Главная / Илм / АРАҚШОРӣ

АРАҚШОРӣ

1328547792АРАҚШОРӣ, раванди физиологист, ки сардшавии организмро (аз ҳисоби ба буғ табдил ёфтани арақи рӯи пӯст ва нигоҳ доштани мувозинати обу намак) таъмин мекунад. Арақро ғадудҳои махсус, ки дар насҷи чарби зери пӯст ҷойгиранд, ҷудо менамоянд. Ғадудҳои арақ бештар дар зери бағал, кафи дасту пой ҷо гирифтаанд. Арақ аз 99% об, 0,3% хлориди натрий, 0,1% дурдаи пешоб, ҳамчунин аз диг. моддаҳои мураккаби органикӣ иборат аст. Тавассути арақ маҳсули таҷзия, ки дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо ҳосил шудааст, ихроҷ мегардад.
А. дар танзими ҳарорат, хусусан ҳангоми кори вазнини ҷисмонӣ ва дар шароити ҳарорати баланд, аҳамияти калон дорад. Дар аснои нисбат ба ҳарорати бадан афзунтар будани ҳарорати муҳит, А. омили ягонаест, ки организмро аз гармии зиёд эмин медорад. Дар ҳолати оромӣ А. номаълум гузарад ҳам, дар асл бинобар буғ шудани об ба воситаи пӯст организм дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна қариб 500 мл обро ихроҷ мекунад. Баробари баланд шудани ҳарорати муҳит А. низ меафзояд (аввал аз ҳисоби ба ин ҷараён иштирок кардани миқдори зиёди ғадудҳои арақ, сипас дар натиҷаи афзудани самараи кори онҳо). Мас., дар мавриди аз 500С. боло будани ҳарорати муҳит дар тӯли як соат то 2 л арақ ҷудо мешавад. Дар ҳавои гарм дар организм об захира нашавад ҳам, ихроҷи арақ идома меёбад. Ҳангоми бағоят зиёд талаф шудани об фаъолияти физиологии организм (нафаскашӣ, гардиши хун ва ғ.) вайрон мешавад. Таъсири дурударози ҳарорати баланд ва ба он мутобиқ гаштан А.-ро кам мекунад. Аз ҳамин сабаб хушкии пӯсти сокинони мамлакатҳои гарм ҳатто дар ҳарорати баланди муҳит низ тағйир намеёбад.
А. баъди истеъмоли хӯроки гарм ва тунду тез, нӯшокии бисёр, ҳангоми кори ҷисмонӣ, табларза, ғаму андӯҳ ва ғ. авҷ мегирад. Аз тарсу ваҳм ва ҳаяҷон кафи дасту пой, ҷабин ва диг. қисмҳои бадани одам низ арақ мекунанд.
Мафҳуми «А.»-ро аз мафҳуми «арақ кардан» бояд фарқ намуд. Миқдори арақ на аз шиддати А., балки ба суръати буғшавии арақ вобаста аст. Мас., агар буғшавӣ қисми алоҳидаи баданро фаро гирад (агар одам телпак пӯшад, пойафзол ё либоси гарм дошта бошад), пас ҳатто ҳангоми А.-и мӯътадил низ ҳамон қисми бадан тар мешавад. Дар ин ҳолат сару либосро иваз кардан лозим меояд. А.-и барзиёд барои баъзе одамон одат шудааст. Дар ин ҳолат бояд бо духтур маслиҳат кард, зеро А.-и доимӣ мумкин аломати ягон беморӣ бошад. Ниг. низ Гипергидроз.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …