Главная / Илм / АРБОВИРУСҲО

АРБОВИРУСҲО

12357АРБОВИРУСҲО (Arbоviruses), вирусҳои ҳайвонот ва одам, ки ҷонварони бандпой (кана, хомӯшакҳо, кӯрпашша, харакҳо) интиқол медиҳанд. А. дар организми бандпойҳо инкишоф ёбанд ҳам, ба худи онҳо зарар намеоранд. А. ангезандаи энсефалитҳои гуногун, табларзаи хунрез ва диг. бемориҳо мебошанд. Зиёда аз 200 намуди А. маълум аст. Онҳо аз рӯи хусусияти подгунӣ (антигенӣ) ба чанд гурӯҳ (А, В, С ва ғ.) ҷудо мешаванд. Зиёда аз 50 намуди А. барои одам бемориовар мебошанд. Андозаи А. аз 30 то 180 нм буда, аз кислотаи нуклеинат, сафеда ва ҷилди дорои липидҳо иборатанд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …