Главная / Илм / ДАВОҲОИ ТАБИӣ

ДАВОҲОИ ТАБИӣ

davohoi-tabiiДАВОҲОИ ТАБИӣ, доруҳои биогенӣ, васоити давоие, ки аз ашёи наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ таҳия карда мешаванд. Д. т. дорои моддаҳои фаъоли биологӣ мебошанд, ки ба раванди мубодилаи моддаҳо, илтиҳоб, аксуламалҳои иммунологӣ ва ғ. таъсири мусбат мерасонанд. Баъзе Д. т.-е, ки ба мубодилаи моддаҳо ва раванди таҷдиди бофтаҳо тақвият мебахшанд, ба гурӯҳи махсус (ангезаҳои биогенӣ) дохил карда мешаванд.
Ба давоҳои асосии биологӣ сабр, апилак, биосед, гумизол, талха, комбутек, пелоидин, пелоидодистиллат, пирогенал, плазмол, продигиозан, прополис ва ғ. мансубанд.
Сабр (алое) растании ҳамешасабз буда, баргҳои ғафси сероб дорад. Аз барг ва шохчаҳои он доруҳои гуногун таҳия карда мешаванд.
Линименти сабр (Linimentum Aloës) барои муолиҷаи сӯхтагӣ ва пешгирию табобати бемории шуоъӣ истифода мегардад. Дар шишачаҳои рангашон норанҷӣ (30 – 50 г) истеҳсол карда, дар ҷои торик (ҳарор. то 10°) нигоҳ медоранд. Ба ях бастани он роҳ додан лозим нест.
Шираи сабр (Succus Aloës) – ро барои табобати захмҳои римдор, сӯхтагӣ, бемориҳои илтиҳобии пӯст ва яраҳои ғозӣ (трофикӣ) кор мефармоянд. Онро бо мақсади табобати гастрит, энтероколит ва қабзият рӯзе 2 – 3 маротиба 1 қошуқчагӣ (20 – 30 дақ. пеш аз хӯрок) истеъмол мекунанд. Даври муолиҷа 15 – 30 рӯз аст. Дар шишачаҳо (100 мл) истеҳсол карда мешавад. Дар ҷои салқин ва торик нигоҳ доштан лозим аст.
Ҷавҳари моеъи сабр барои тазриқ (Extractum Aloës fluidum pro injectionibus) аз баргҳои консервонида (баргҳое, ки дар ҷои салқин ва торик нигоҳ дошта шудаанд), тару тоза ва хушки сабр тайёр карда мешавад. Дар мавриди баъзе бемориҳои чашм (наздикбинӣ, блефарит ва ғ.), захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, зиқи нафас ва ғ. кор мефармоянд. Дору ҳар рӯз як маротиба ба зери пӯст фиристода мешавад (1 мл). Даври муолиҷа аз 30 – 50 тазриқ иборат аст. Баъди 2 – 3 моҳ муолиҷаро метавон такрор намуд. Истифодаи давои мазкур ҳангоми бемориҳои вазнини дилу рагҳо, ҳомилагӣ, ихтилоли шадиди меъдаю рӯдаҳо ҷоиз нест. Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол мекунанд. Дар ҷои торик нигоҳ доштан лозим аст. Барои истеъмол кардан (рӯзе 3 маротиба 1 қошуқчагӣ) ҷавҳари моеъи сабр истифода мешавад.
Қурси сабр (Tabulettae Aloës obductae) бо парда фаро гирифта шудааст; аз 0,05 г хокаи барги сабр таркиб ёфтааст. Барои табобати комплексии наздикбинӣ истифода мебаранд. Рӯзе 3 – 4 маротиба 1 қурсӣ (15 – 20 дақ. пеш аз хӯрок) таъин карда мешавад. Даври муолиҷа 1 моҳ аст. Баъди 3 – 6 моҳ муолиҷаро давом медиҳанд.
Апилак (Apilacum) моддаи хушки шири модарзанбӯр аст. Ҳангоми гипотрофия ва беиштиҳоии кӯдакони ширмак кор фармуда мешавад. Дар одамони калон онро барои муолиҷаи гипотензияи шараёнӣ, ихтилоли тағзия (дар одамоне, ки аз бистари беморӣ хестаанд), ихтилоли асабия ва ҳосил шудани шир, себореяи пӯсти рӯй таъин мекунанд (навзодон – 0,0025 г, кӯдакони аз 1-сола боло – 0,005 г шамъчаи он; рӯзе 3 маротиба). Даври муолиҷа 7 – 15 рӯз аст. Одамони калон онро ба зери забон мегузоранд (0,01 г рӯзе 3 маротиба). Ҳангоми зиёд будани ҳассосият нисбати дору бехобӣ рух менамояд (аз истифодаи он худдорӣ бояд кард). Дар шакли қурс (9,01 г), шамъча ва марҳами 3%-а истеҳсол карда мешавад. Дар ҷои хушк ва торик (t 12 – 15°) нигоҳ доштан лозим аст.
Биосед (Biosedum) ҷавҳари обист, ки аз растании оилаи Sedum ба даст меоранд. Барои табобати сӯхтагӣ, тира шудани қарния, иридосиклити осебӣ, пародонтоз, шикастагии устухон, яраи трофикии дасту по, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта истифода мешавад. Ба зери пӯст ё ба мушак мефиристанд (1 – 2 мл; дар як рӯз то 3 – 4 мл). Даври муолиҷа аз 20 – 30 (то 45) тазриқ иборат аст. Ба зери конъюнктива низ фиристода мешавад; дар шакли чакрадору барои чашм кор мефармоянд. Барои одамони гирифтори ахилия ва омосҳои саратонӣ зарар дорад. Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол карда мешавад.
Гумизол (Humisolum) маҳлули 0,01%-и кислотаи гуминӣ; аз лойқаи шифобахши баҳр истеҳсол карда мешавад. Таркибаш аз хлориди натрий иборат аст. Барои табобати радикулити музмин, плексит, невралгия, артрити тарбодӣ, артроз, илтиҳоби гӯш ва ҷавфи бинӣ, фарингити музмин, пародонтоз истифода мебаранд. Ба мушак (рӯзе 1 – 2 мл) фиристода мешавад (20 – 30 рӯз); бо роҳи электрофорез низ кор мефармоянд. Истифодаи он ҳангоми нуқси дил, ишемияи дил, сил, бемориҳои ҷигар ва гурдаҳо ҷоиз нест. Дар шакли ампула (2 ва 10 мл) истеҳсол карда мешавад.
Талхаи тиббӣ (Chole conservata medicata), билиарин, аз талхаи гов ё хук истеҳсол мешавад. Дар мавриди артроз, артрит, бурсит, спондилоартроз ва радикулит ҳамчун давои рафъи дард, илтиҳоб ва ҷаббанда кор мефармоянд. Дар шакли рифода (компресс) таъин карда мешавад. Пеш аз истифода онро афшондан лозим аст. Ҳангоми бемориҳои илтиҳобӣ ва римноки пӯст, лимфангит, лимфаденит зарар дорад. Дар шишачаҳо (50, 100 ва 250 мл) ба фурӯш бароварда мешавад. Онро дар ҷои торик ва салқин нигоҳ медоранд.
Комбутек (Combutecum) аз нарпай ё пораҳои пӯсти гов ба даст меоранд. Аз лавҳачаҳои зардчаи масомадор (ғафсиашон 6 – 10 мм) иборат аст. Дар об ҳал намешавад. Комбутек раванди гӯшт гирифтани захм ва сабзиши бофтаҳоро метезонад, зардоби яраро меҷаббад. Дар мавриди сӯхтагии дараҷаи II ва IIIа, захмҳои ғозӣ (трофикӣ), ба аутопластика омода кардани захмҳо истифода мебаранд. Лавҳачаи доруро бевосита ба рӯи захм гузошта, бо дока мебанданд. Андозаи лавҳачаҳо 10 × 15, 30 × 35 ё 30 × 70 мм аст (дар халтачаҳои ҳавоногузар ҷой дода шудаанд). Дар ҷои хушк ва торик нигоҳ медоранд.
Пелоидин (Peloidinum) ҷавҳарест, ки аз лойқаи шифобахш мегиранд. Бо мақсади табобати захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, гастрит ва колит рӯзе 2 маротиба 40 – 50 мл истеъмол мекунанд (1 – 2 соат пеш аз хӯрок ё баъди он). Қабл аз истифода гарм кардан лозим аст. Ҳангоми колит бо он ҳуқна мекунанд (100 мл). Дар мавриди амрози узвҳои таносули занҳо бо усули электрофорез кор фармуда мешавад. Дар шишачаҳо (500 мл) ба фурӯш мебароранд.
Пелоидодистиллат барои тазриқ (Peloidodestillatum) аз лойқаи лиманҳо ба даст оварда мешавад. Барои табобати блефарит, конъюнктивит, кератит, тира шудани ҷисми шишашакл, инчунин артритҳо, радикулит, миалгия кор мефармоянд. Рӯзе як маротиба ба зери пӯст (1 мл) мефиристанд (30 – 35 рӯз). Ҳангоми бемории гипертония, нуқси дил, бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, нефритҳо, ҳомилагӣ зарар дорад. Дар шакли ампулаҳо (1 мл) истеҳсол карда мешавад. Дар ҷои торик нигоҳ медоранд.
Пирогенал (Pyrogenalum) маҷмӯи липополисахаридӣ буда, дар раванди ҳаёти микроорганизмҳо, мас., Pseudomonas aeruginosa ҳосил мешавад. Фаъолияти доруро бо роҳи биологӣ муайян мекунанд. Дору боиси баланд шудани ҳарор. бадан гашта, иммунитетро меангезад, нуфузпазирии бофтаҳоро тақвият медиҳад, раванди шифоёбиро беҳтар менамояд. Онро барои муолиҷаи осебҳои гуногун, сӯхтагӣ, амрози силсилаи асабҳои марказӣ ва канорӣ, бемориҳои сироятӣ, аллергӣ (мас., зиқи нафас), псориаз, дерматитҳо кор мефармоянд. Рӯзе 1 маротиба ба мушак фиристода мешавад (бо фосилаи 1 – 3 рӯз). Ҳамон вояеро муқаррар мекунанд, ки ҳарор. баданро баланд (то 37,5 – 38°) бардорад. Дар мавриди зиёд шудани вояи дору табларза, сардард, қай, дарди банду буғумҳо рух менамояд. Ҳангоми ҳомилагӣ зарар дорад. Ба одамони гирифтори диабети қандӣ ва бемории гипертония онро эҳтиёткорона ва бо вояи кам таъин мекунанд. Дар ҷои торик (t 2 – 10°) нигоҳ доштан лозим аст.
Плазмол (Plasmolum) аз хуни одам ба даст оварда мешавад. Ҳангоми невралгия, неврит, радикулит ва диг. амрози силсилаи асабҳои канорӣ, ҳамчунин дар мавриди захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, зиқи нафас, артритҳо кор мефармоянд. Ҳар рӯз ё рӯздармиён ба зери пӯст (1 мл) мефиристанд. Даври муолиҷа аз 10 тазриқ иборат аст. Дар ҷои торик (t то 15°) нигоҳ медоранд.
Продигиозан (Prodigiosanum) маҷмӯи липополисахаридӣ буда, аз Bac. prodigiosum ҷудо карда мешавад. Ҳангоми бемориҳое, ки иммунитетро паст мекунанд, истифода мегардад. Муолиҷаи махсусро иваз накунад ҳам, самараи табобатро меафзояд. Продигиозанро ба мушак (0,5 – 0,6 мл маҳлули 0,005%) мефиристанд (бо фосилаи 4 – 7 рӯз); баъзан вояи доруро то 1 – 2 мл (маҳлули 0,005%) зиёд мекунанд. Барои кӯдакон низ маҳлули 0,005%-и онро таъин менамояд (0,1 – 0,2 мл). Дар мавриди осеби силсилаи марказии асаб ва сил зиён дорад. Дар шакли ампула (1 мл маҳлули 0,005%) истеҳсол карда мешавад. Дар ҷои торик (t 4 – 8°) нигоҳ доштан лозим аст.
Пропер-мил (Proper-myl) маҷмӯи занбӯруғҳои сахаромисетӣ. Барои муолиҷаи беморони гирифтори тасаллуби мунташир (склероз) истифода мебаранд. Ба варид фиристода мешавад. Дар оғози беморӣ 0,1 мл кор мефармоянд. Сипас ҳар рӯз вояи онро 0,1 мл зиёд мекунанд. Дар мавриди барои организм хушпазир будан, аз рӯзҳои 8 – 10-ум сар карда ҳар рӯз вояи доруро 0,2 мл меафзоянд ва ба 2,5 – 3 мл мерасонанд. Даври муолиҷа 30 – 40 рӯз аст. Баъди 3 – 4 моҳ табобатро метавон идома дод.
Прополис (Propolis)-ро занбӯри асал ҳосил мекунад. Моддаи часпаки зифтмонанд аст (ниг. Прополис).
Раверон (Raveron) ҷавҳарест, ки аз ғадуди простатаи ҷонварони болиғ гирифта мешавад. Гормонҳои андрогенӣ, эстрогенӣ ва сафедаҳои он ҷудо карда шудаанд. Дар давраи аввали аденомаи ғадуди простата ва простатити номахсуси музмин кор мефармоянд. Ҳангоми аденомаи ғадуди простата истифода бурдани он маънои аз ҷарроҳӣ худдорӣ карданро надорад. Онро ба мушак рӯзи 1-ум 0,3 мл, рӯзи 2-юм 0,5 мл, рӯзҳои минбаъда 1 мл-ӣ ҳар рӯз ё 2 мл-ӣ рӯздармиён (4 – 6 ҳафта) мефиристанд. Дар мавриди ба мушоҳида расидани нишонаҳои аллергия истифодаи доруро қатъ кардан лозим аст. Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол мешавад.
Румалон (Rumalonum) доруест, ки аз ҷавҳари тағояк ва мағзи устухони ҷавонаҳо иборат мебошад. Барои муолиҷаи амрози бандҳо кор мефармоянд (артроз, спондилёз). Рӯзи аввал ба мушак 0,3 мл, баъди ду рӯз – 0,5 мл, баъд 1 мл-ӣ ҳафтае 3 маротиба мефиристанд. Даври муолиҷа 5 – 6 ҳафта аст. Самараи табобат баъди 2 – 3 ҳафта маълум мегардад. Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол мекунанд.
Шираи каланхоэ (Succus Kalanchoёs) аз барг ва шохчаҳои тару тозаи каланхоэ гирифта мешавад. Хосияти зиддиилтиҳобӣ дорад. Захм ва яраро тоза карда, онҳоро зуд ба ҳам меорад. Барои муолиҷаи захмҳои гуногун кор мефармоянд. Онро ҳамчунин дар мавриди гингивит, пародонтоз, стоматит, кафидани пистон, эрозияи гарданаи бачадон ва ғ. таъин мекунанд. Дар шакли ампула (10 мл) ва дар шишачаҳо (100 мл) ба фурӯш мебароранд. Қабл аз истифода 30 дақ. дар шароити хона нигоҳ дошта мешавад.
Солкосерил (Solcoseryl) ҷавҳари хуни гов мебошад, ки аз сафеда тоза карда шудааст. Ҳангоми захмҳои трофикии соқи по, гангрена, сӯхтагӣ, яраҳое, ки баъди шуоъшифоӣ ба вуҷуд омадаанд, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта кор мефармоянд. Ба мушак ва вена мефиристанд, ба пӯст мемоланд. Дар шакли ампула (2 мл) ва саночак (20 г) истеҳсол карда мешавад.
Спленин (Spleninum) доруи бесафеда буда, аз сипурзи гов ҳосил мекунанд. Барои муолиҷаи токсикозҳои нимаи аввали ҳомилагӣ истифода мебаранд. Ба мушак (рӯзе 2 мл) фиристода мешавад (10 – 15 рӯз). Баъзан онро барои табобати гипопаратиреоз низ кор мефармоянд (1 – 3 мл-ӣ рӯзе 1 – 2 маротиба). Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол мешавад.
Ҷисми шишашакл (Corpus vitreum) доруест, ки аз ҷисми шишашакли чашми чорво гирифта мешавад. Ҳамчун давои рафъи дард ҳангоми невралгия, неврит, радикулит ва диг. амрози силсилаи асаб, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, зиқи нафас таъин мекунанд. Рӯзе як маротиба ба зери пӯст (1 мл) фиристода мешавад (8 – 10 рӯз). Ҳангоми бемориҳои сироятӣ, лоғарӣ, нефрит, сиррози ҷигар, нуқси дил, омосҳои саратонӣ зиён дорад. Дар шакли ампула (2 мл) истеҳсол мекунанд.
Торфот (Torfotum) давоест, ки аз торф мегиранд. Дорои ангезаҳои биогенӣ аст. Барои табобати блефарит, конъюнктивит, кератит, тира шудани ҷисми шишашакл, ҳамчунин артритҳо, радикулит, миалгия, илтиҳоби аъзои таносули занҳо таъин мекунанд. Рӯзе як маротиба ба зери пӯст фиристода мешавад (1 мл; 30 – 45 рӯз); ба зери конъюнктива рӯздармиён 0,2 мл равон мекунанд (як даври муолиҷа аз 15 – 20 тазриқ иборат аст). Ҳангоми нуқси дилу рагҳо, ҳомилагӣ, ихтилоли шадиди меъдаю рӯда зиён дорад. Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол карда мешавад.
ФиБС (FiBS pro injectionibus) маҳлули обии ангезаҳои биогенӣ буда, аз лойқаи лиман ба даст меоранд. Нишондодҳои он барои истифода мисли торфот мебошанд. Рӯзе як маротиба ба зери пӯст (1 мл) мефиристанд (20 – 25 рӯз). Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол карда мешавад.
Хонсурид (Chonsuridum) доруест, ки аз тағояки гиалинии хирнойи гов ба даст меоранд. Бо мақсади зуд гӯшт гирифтани захму яраҳо кор мефармоянд. Қабл аз истифода дар маҳлули новокаин ё маҳлули изотонии хлориди натрий ҳал карда мешавад. Сипас онро ба дока гирифта рӯи захму яра мегузоранд (баъди ҳар 2 – 3 рӯз як маротиба). Дар аснои газак доштани захм кор фармудан ҷоиз нест. Дар шишачаҳо (0,05 г хока) ба фурӯш бароварда мешавад.
Ҷавҳари ҳамроҳак (Extractum placentae pro injectionibus) ҷавҳари обӣ аз ҳамроҳаки дар хунукӣ нигоҳдоштаи одам. Ҳамчун ангезаи биогенӣ ҳангоми миопия, кератит, тирагии қарния, бемориҳои музмини аъзои таносули занҳо, миалгия, артрит, радикулит ва ғ. таъин мекунанд. Рӯзе як маротиба (1 мл) ё рӯздармиён ба зери пӯст равон карда мешавад. Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол мекунанд.

Б. О. Ишонқулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …