чарб, холестерин, намакҳои металлҳои ишқорӣ – хлоридҳо (аз ҳама зиёд NaCl – қариб 0,3%), фосфатҳо, сулфатҳо ва оксикислотаҳои ароматӣ иборат аст. Ба ихроҷи А. ҳамеша тарашшуҳоти ғадуди равған низ ҷур мешавад. Таркиби А. аз вазъи организм, суръати ихроҷ ва миқдори моддаҳои гуногун дар хун вобастӣ дорад. Реаксияи муҳити А. турш (pH 3,8 – 6,2) ё ишқорӣ (ҳангоми таҷзияи карбамид ва ҷудо шудани аммиак) мебошад. Организми одам дар як шаборӯз аз 0,5 то 10 л А., гоҳо бештар аз он (дар вақти кори бошиддати мушакҳо, баланд будани ҳарорати муҳити беруна, вобаста ба миқдори оби нӯшида) ҷудо мекунад. Ҳангоми ноҷуриҳои организм дар таркиби А. глюкоза (диабети қанд), пигментҳои талха, систин (систинурия), баъзан эритроситҳо ба мушоҳида мерасанд.
А. метавонад бӯйи нохуш дошта бошад (мас., А.-и пой), ки сабаби он мавҷудияти кислотаҳои зудбухори равған аст. Кислотаҳои мазкур дар натиҷаи таҷзияи бактериявии А. ҳосил мешаванд. Ҳангоми фаъолияти сахти мушакҳо, хусусан мусобиқаҳои варзишӣ, дар таркиби А. миқдори кислотаи шир (то 500 мг%) ва моддаҳои нитрогендор (дар як шаборӯз то 1 г нитроген) меафзояд. Ниг. низ Арақшорӣ.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

exnologiyai-info

РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Тавре қайд кардем, мафҳуми информатсия бо амалиётҳои дарёфт, ғункунӣ, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт …