Главная / Илм / АРАХНОИДИТ

АРАХНОИДИТ

arahnoidit3АРАХНОИДИТ (Arachnoiditis; юн. arachne – тортанак ва eidos – шакл), газаки анкабудпардаи мағзи сар ё ҳароммағз. Одатан, ҳамроҳи газаки пардаи нарми мағзи сар пайдо мешавад. А. баъд аз бемориҳои сироятии шадид ва музмин, мас, грипп, газаки римноки бинивораи иловагӣ (ниг. Бинӣ), гӯш (ниг. Отит), бодомак (ниг. Ангина, Тонзиллит), баъд аз осеби косахонаи сар ва сутунмӯҳра, дар натиҷаи заҳролудӣ аз сурб пайдо мешавад. Чун оризаи зарбу лати косахонаи сар, грипп ва диг. бемориҳо А. аксар вақт ҳангоми риоя накардани режими бистарӣ ва иҷро накардани тавсияи духтур ба амал меояд. Ҳангоми А. анкабудпарда ва пардаи нарми мағзи сар ғафс шуда, гардиши моеъи ҳароммағз вайрон, фишори дохилии ҷумҷума баланд мегардад; дарди сари бардавом пайдо мешавад, ки аломати маъмули А. аст. Дар баъзе ҳолатҳо хурӯҷи саръ ба мушоҳида хоҳад расид. Ҳангоми газаки пардаҳое, ки асаби босираро фаро гирифтаанд, босира суст мешавад; дар натиҷаи А.-и қисмҳои ақиби мағзи сар чархзании сар, заъфи шунавоӣ, ихтилоли мувозанат ба вуҷуд меояд. Бинобар илтиҳоби пардаи решачаҳои ҳароммағз дар бадан ва дасту по дард пайдо мешавад. Пайдоиш ва сабаби А.-ро духтур баъди дар шӯъбаи неврологӣ бодиққат муоина кардани бемор муайян месозад. Ҷараёни беморӣ музмин буда, дар мавриди пешгирӣ накардани он шахс солҳои дароз аз дарди сар азият мекашад, босира суст, шунавоӣ паст мешавад. Саривақт муолиҷа кардани бемориҳои шадиди сироятӣ ва музмини илтиҳобии ҳалқу бинӣ ба инкишофи А. роҳ намедиҳад. Ҳангоми бо сурб сару кор доштан, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ шарт ва зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …