Главная / Гуногун (страница 57)

Гуногун

Беморхона

603px-thumbnail

Меҳрубон, ҳамшираи шафқати беморхонаи шаҳрӣ, пас аз ба се нафар беморони палатаи панҷум сўзандору гузаронидан, аз палата берун шуд. – Агар ба ҳамшираҳои шафқати ҳама беморхонаҳои дунё ҳайкал гузоштанӣ шаванд, ман онро дар симои ҳамин духтарак метарошидам, – гуфт Шараф-амак, марди миёнқади зиёинамо, ки каташ дар назди тирезаи барқад гузошта …

Муфассал »

Падар (Ҳикоя)

pritcha-01

Аз ҳавои хуши зодгоҳаш чуқур нафас кашида, Тоҷинисо бо писараш чун наврўзи баҳор ба остонаи хонаи падар қадам мегузорад. Ва эҳсоси он ки модараш ўро пешвоз намегирад, сараш ба шўр омада, дилаш пурғусса мегардад. Ҳа, бе модараш ҳавлӣ холӣ, хона тиҳӣ! Вале эҳсоси он ки падараш ҳаст, акаҳову хоҳараш ҳастанд, …

Муфассал »

ТИРУ КАМОН (Ҳикоя)

tiru-kamon

Он рўз ў якбора чанд сол калонтар шуд. Гўё дар як он ба воя расид. Кўдак рафту болиғ баргашт. Хандон, беғам, бедарду алам рафту гирёну ғамзада, бо дарду алам омад. Сарфарозу сарболо, бо рўи сурх аз дар баромаду сархам бо рўи чун пахта сап-сафед аз дар даромад. Гуноҳи падар агарчи …

Муфассал »

ТУЛЎЪ ДАР ҒУРУБ (Ҳикоя)

priroda-rassvet-solnce

– Модарҷон!.. Омад… Аз ин нидо, ки булўри сукутро пора-пора месозад, модар як қад мепарад. Дилаш ҷиғғас мезанад ва биму хатар аз гулўяш мегирад. Сипас ба худ мепечаду ҳаросон сар ба рўи писар хам карда, бо тарсу таҳлуқа мепурсад: – Чӣ гуфтӣ, ҷонакам? Кӣ омад? – Падарам омад, – чеҳраи …

Муфассал »

РИСОЛАИ АБӮҲАНИФА БА АБӮМУСЛИМ АЛ-БАТТӢ-ИМОМИ БАСРА

duo-az-xona

Чаҳорумин рисолае, ки ба афкори фақеҳи кабир ва Имоми шаҳир Ҳазрати Имоми Аъзам (р) мансуб аст, «Рисолаи Абӯҳанифа, ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ Имоми Басра» мебошад, ки мисли расойили дигари ӯ, дар илми усули дин ва илми калом нигошта шуда аст. «Ибни Қутайба, дар «Ал-маориф» менависад:-Усмон Ал-Баттӣ («ба фатҳи» бо «ва ташдиди …

Муфассал »

САНГПУШТ

sangpusht

Ҳафтае пеш аз ба табобат рафтанаш духтарчаи ҳафтсолаам маро хеле хушҳолона истиқбол гирифт. Чашмонаш барқ мезаданд. – Медонед ман чӣ овардам?! – Не. – Ёбед канӣ! Ман ки хаста будам, мадори фикр карданам набуд, аз ин рў зуд таслим шуданро авло донистам. – Аздусар як шабу рўз хаёл кунед ҳам, …

Муфассал »

АФЗАЛИДДИН ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ

Вайро ба сабаби камоле, ки дар саноати шеър дошта, «Ҳассон-ул-Аҷам» лақаб кардаанд. Аз ҳама шуаро дар услуби сухан мумтоз аст ва дар ин шеваи ғариб беанбоз. Дар мавоизу ҳикам тариқаи ҳаким Саноӣ сипардааст ва дар гўйи мусобақат аз ақрон бурда ва дар китъае бар ваҷҳи муфохарат109 мегўяд: Қ и т …

Муфассал »

Худкушӣ

samoubijstvo

Се нафар, одамони ба қавли худашон улфатӣ, рўи майсаи лаби ҷўйбори сероб нишаста, барои худ дастархон муҳайё мекарданд. Шояд онро дастархон гуфтан ҷоиз  набошад, зеро ба сифати дастархон як рўзномаи ғиҷимшудаи кўҳна паҳн карда шуда буд. Рўи ҳамин дастархонро як шиша шароб, ду-се бех пиёзи анзур, як консерви килка, ним …

Муфассал »

Ҳикояи Меш ва Буз

1786

  Меше аз ҷўе биҷаст, дунбаи вай боло афтод. Буз бихандид, ки: — А… и туро дидам. Меш рўй бозпас кард, ки: — Ай беинсоф, ман солҳо а… и туро бараҳна дидам ва ҳаргиз нахандидам ва таъни ту написандидам. Ту пас аз умре, ки як бор маро чунин дидайӣ, чӣ …

Муфассал »

АЛ-ОЛИМ ВАЛ-МУТААЛЛИМ

xanda-latifa

Саввумин рисолаи илмие, ки дар ҳақиқат ба афкору андешаи пиру пешво ва яке аз асосгузорони илм ал-калом Ҳаким Абӯҳанифа ибни Хоҷа Собит (р) – маъруф ба Имоми Аъзам (р) мансуб аст, китоби «Ал-олим вал-мутааллим» мебошад. Дар ин рисолаи каломӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ба саволҳои шогирди худ Абӯмуқотил Ҳафс Ибни …

Муфассал »