Главная / Гуногун / АЛ-ОЛИМ ВАЛ-МУТААЛЛИМ

АЛ-ОЛИМ ВАЛ-МУТААЛЛИМ

Саввумин рисолаи илмие, ки дар ҳақиқат ба афкору андешаи пиру пешво ва яке аз асосгузорони илм ал-калом Ҳаким Абӯҳанифа ибни Хоҷа Собит (р) – маъруф ба Имоми Аъзам (р) мансуб аст, китоби «Ал-олим вал-мутааллим» мебошад.

Дар ин рисолаи каломӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ба саволҳои шогирди худ Абӯмуқотил Ҳафс Ибни Салм Ас-Самарқандии Ҳанафӣ ҷавоб мегӯяд.

 «Абӯяъло, маъруф ба Халилӣ, дар «Ал-иршод» нигошта, ки: -Абӯмуқотил ба ростгӯӣ шӯҳрат ва дар фиқҳ мақоми қобили мулоҳизае дошт.

– Халф ибни Яҳёи Қозӣ, ба ҷамъоварии аҳодиси ӯ мекӯшид. Имом Кавсарӣ мегӯяд:

– Баъзе аҳли фитна, ҳамон тавре, ки Абӯҳанифа (р) ва ёронашро ба пайравӣ, аз мазҳаби мухолифи аҳли суннат ва ҷамоъат муттаҳам менамуданд, дар бораи Абӯмуқотил (фақеҳи ҳанафӣ) низ айбҳо метарошиданд ва ӯро гоҳе ба номи мурҷиа ва замоне ба унвони пайравӣ аз маслаки дигаре таън мегуфтанд. Абӯмуқотил аз умри дароз бархӯрдор гардид ва дар соли 208 ҳиҷрӣ вафот ёфт ва инки дар «Ал-Лисон» соли вафоташ 258 гуфта шуда, ки иштибоҳ ва саҳви қалам аст, ки сифрро 5 навишта». 47-139.

Санад ва силсилаи ривоёт, оиди китоби «Ал-олим вал-мутааллим»-и Имоми Аъзами Абӯҳанифа (р) чунин аст, ки омада: «Санади рисолаи мазкур, ки зимни кутуби хаттии «Дорул-кутуб ал-Мисрия» маҳфӯз аст, бо рисолае ки дар китобхонаи «Ал-Азҳар» таҳти нумераи 34197 ва нусхаи чопие, ки дар «Дорул-кутуб ал Мисрия» таҳти нумераи 24305 маҳфӯз аст, мувофиқ мебошад ва байни онҳо як тафовути ҷузъӣ мавҷуд аст, ки иштибоҳи қаламӣ пиндошта мешавад. Санади ин рисола ба тартиби зайл аст: Абӯлҳасан Алӣ ибни Халил Ад-Димишқӣ, маъруф ба Абӯқозӣ Ал-Аскар мегӯяд:

– Хабар дода ба Абӯлҳасан Бурҳониддин Алӣ ибни Ал-Ҳасан Ал-Балхӣ, аз Ибни Ал-Ҳусайни Маймун ибни Муҳаммад Ал-Макҳӯл Ан-Насафӣ, аз падараш, аз Абдулкарим ибни Мӯсо Ал-Яздуӣ, аз Абӯмансур-Ал-Мотаридӣ, аз Абӯбакр Аҳмад ибни Абҳақ Ал-Ҷузҷонӣ ва Муҳаммад ибни Муқотил Ал-Розӣ ва ҳарду аз Абӯмутеъ Ҳакам ибни Абдуллоҳ Ал-Балхӣ ва Исём Юсуф Ал-Балхӣ ва ҳарду аз Абӯмуқотил Ҳафс ибни Салм Ас-Самарқандӣ, аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р). 47-140.

Хулосаи мӯҳтавиёти рисолаи номбурда аз он иборат аст, ки «Ин рисола («Ал-олим вал мутааллим») бо сойири расойили Имом Абӯҳанифа (р) тафовут дорад, зеро дар он аз мавзӯи имон ва умӯри марбут ба он оғоз накарда, балки нахуст ишора намуда, ки: «Ҳамон тавр, ки аъзо тобеъи чашм аст, амал низ тобеъи илм аст ва илм бо амал андак беҳтар аст, нисбат ба ҷаҳл бо-амал, зиёд тавре, ки дар биёбон тӯшаи андак бо ошноӣ; ба роҳ беҳтар аст, аз тӯшаи зиёд дар ҳоли бехабарӣ, аз роҳ ва аз ҳамин ҷо аст, ки Худованд фармуда: «Қул ҳал яставӣ ал-лазина яъламуна вал-лазина ло-яъламун». (Яъне,; «Оё касоне, ки илм доранд, бо касоне, ки илм надоранд, баробаранд».

Ва: «-Иннамо ятазаккир улул ал-боб» (Яъне: «Ҷуз ин нест, ки танҳо арбоби дониш панд мепазиранд»).

Сипас Имом дар ҷавоби саволи шогирдаш, ки мепурсад: – Баъзе мардум дида мешаванд, ки мегӯяд, дар мавзӯоти Каломӣ мудохила накунед, зеро ёрони Паёмбар (с), ба ин кор даст назадаанд. Эшон ба шахсе мемонанд, ки дар наҳри бузурге қарор доранд ва наздик ба ғарқ шудан ва аз роҳи наҷот бехабар бошад ва шахсе ба вай бигӯяд: – Дар ҷои худ собитқадам бош ва дар ҷустуҷӯи роҳи наҷот машав, пас чи бояд гуфт?

Имоми Аъзам (р) мегӯяд:.

Фикр мекунам, ки ба қисмате аз уюби эшон мултафит шудаӣ ва метавонӣ дар муқобили онҳо иқомаи хуҷҷат намоӣ вале, агар бигӯянд:

– Оё наметавонӣ монанди ёрони Паёмбар (с) бошӣ?! Бигӯ (!), дуруст аст, машрут (шартшуда) ба ин, ки шароити муҳити ман ва онҳо шабеҳ бошад. Дар ҳоле, ки мо бо касоне мувоҷеҳ мебошем, ки бар мо таън мегӯянд, ва хуни моро ҳалол мешуморанд. Пас мо ҳақ надорем, бо ҳақ ва ботил ошноӣ надошта бошем ва аз худ ва обрӯи худ дифоъ накунем.

Вазъи асҳоб (разиаллоҳум) шабеҳи мардуме аст, ки душман дар муқобили эшон қарор надорад, лизо ба доштани аслиҳа мукаллифияте надоранд, вале мо бо душмане муқобил мебошем, ки аз таън ва рехтонидани хуни мо дареғ намекунад». 47,140.

Аз тарафи дигар, агар инсон забони худро аз мудохила, дар илми калом контрул битавонад, қалби худро таҳти идора оварда наметавонад, зеро дили вай маҷбӯр аст, яке ва ё ҳарду фирқаи мутахолифро ба назари бад бингарад, зеро ҳардуро пазируфта наметавонад ва чун дили инсон ба назарияи ботиле мутамоил шуд, ба аҳли он низ алоқаманд мешавад ва дар натиҷа аз зумраи эшон ба шумор меравад. Агар қалбан ба ҳақ тамоил ёбад, аҳли онро низ дӯст медорад ва аз қатори эшон маҳсуб мегардад, зеро таҳқиқи аъмол ва калом танҳо аз тариқи илм сурат гирифта ва аз ҳамин ҷост, ки касе, ки ба забон мӯъмин буда, аммо қалбан имон надошта башад, назди Худованд мӯъмин шумурда намешавад (аз рӯи мазҳаби ҳанафӣ) ва онки қаблан мӯъмин буда, аммо ба забон иқрор накарда, мӯъмин аст… 47-141.

«Аз хусусиёти ин рисола ин аст, ки Имом дар чандин ҷо дар бораи масойили каломӣ, ба қиёс истидлол намуд, аз он ҷумла масоилотест, ки:

Аввал: «- Имон ғайри амал аст, зеро мӯъминон аз нигоҳи имон, ба Худо намоз мегузоранд закот медиҳанд, «Ҳаҷ» мекунанд ва ба зикри Худо мепардозанд ва чунон нест, ки аз нигоҳи намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ ба Худо имон оваранд. Онҳо нахуст имон меоварданд ва баъдан амал мекунанд.

Пас амали онҳо ба фаройиз ношӣ, аз имон ба Худо буда ва имон ба Худо ношӣ, аз амал, ба фаройиз нест…».

Дуввум: «-Имони мо монанди имони малоика аст, зеро имон бо амал мағойир (мухолиф) аст. Пас имони онҳо бо имони мо фарқе надорад, Зеро мо ҳам ба тамоми ончи малоика бадон имон овардаанд, аз қабили ваҳдонияти Парвардигор ва қудрати Ӯ (ҷ) ва амсоли он имон овардаем».

Имоми Аъзам (р) бештар ба пурсишҳои шогирди худ Абӯмуқотил, ба баёни, мавзӯот шурӯъ кардааст. Аз ҷумла мегӯяд Абӯмуқотил:

«Ба ончи гуфтед пай бурдам, бисёр накӯ гуфтед. Вале мехоҳам дар шарҳу тавзеҳи яқин ва хавфу ҷуръати мо ва фариштагон, аз тариқи қиёс рӯшанӣ афганед, зеро шахси бедониш, ки алоқаманд аст, оқибат кореро бадон, агар аз роҳи шарҳу тавҳези Шумо ба матлаб пай набарад, аз тариқи қиёс ҳатман ба он пай мебарад?

«Имоми Аъзам (р) дар ҷавоби шогирдаш мегӯяд: «-Дар бораи қиёс бисёр хуб фикр кардӣ ва бояд касе, ки мехоҳад аз нигоҳ ё худ аз тариқи музокира ба донистани розе муваффақ шавад, дар сурате, ки музокираи муфид воқеъ нашавад, даст ба домони қиёс бизанад. Бояд донист, ки қиёс назарияи ҳақро барои толиби ҳақ исбот мекунад ва қиёс назири шоҳидони одил аст, ки соҳиби ҳақ ба ғарази исботи ҳақ иқома менамояд. Агар ҷоҳилон аз ҳақ мункир намешуданд, донишмандон ба қиёс ва муқоиса маҷбурият надоштанд (Ва агар тиҳимағзони мазоҳибу равия ва фирқаҳои дигар ба маънои ин ҳарфҳои Ҳазрати Имоми Аъзам (р) сарфаҳм мерафтанд ба ӯ ҳеҷ гоҳ тӯҳмати хушк намекарданд ва «Имоми Аъзам доим ба қиёс амал мекунад» намегуфтанд. С.Б.Б).

Мисли ин, ки мепурсӣ: «-Чаро бо вуҷуди мусовоту адами тафовут байни яқини мо ва яқини фариштагон ва хавфи онҳо нисбат ба хавфи мо бештар аст? – Посухи ин савол аз тариқи қиёс чунин аст, ки имкон дорад, ду нафаре фанни оббозиро хуб баладанд ва дар ин фанну ҳунар бо ҳам баробар бошанд, вале чун ба назди як дарёи хурӯшоне мерасанд, ҷуръати яке нисбати дигарӣ камтар бошад. Ва ё ду нафар аз як навъи мараз (беморӣ) шикоят доранд ва ба ҳарду як навъ давои талх тавсия мешавад, вале дар нӯшидани он талхдору ҷуръати яке нисбат ба дигарӣ бештар мебошад».

Манзури Ҳазрати Имом (р) аз ин қиёсҳо ин аст, ки эроди қиёс дар масойли каломӣ сабаби тафҳим (фаҳмонидан)-и комил шуда метавонад, зеро мутазаммин (дар бар доранда)-и ташбеҳи маъкул ба маҳсус (ошкоро) ба ғарази тавзеҳи маҳсус (дар инҷо ба маънии маъқул, ва ё ба ҳис дарёфташуда) аст ва исботи мавзӯи каломӣ, ба василаи қиёс бо исботи он ба Қуръон ва Ҳадис мунофот (хилофи ҳам будан) надорад ва ақл ба тавзеҳи матолиби назарӣ ва такриби он ба фаҳм қудрат дорад.

Саввум: Шогирди Имоми Аъзам (р) зимни баҳс, роҷеъ ба умеди омӯрзиш (мағфират, яъне, бахшойиши Худованди Карим дар мавриди гуноҳи бандагон, алалхусус пас аз марг, С.Б.Б).-и ҳаргуна гуноҳ, ба истиснои ширк мепурсад, ки оё фикр мешавад, ки Худованд қотилеро биёмӯрзад, вале касеро, ки як мартаба ба номаҳрам ба назари шаҳват нигариста, азоб кунад?

Имоми Аъзам дар ҷавоб гуфт:

«-Агар Худованд қотилеро биёмӯрзад, назаркунанда (ба номаҳрам) сазовортар барои ин омӯрзиш аст. Ва агар назаркунандаро азоб намояд, қотил сазовортар барои ин азоб аст, зеро Худованд мефармояд»:

«Инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум» (Яъне: Ба дурустӣ гиромитари шумо назди Худованд парҳезгортари шумо аст») Ва назаркунанда, ки муртакиби қатл нашуда бошад, нисбат ба қотил парҳезгортар аст ва ончи дар бораи умедвории онҳо гуфтаниӣ, ба ақидаи ман (Имом Абӯҳанифа разиаллоҳ) ин умед дар ҳарду нафар яксон нест. Зеро умеди соҳиби гуноҳи кӯчак нисбат ба умеди муртакиби гуноҳи кабира бузург ва қавитар аст… 47-144. Чаҳорум:

«Дар ин қисмат шогирд аз Имоми Аъзам (р) мепурсад, ки байни пайравони мазҳаби ҳақ, дар қисмати қазоват, роҷеъ ба аҳли Қибла, аз нигоҳи фазилат фарқ ҳаст ё хайр? Имоми Аъзам (р) посух медиҳад, ки:

«- Албатта, назариёти аҳли Ҳақ дар бораи эҳтироми авомир ва навоҳии Худованд муттаҳид аст, вале аз нигоҳи илм ва истидлол, дар ин таъзим ва таҳаммули мушкилот ва шиддати эҳтимом, ба салоҳи мардум ва баҳс, аз таъзими арзишҳои эшон ва дифоъ аз он, байни онҳо фарқ мавҷуд аст.

Монанди як теъдод аскар, ки дар муқобили душман қарор медошта бошанд ва ҳадафашон ва мавқуфи эшон яке буда, аммо дар байни эшон, аз нигоҳи дониш ва ошноӣ, ба таҷрибаи ҷангӣ ва истеъмоли силоҳ ва мол ва ташвиқи мардум, ба ҷанг фарқ ва тафовут мебошад…».

Панҷум: «Имоми Аъзам (р) дар бораи ин, ки: Мӯъмин душмани Худо шумурда намешавад, гарчи муртакиби ҳаргуна гуноҳ бошад, машрут (шартшуда) ба ин, ки ақидаи тавҳидро тарк нагӯяд, чунин истидлол меварзад «Душман аз душмани хеш нафрат медошта бошад ва мекӯшад ба вай зиёне бирасонад, аммо мӯъмин бо вуҷуди иртикоби гуноҳони бузург, бо Худованд, нисбат ба ҳама чиз муҳаббати бештар дошта ва ҳатто агар ба вай гуфта шавад, ки ба Худованд қалбан дурӯғ бибандад, ва ё худро ба оташ бисӯзонад, дуввумиро ихтиёр хоҳад кард». 47-145.

Шашум: Шогирди Имоми Аъзам (р) мепурсад:

Оё инсон ба коре, ки аз он метарсад иқдом мекунад?

Имоми Аъзам (р) дар ҷавоб мегӯяд:

«- Мумкин аст инсон ба коре, ки сабаби зарар мешавад иқдом кунад, чун хӯрдани ғизо, нӯшидани музарр (нӯшиданиҳои зараровар), даст задан ба ҷанг, мусофират бо киштӣ ва амсоли он ва агар дар ҷанг ва мусофират ӯ умеди наҷот надошта, ҳаргиз ба он иқдом нахоҳад кард». 47-145.

Ҳафтум. Имоми Аъзам (р) роҷеъ ба фарқи байни  куфр ва гуноҳ мегӯяд:

«-Куфр аз худ исм ва тафсир дорад. Мафҳуми куфр инкор ва дурӯғ пиндоштан аст, зеро «куфр» дар арабӣ ба маънии инкор аст ва Қуръон ҳам ба лисони арабӣ нозил шуда аст. Барои тавзеҳи ин матлаб метавон мисол овард, ки: Шахсе бар зимаи дигаре дин дорад ва аз вай тақозои таъдия мекунад, мадюн ба дин эътироф менамояд, аммо ба таъдияи он тан намедиҳад, ин вазъи ӯ инкор гуфта намешавад, балки итлоқи таъхир бар он мешавад ва агар аслан аз дини вай  мункир шуд итлоқи инкор дуруст ва аз таъхир беҷо аст. Ҳамчунон, мусалмон вақте фарзро тарк мекунад, аммо аз он мункир намешавад гунаҳгор аст ва агар аз он инкор варзад кофир ва мункир аз фаройизи Худованд шинохта мешавад». 47-146.

Имоми Аъзам (р) дар ҷои дигар ба мавзӯи инкор ва куфр тамос мегирад ва пас аз он, ки як андоза ба ақоиди яҳӯдӣ ва насорӣ рӯшанӣ меандозад, мегӯяд:

«Агар шахсе гӯяд: -Медонам, ки Худованд ҳақ аст, вале ақида надорам, ки инсон махлуқи Ӯ(ҷ) аст, мо ӯро дурӯғгӯ мешиносем, зеро агар воқеан ба вуҷуди Худо олим бошад, бояд ба ин ақида низ мӯътақид бошад, ҳар чизи мосавоӣ (ба ғайр; мавҷудот ва махлуқот)-и Ӯ (ҷ) махлуқи Ӯ (ҷ) аст, Ва ин мавзӯъ бад он мемонад, ки инсон оташи бузургеро, ки дар пешоруйи дидагонаш афрӯхта шуда набинад вале, чароғи кӯчакеро дида битавонад ва агар касе чунин иддаъо мекунад дурӯғгӯ аст, зеро агар воқеъан чароғро дида метавонад, барои дидани оташи фурӯзон кудрати бештар хоҳад дошт». 47-146.

Ҳаштум: Дар ин қисмат Имоми Аъзам (р) ирҷоъ (яъне, ҳамовойӣ) -ро чунин тафсир мекунад: «Ирҷоъ нахуст аз тарафи фариштагон ба миён омада, зеро вақте Худованд ҳама ашёъро ба эшон арза кард ва фармуд:- «Аз ин чизҳо ном баред!»

Фариштагон тарсиданд, ки мабодо шитибоҳ кунанд, лизо тавфиқ намуда; гуфтанд: «Субҳонака ло илма лано илло мо илматно» (Яъне: «Покӣ аст мар туро, илм надорем ҷуз ба ончӣ ба мо омӯхтаӣ!) Ва монанди аҳли бидъат нашуданд, ки вақте аз эшон роҷеъ ба коре намедонанд, пурсида мешавад, бебокона сухан мегӯянд ва ҳарфи онҳо агар дуруст набошад табъан хатокоранд ва агар дуруст бошад, боз ҳам вазъи онҳо қобили ситойиш нест, зеро қазовати эшон муттакӣ ба илм намебошад ва аз ҳамин ҷо аст, ки Худованд фармуда: «Вало тақаф мо лайса лака би ъилми!». (Яъне: Ва дар пайи чизе мабош, ки онро намедонӣ»!). Ва пас аз тафсири ин ояти шариф мегӯяд:

«-Тафсири ирҷоъ (дар охири ин вожа на «ъ»-айн, балки ҳамза аст,» ба маънии ҳамово, С.Б.Б.,) ин аст, ки мисли ду гурӯҳ, ки ба кори нек машғуланд ва пас аз муддате ба ду дастаи мутафарриқ ва бо ҳам дохили ҷангу мубориза шуда ва ҳатто аз қатли якдигар дареғ накарданд, вале баъд аз чанде боз ҳам тафриқаро яксӯ гузошта, ба ҳамон вазъи собиқ бармегаштанд. Ин фирқа дар ҳоли ихтилоф як теъдод аз ҳамдигарро ба қатл расониданд ва чун аз эшон пурсида шавад, ҳар фирқа худро мазлум нишон дода, бори гуноҳро ба дӯши муқобил андозад ва ҳеҷ як аз ин ду фирқа шоҳид ва гувоҳе надошта бошанд ва шаҳодати эшон бар якдигар низ қобили қабул нест, зеро душмани якдигаранд ва низ возеҳ аст, ки ҳарду ҷонибро наметавон ҳақ ба ҷониб шумурд, зеро ба қатли якдигар иқдом кардаанд. Пас бояд ҳарду ҷониб ва ё яке, ба сурати ҳатмӣ гунаҳгор шумурда шавад». 47.-147.

Нуҳум: «Шогирд аз Имоми Аъзам (р) мепурсад:- Агар инсон аз чизе метарсад ва ё ба манфиати он умедвор мебошад, оё ин хавф ва раҷоъ мӯҷиби куфри вай мегардад?

Имоми Аъзам (р) дар ҷавоби вай мегӯяд:

«-Хавф ва раҷоъ, ба ду навъ аст, яке инки инсон аз чизе метарсад ва ё ба он умед дошта бошад, аммо онро бидуни амру иродаи Худованд ба сурати мустаъқил масдари нафъ ё зарар пиндорад, ин навъи хавф ва раҷоъ куфр аст ва агар инсон фоъили аслии нафъу зарари Худовандро медонад ва шаъйи мавриди назарро сирф ба ҳайси васила ва сабаб мешиносад, ин ақида куфр нест. Чунончи, падар аз фарзанд умедвори кӯмак ва дифоъ аст. Ва инсон аз чаҳорпо таваққуъи бардоштани борро мекунад ва ҳамсоя аз ҳамсоя умеди некӣ менамояд ва ё аз аскар, умеди ҳимоя ва дифоъ, аз Ватан мешавад ва инсон ба ҳамчунин умедвориҳо кофир намешавад. Зеро аслан умеди ӯ мутаваҷҷеҳи Худованд аст. Инсон маблағ барои даво сарф мекунад, ба умеди инки Худованд онро сабаби шифо гардонад, пас наметавон бар вай ҳукми куфр кард ва ё масалан аз шарр мегурезад, то Худо аз зарари он маҳфузаш дорад, ки ин пиндор куфр нест». 47-147.

«Ҳамчунон Имоми Аъзам (р ) барои исботи матолиби хеш далойили возеҳу оммафаҳмро интихоб намуда ва аз далойили печида ва ғомиз (душворфаҳм) сарфи назар карда, зеро вай дар садад буд то масойили ғомизи каломиро осон гардонад ва ин кор ҷуз бо равише, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) пеш гирифта, имкон надошт. Ва аз тарзи сӯҳбати вай маълум мешавад, ки тарафи сӯҳбати ӯ мардуме аст, ки ақойиди муташобеҳ доранд ва ба савияи донишу фаҳмиши онҳо сӯҳбат мекунад ва аз тарзи истидлоли ӯ ҳувайдо аст, ки дар масойили мавриди баҳс тавре дастрас дошта, ки ҳатто мардуме, ки дорои фаҳм ва идроки ҷузъӣ буданд низ аз ифодаҳои ӯ истифода карда метавонистанд». 47-148.

Бале, чунин тарзи гуфтор ва сабке, ки тавассути баёни матолиби Имоми Аъзам (р) ба назар мерасад, шаҳодат бар ин аст, ки ӯ воқеан ҳаким ва доиратулмаорифи асри хеш буда аст, ки аз тамоми илмҳои пешрафтаи замони хеш, аз ҷумла Қуръон, Ҳадис, илм-алкалом, мантиқ, фалсафа, ҳандаса, табииёт, тиб, забони арабӣ ва забони аждодиаш тоҷикӣ-форсӣ, илми фиқҳ, ситорашиносӣ, ойини суханварӣ, равоншиносӣ, тиб, мантиқ ва ғайра ба хубӣ огоҳ будааст. Масойили мушкилро бо тамоми паҳлӯҳояш, бо ифодаҳои соддаву оммафаҳм ва басо саҳеҳ баён намудан ин худ як устодист, дар ойини суханварӣ ва усули равоншиносӣ ва воизӣ.

Сабаби асосии чунин сабку усули таълимотро пеш гирифтани Имоми Аъзам (р) ҳам аз он иборат аст, ки ӯ намехост, ки халқ гумроҳ-шаванд ва дар оқибати кор ба тӯдаҳои мухталиф пош хӯранд (мисли имрӯза фирқаҳои толибон, халафию таҳрир ва ғайра, ки ҳама аҳли риёанд ва бе бунёд) ва ба ҷои фоида, зарар ба дини Исломи мубин оранд, ва ғарқи гуноҳ шаванд. Ҳазрати Имоми Аъзам (р) бо таълимоти прогрессивӣ, демократӣ ва башардӯстонаи хеш мактаберо дар роҳи илми калом асос гузошт, ки миллионҳо қавму қабила ва халқияту миллиатҳои гуногуни ақсойи оламро ба ҳам муттаҳид сохт. Ва барҳақи башорати Расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам («Ӯ чароғи уммати ман аст») Ҳазрати Имоми Аъзам (р) бо таълимоти пурфурӯғ ва ҷовидонсабзи хеш дар партави Қуръон ва Ҳадис 1310 сол ба ин ҷониб роҳи миллионҳо мусалмонони рӯи оламро мунаввар кардаву мекунад. Зиҳӣ, эй марди форсиасл, зиҳӣ эй роздони Ҳаққу ҳам як бандаи солеҳ, зиҳӣ, эй фахри Пайғамбар (с), зиҳӣ, эй қозии Он қозиюлқуззоти рӯзи «Ҳашр» зиҳӣ -Эй Бӯҳанифа Ҳазрати Нӯъмон (р).

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …