Главная / Гуногун / САНГПУШТ

САНГПУШТ

Ҳафтае пеш аз ба табобат рафтанаш духтарчаи ҳафтсолаам маро хеле хушҳолона истиқбол гирифт. Чашмонаш барқ мезаданд.

– Медонед ман чӣ овардам?!

– Не.

– Ёбед канӣ!

sangpusht

Ман ки хаста будам, мадори фикр карданам набуд, аз ин рў зуд таслим шуданро авло донистам.

– Аздусар як шабу рўз хаёл кунед ҳам, гумон аст, ки меёфтед. Ман сангпушт овардам!

Ҳақиқатан ҳайратам афзуд. Охир, аз куҷо дар маркази шаҳр сангпушт пайдо кардан мумкин аст. Сангпушт аллакай рў-рўи қолин оҳиста-оҳиста қадам мезад. Сару гарданашро гаҳ дарун мегирифт, гоҳ меёзонд.

Рости гап, на хурсанд шудам, на қаҳрам омад.

– Аз куҷо ёфтӣ?

– Аз кўча. Писарбачаҳо бозӣ карданд-бозӣ карданду партофта рафтанд. Ҳатто болои пушти сангинаш чормағз шикастанд. Таги чархи мошин ҳаво доданд, хайрият зер накард. Сонӣ ман гирифтам. Афташ гурусна буд.

– Ба ту нагуфт, ки вай чиҳо мехўрад?

– Карам мехўрад, ҳар гуна кабудиҳо додан мумкин. Даруни қуттӣ саҳни пешайвон зиндагӣ мекунад.

– Ҳама нигоҳубинаш ба ўҳдаи худат, – таъкид кардам ба духтарчаам.

– Майлаш…

Вале сангпушт чизе намехўрд. Ҳатто ба об нимнигоҳ намекард. Фақат кўшиши аз қуттӣ баромадан мекард. Девори қуттиро бо нохунҳояш мехарошид. Менигаристаму мефаҳмидам, ки сангпушт аз побанди чордевор раҳо ёфтан мехоҳад.

Рўзи панҷум дидам, ки пойҳову гарданаш басо лоғар шудаанд.

Духтарчаамро даъват кардам.

– Мешунавӣ, сангпушт гиря дорад. Беҳтараш азоб надода ба алафзор сар диҳем-чӣ?

– Не, дадаҷон, не, – маҳзунона розӣ нашуд ў, – дар хонаамон на сагча ҳаст, на гурбаву на хорпушт. Монед, сангпушт бошад, гушна монад мехўрад.

Рўзи дигар барвақтар аз кор баргаштам, сангпуштро гирифтаму бурда даруни алафзори боғ гузоштам. Ҷонвар аввал карахт биистод, баъд хазида-хазида аз назарам пинҳон гашт…

Духтарчаам, ки баъди нимфирўзӣ мехонд, аз мактаб омад. Мову ҳамсарам интизор будем, ки  ҳозир доду фарёд мебардорад. Лаҳзае пас аз пешайвон овозаш баромад.

– Дада, дада, сангпушт поён афтодааст. Қуттиро чаппа кардааст…

Ман ба зер нигоҳ кардам. Духтарчаам аллакай он ҷо дар ҷустуҷў буд. Ноилоҷ поён фаромадам. Мо якҷоя алафзори рўи ҳавлӣ, ҳатто таҳхонаҳоро кофтем. Аммо сангпуштро дарёфт карда натавонистем.

– Дада, сангпушт, агар аз ошёнаи сеюм афтад мемурад?

Сўи пешайвон нигоҳ афкандам.

– Не, пуштанокӣ афтад намемурад.

– Зинда бошад шуд… – Духтарчаам оҳ кашид. Вазъи маро ғамгин дида боз илова намуд: – Зиқ нашавед, ману модарам соҳили баҳр равем, аз он ҷо, албатта, боз як сангпушти дигар мебиёрам…

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

restrukturizatsiya-kredita-v-vtb

ФАЙЗИ БОЗСОЗӢ

ОТАШДИЛ Вай паси миз нишаста ба хайёл рафта буд… Айёми манктабхонӣ зуд–зуд ба завод меомад. …