Главная / Илм / ДАВРАИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД

ДАВРАИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД

davrai-badi-tavalludДАВРАИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД (Puerperium), мӯҳлатест, ки аз вақти таваллуди тифл оғоз ёфта, то 6 – 8 ҳафта давом мекунад. Дар ин давра узвҳои зани навзо тадриҷан ба ҳолати аввала (то ҳомилагӣ) бармегарданд. Бачадон дар рӯзҳои аввали баъди зодан кашиш хӯрда, ҳаҷман хурд мешавад; минбаъд кашиши он суст хоҳад гашт. Рӯзҳои аввал (бештар дар вақти сина маконидан) кашиш ёфтани бачадони занҳое, ки қаблан низ фарзанд ба дунё овардаанд, бо дард ва эҳсоси нохуш сурат мегирад.
Баробари кашиш хӯрдан, бачадон тадриҷан шифо ёфта, аз луобпардае, ки рӯ ба беҳбудӣ овардааст, нифос (зардоб) ихроҷ мегардад. Дар аввал нифос хунолуд, баъди 3 – 4 рӯзи таваллуд римолуд, минбаъд сафед ва дар рӯзи 5-уми баъди зодан луобнок мешавад. Агар нифос муддати зиёд хунолуд бошад, пас ин аломати илтиҳоби бачадон аст. Дар ин сурат албатта ба духтур муроҷиат кардан лозим.
Дар Д. дигар узвҳои ҷинсии зан низ тағйир меёбанд. Чандирии бандаку мушакҳои қадкашак барқарор ва маҳбал танг мегардад. Ғадудҳои шир ба фаъолият мепардозанд. Агар онҳо сахт варамида бошанд, дард мекунанд ва дар ин маврид ҳарорати бадан баланд мешавад. Баъди ихроҷи шир чунин ҳолатҳо барҳам мехӯранд. Шир баъди 3 – 4 рӯзи таваллуд пайдо мешавад.
Дар давраи баъди таваллуд саломатии зан, одатан, қаноатбахш аст. Қабзият ва бо душворӣ ихроҷ шудани пешоб, ки ба ихтилоли фаъолияти шошадон ҳангоми зодан вобаста аст, барҳам мехӯрад. Ду рӯзи аввали баъди таваллуд зан бояд бистарӣ шавад, аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гардад (то ки рӯда ва узвҳои пешоброн қабзият пайдо накунанд). Ғайр аз ин, ҳаракатҳои фаъол ба зудтар кашиш хӯрдани бачадон мусоидат мекунанд. Ба занҳои солим иҷозат дода мешавад, ки дар шаборӯзи 2-юми баъди таваллуд аз бистар хезанд, рӯзе 1 – 2 маротиба (15 – 30 дақ.) роҳ раванд ва минбаъд мӯҳлати сайругаштро тадриҷан зиёд кунанд.
Барои пешгирии бемориҳои баъди таваллуд аз пайи тозагии узвҳои таносул шудан зарур аст. Рӯзе 2 маротиба (рӯзи аввали баъди зоиш бо ёрии муваллида) бо маҳлули сусти перманганати калий (таъсири зиддимикробӣ дорад) мустаҳаб кардан ҳатмист. Латтаи таҳгиракро рӯзе 3 маротиба, либоси таг ва ҷойпӯшро ҳар рӯз иваз бояд кард.
Зане, ки таваллуд кардааст, бояд қоидаҳои гигиенаи шахсиро ҷиддан риоя кунад: рӯяшро рӯзе 2 маротиба шӯяд; дандонро тоза кунад; нохунҳоро тоза гирад; пеш аз сина макондан ва ширхӯрӣ дасташро бо собун шӯяд; фақат дар зери душ оббозӣ кунад. Кафидани пӯсти нӯги пистон боиси инкишофи мастит мешавад. Барои пешгирии ин ҳолат синаро бо маҳлули 0,5%-и спирти навшодир ё оби гарму собун пагоҳию бегоҳӣ баъди синамаконӣ мешӯянд. Нӯги пистон ва атрофи онро бо маҳлули 1%-и кислотаи борат шуста, бо пахта пок мекунанд; риоя кардани тарзи дурусти сина маконидан низ хеле муҳим аст (ниг. Кӯдаки ширмак). Агар кӯдак сер шуда бошаду пистонро аз даҳон сар надиҳад, пас ӯро зӯран аз сина дур накунед; фақат парраҳои биниро андаке зер кардан кифоя аст, ки ӯ даҳонашро кушода пистонро сар диҳад. Агар баъди макондани кӯдак дар сина шир монад, онро бо ширдӯшак меҷӯшанд.
Ғизои зани навзой бояд хушсифат ва мураттаб бошад. Ба ӯ, албатта, ҷурғот, творог (100 – 200 г), сабзавот, мева, буттамеваҳои тару тоза ва диг. ғизоҳои сервитамин бояд дод. Истеъмоли хӯроки тунду тез ва бадҳазм (гӯшти серравған, нахӯд ва ғ.), консерв, нӯшокиҳои спиртдор манъ аст. Дар як шаборӯз аз 2 л (аз он ҷумла оби таомҳои суюқ) зиёд нӯшидани моеъот ҷоиз нест. Дар давраи сина маконидан кашидани тамоку ва бе тавсияи духтур истеъмол кардани дору манъ аст. Дар муддати 3 моҳи баъди зоиш шикамбанд пӯшидан лозим. Синабанд бояд васеъ бошад ва синаро нағз дошта истад.
Барои зани навзой ҳамроҳи кӯдак сайру гашт дар ҳавои тоза аҳамияти калон дорад; зуд-зуд шамол додани хона, шустани фарш низ зарур аст. Низоми дурусти меҳнат, истироҳат ва муҳити ором барои саломатии зани навзой басо муҳиманд. Хоб дар як шаборӯз бояд аз 8 соат кам набошад. Бардоштани бори вазнин манъ аст (ин боиси фуруд омадани бачадон мегардад). Ба варзиши ҷисмонӣ фақат мувофиқи нишондоди духтури мушоварагоҳи занон машғул бояд шуд. Муҷомиат фақат пас аз 8 ҳафтаи таваллуд равост. Баъди як ҳафтаи аз таваллудхона ҷавоб шудан, ба қабули духтури мушоварагоҳи занон рафтан лозим аст. Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, хуншорӣ, чуқур кафидани нӯги пистон, дарди ғадуди сина ва ғ. бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кард

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …